Пт11222024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИФТИХОР

80 БАҲОРИ УМР

«Дили ятимону мискинонро ба даст овардан баробар ба ҳаҷҷи Акбар буда, парасторӣ ва нигоҳубини шахсони муҳтоҷ аз савобтарин амалҳост. Худованд накӯкорон ва шахсонеро, ки аъмоли шоиста анҷом медиҳанд дӯст медорад ва ҳар фарде, ки дасти сахову эҳсон дорад, умраш зиёда мегардад, кораш пешрав ва баракати хонадонаш афзун мешавад»                                                

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН.

Нияти бо холаи Савлатмоҳ вохӯрдану сӯҳбат карданро чанд вақт боз дар дил доштам. Медонистам,ки ӯ духтари собиқ котиби райком, инсони донишманду соҳибэҳтиром, он марде, ки тамоми ҳаёти худро пайи ободии диёри Файзобод сарф карда буд Табар Салимзода мебошад. Ва медонистам, ки Савлатмоҳ-хола аз ду хонадоршавӣ бо ҳукми талхи тақдир соҳиби фарзанд нашудааст. Бо ҳамсари дуюмаш чил сол зиндагии ширин карда панҷ нафар фарзандони ӯро калон намуда пайи бахташон кардааст. Баъди вафоти мӯйсафедаш ҳарчанд ӯро фарзандони калонкардааш ҳурмату эҳтиром мекарданд ба хонаи падарии худ, ки писари Муродалии бародари ҷавонмаргаш Маҳмадалӣ бо аҳли оила зиндагӣ мекард баргашт. Ва муддати қариб 11 сол аст, ки ин ҷо зиндагӣ ихтиёр намуда бо вуҷуди талхиҳои ҳаёту гарониҳои бори пирӣ бардаму побарҷо аст. Бо хола сари дастурхони наврӯзие, ки келини хонадон Фотимахон ороста карда буд, сӯҳбат мекунем.

-Духтарам, вақте сину соли одамӣ ба пирӣ мерасад, чун тифл нозуку бо шунидани як сухани андаке дурушт озурдадил мешавад. Шукронаи Маҳмадалиҷону ҳамсараш, бонуи ҷаннатӣ Фотимаҷон ва фарзандонашро мекунам, ки маро хоршавию лаҳзае зиқшавӣ намемонанд. Куҷое наравам то омаданам келин ҳиссаи маро барои эҳтиром гирифта мемонад. Ё ин ки интизорӣ мекашад, ки кай ман меоям. Лек гоҳ-гоҳ зиқ мешавам. Дилам мехоҳад, ки ман барин модарони танҳоро зуд-зуд аёдат намоянд, аз ҳолу аҳволамон бохабар шаванд. Ҳарчанд аз ягон чизи дунёи камбудӣ ҳам надошта бошем.

-Аммаам зани ҳунарманд аст. То ҳанӯз чаққону дастбакор. Ҳунари кӯрпадӯзӣ, гулдӯзӣ дорад. Кадбонуи ба дасту панҷа асту бо файзу баракат. Махсусан дар рӯзҳои наврӯзӣ пухтани суманаку далдаю ширкадую шиловаю дигар таомҳои наврӯзиро дӯст медорад, мегӯяд Фотимабону.

-Мо мегӯяд, Савлакатхола солҳои пеш Иди Наврӯзро иди Сари Сол мегуфтем. Ёд дорам, ки ба хотири падари бузургворам хонаамон ҳамеша сермеҳмон буд. Ёру дӯстони падарам аз ҳар гӯшаи Тоҷикистон омаду рафт мекарданд. Модарам дар рӯзҳои Сари Сол миёни ҳавлиамон дар дегҳои калон далдаю суманаки дегӣ мемонд. Ба деги суманакаш чормағз меандохт, ки хеле хушлаззат мегардид ва таърифи лаззати онро то ҳол мекунам. Модарам то косаи охирин далдаю суманакро пеши меҳмонон мегузошту ба ҳаққу ҳамсояҳои гузар тақсим менамуд. Ва мегуфт, ки савоби таомҳои сарисолӣ зиёд аст. Мо духтаракони қадраси гузар дар бар куртаҳои гулдӯзӣ (пеш чаканро ҳамин хел мегуфтанд) аз навдаҳои сарсабзу шукуфтаи дарахти бед ба кокулонамон ҷамолак мебастем. Шодону хандон болои бомҳо баромада дойра мезадем. Гули сиёҳгӯш дар баногӯш рақс мекардем. Санчиқилбозию ҳойравӣ менамудем. Хулоса, иди Сари Сол барои мо азизтарину дӯстдоштатарини идҳо буд. Мо аз хола ба ёд овардани ягон суруди наврӯзиро мекунем:

Биё, Наврӯз, бар ҷонам асар кун,

Ниҳоли умри манро пурсамар кун.

Ба ман бахшой айёми ҷавонӣ,

Сурури синаамро пуршарар кун…

бо лаҳни ширини маҳаллӣ хоҳиши моро ба ҷо оварда дуо мекунад: «Таманнои мани солхӯрда сари ин дастурхони наврӯзӣ ободию осудагии мардуми кишварамон аст. Бигузор хушҳолиҳои наврӯзӣ, нуру зиё дар хонадони ҳар яки мо ҳукмрону дастурхонамон пурфайз бошад».

М. ТАҒОЕВА, хабарнигори «НФ».