Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ТИБ

КАСАЛИИ АСКАРИДИОЗ

Аскаридиоз касалии паҳнгаштаи рӯйи замин мебошад ва дар рӯйи замин паҳн мегардад. Барангезандаи аскаридиоз одами бо аскариус сироятгашта мебошад. Кирми аскаридаро бо кирмҳои гирд мансуб медонанд ва аз дигар кирмҳо фарқи калон дорад. Аскаридаи модина қисман калон гашта аз 25 то 40 см мешавад. Аскаридаи нарина бошад, аз 15 то 25 см зиёд нест. Кирми  аскарида дар рӯдаи борик умр ба сар мебарад ва ба воситаи наҷосат ба берун мерезад. Ва боз бо роҳҳои гуногун ба организмҳои инсон дохил мегардад. Роҳҳои паҳншавии аскарида гуногунанд. Ҳаво, чанг, хок ва бо дастҳои нашӯста ба организми инсон дохил мешавад. Аскридаҳо асосан ба одамон ба тухмашон сироят карда дар организми инсон аз 15 рӯз то 8 моҳ ва зиёдтар зиндагӣ мекунанд. Аскаридаҳо бо роҳҳои паразитӣ ё муфтхӯрӣ одат карда дар организми инсон инкишоф меёбанд. Кирмҳои аскарида дар рӯдаи борик ҷой мегиранду ва шираи маҳлули рӯдаро истеъмол мекунанд ва организмро ба лоғарӣ, дилбеҳузуркунӣ, сардардӣ ва беҳушӣ оварда мерасонанд. Ба касалии аскаридиоз асосан кӯдакон мубтало мегарданд. Дар вақти кӯдак ба ин касал  гирифтор шунадаш, дар он аломатҳои бехобӣ, ҳардамхаёлӣ, бемадорӣ, камхунӣ оварда мерасонад. Кӯдак дар вақти хобаш бо дандонҳояш ғиҷиррос мезанад ва оби даҳонаш дар бистари хобаш мерезад. Аскаридиоз табобатшаванда мебошад. Ҳангоми мушоҳидаи чунин аломатҳо ҳатман ба духтур муроҷиат карданро фаромӯш накунед. Инчунин ба наздикӣ дар ноҳия маъракаи бекирмгардонии кӯдакон гузаронида мешаваду ба кӯдакон бар зидди кирмҳои аскарида дору хӯронида мешавад. Аз падару модарон хоҳиш карда мешавад, ки ҳатман доруҳоро ба кӯдакон хӯронанд, то ки ба чунин касал мубтало нагарданд.


                    Ғ.ҒАФФОРОВ, духтур.