ТИБ
СОЛИМИИ КӮДАКОН АЗ МО ВОБАСТА АСТ
- Подробности
- Опубликовано 28.04.2016 21:59
Масъалаи ҳифзи саломатии аҳолӣ, бахсус кӯдакон дар ҷомеаи имрӯза хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли гузашта ба Маҷлиси Олӣ қайд намуд, ки дар қаламрави кишвар қариб ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18-сола ҳаёт ба сар мебаранд, ки зери ҳимояи давлат қарор доранд. Сабаби зиёд шудани кӯдакони маъюбро Президенти кишвар аз никоҳи хешутаборӣ, инчунин аз волидайни гирифтори нашъамандӣ донистанд. Ин вазъият дар ҳоле ҷой дорад, ки аз тарафи давлат ҷиҳати таваллуд ва ба воя расонидани насли солим чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Бар замми ин ҳоло ҳам ҳастанд ҳолатҳое, ки ба вайрон гардидани ҳуқуқи кӯдак ва ҳифзи саломатии ӯ сабаб мешаванд.
ТАБИБОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
- Подробности
- Опубликовано 22.01.2016 09:10
Мо кормандони беморхонаи марказии ноҳия қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» - ро ҳамчун хизматҳои таърихии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди миллат медонем. Аз Пешвои миллат эълон шудани Президенти мамлакат бисёр хурсанд ҳастем, чунки ӯ ба ин унвон сазовор мебошад. Ҷангҳои шаҳрвандие, ки дар кишвари мо рух дода буд, Ҷаноби Олӣ бо тамоми сахтиҳо ин ҷангро ба сулҳ табдил доданд.
КАСАЛИИ АСКАРИДИОЗ
- Подробности
- Опубликовано 16.09.2015 15:47
Аскаридиоз касалии паҳнгаштаи рӯйи замин мебошад ва дар рӯйи замин паҳн мегардад. Барангезандаи аскаридиоз одами бо аскариус сироятгашта мебошад. Кирми аскаридаро бо кирмҳои гирд мансуб медонанд ва аз дигар кирмҳо фарқи калон дорад. Аскаридаи модина қисман калон гашта аз 25 то 40 см мешавад. Аскаридаи нарина бошад, аз 15 то 25 см зиёд нест. Кирми аскарида дар рӯдаи борик умр ба сар мебарад ва ба воситаи наҷосат ба берун мерезад.
БОТУЛИЗМ
- Подробности
- Опубликовано 22.01.2016 08:58
Ботулизм бемории ниҳоят вазнини хатарнок барои ҳаёт буда, ба системаи асаб зарар мерасонад ва дар аксар маврид бо марг анҷом меёбад.
Ботулизм ин заҳролудшавиест, ки аз нейротоксини ботулинӣ ба амал меояд. Токсин (заҳр)-и ботулинӣ ба бадани одам тавассути ғизои сироятёфта меафтад. Сироятёбӣ ба бемории ботулизм ҳангоми истеъмоли хӯришҳои сироятёфтаи сабзавотӣ (бештар аз помидор, бодиринг, боимҷон) ва ба занбӯруғҳои дар шароити хона консервакунонидашуда ба амал меояд.
БА ҶОИ ЧИНОР – ДАРАХТИ МЕВАДОР
- Подробности
- Опубликовано 07.09.2015 15:00
Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ягона кишварест, ки табиаташ аз дарахти чинор бой мебошад. Шояд даврони шӯравӣ чунин талабот ба миён мегузоштааст, ки дар марказҳои аҳолинишин, хусусан шаҳрҳо, қад – қади роҳҳои мошингузару одамгузар бештар чинор мешинониданд. Чанд сол пеш кӯчаи марказии пойтахти Тоҷикистони азизамон шаҳри Душанбе чанористон буд. Имрӯз ҳам аз ин чанорҳо хурду калон боқӣ мондааст. Ин вазъро дар шаҳраки Файзобод ҳам мушоҳида мекунем. Хушбахтона, чанд сол пеш ҷойи чинорҳои азимро дарахтони сояафкан ишғол кардаанд. Ва мебинем, ки қариб 50 дар сади чинорҳо ба арчаю сӯзанбарг иваз шудаанд. Худо хоҳад, пас аз ду – се соли дигар чинорҳои ду ҷониби роҳи маркази ноҳия ҷойи худро пурра ба дарахтони ҳамешасабз медиҳанд.
БЕМОРИИ ОБИ МАРВОРИД
- Подробности
- Опубликовано 13.10.2015 10:38
Истилоҳи «Глаукома» гурӯҳи калони бемориҳои чашмро ифода менамояд, ки ҳангоми хуруҷи он доимо ё муваққатан фишори дохилии чашм баланд шуда, оқибат ба тангшавӣ ва пайдошавии нуқсонҳои хоси майдони биноиш, пастшавии тезии биноиш, атрофияи глаукоматозии давраи асаби босира ва ниҳоят ба нобиноӣ оварда мерасонад, ки дигар табобатнашаванда аст.
Сабаби асосии баландшавии фишори дохилии чашм ин вайроншавии ихроҷи моеи дохили чашм аз кунҷи ҳавзаи пеш ва дар баъзе мавридҳо зиёдшавии секретсияи моеи дохилии чашм мебошад.
ТОБИСТОН-АВҶИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ
- Подробности
- Опубликовано 23.06.2015 12:01
Бо фаро расидани фасли гармо зиёд шудани талаботи аҳолӣ нисбати об ва меваю сабзавотҳо хурӯҷи бемориҳои шадиди сироятии меъдаю рӯдаҳо ба амал меояд. Касалии домана аз ҷумлаи бемориҳои сироятӣ мебошад.
Домана чист? Домана бемории хатарноки сироятӣ дар ҳаёти одам аст. Паҳнкунандаи домана микроби салмонелаҳо мебошад, ки ба муҳити атроф тавассути фазла (ахлот), пешоб, оби даҳони бемор, қайди бемор ва одамони пеш ба ин беморӣ гирифторшуда, ки микробро аз худ хориҷ мекунад, паҳн мешавад.
ДАСТОНИ ШИФОБАХШ
- Подробности
- Опубликовано 21.09.2015 16:19
Абдуҳалим Шокиров бисту се соли умри бобаракти хешро баҳри тансиҳатии мардуми диёр сарф карда, даҳҳо нафар аз дастони шифобахши ӯ сиҳат гаштаанд. Ӯ пас аз хатми Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ваҳдат ба ҳайси табиби масҳгар ба беморхонаи марказии ноҳия ба кор омад. Имрӯзҳо ба дармонгоҳи нави тиббии ноҳия даҳҳо бемороне, ки ба бемории буғумдарду пўст ва асаб гирифторанд, ба назди Абдуҳалим Шокиров омада, табобат мегиранду дар ҳаққаш дуои нек мекунанд. Банда ҳам ба бемории буғумдарди дасти рост гирифтор шудам.
ХАНДАИ БАХТИ БАХТИНИСО
- Подробности
- Опубликовано 12.05.2015 10:09
Бо ӯ қариб ҳар пагоҳӣ вомехӯрам. Шитоб дорад сӯи коргоҳи худ. Бо чеҳраи кушодаю хандаи зебои ба худаш хос бо худиҳо салому алейк карда ҳол мепурсад, он қадар самимонаю хоксорона, ки гумон мекунӣ хеши наздике бошӣ. Кист ӯ? Бахтинисо Шогунова зодаи Бадахшони биҳиштӣ, ки аёми кӯдакию наврасиаш он ҷо гузашта, аз обҳои мусаффою чашмахои ҷонбахш нӯши ҷон карда, аз ҳавои сафобахши кӯҳсоронаш нафас кашида, аз волидайни маърифатпарвараш беҳтарин рафтору одоби инсонӣ, назокату ҳунарҳои хоси занонаро омӯхта, аз устодони донишманди мактаби деҳаи Барӯшони ноҳияи Рӯшон донишу савод аз бар карда, баъди хатми мактаби миёна бо дили пур аз орзую ҳавас роҳ пеш гирифтааст ба шаҳри Душанбе.