Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ТИБ

БЕМОРИИ ОБИ МАРВОРИД

Истилоҳи «Глаукома» гурӯҳи калони бемориҳои чашмро ифода менамояд, ки ҳангоми хуруҷи он доимо ё муваққатан фишори дохилии чашм баланд шуда, оқибат ба тангшавӣ ва пайдошавии нуқсонҳои хоси майдони биноиш, пастшавии тезии биноиш, атрофияи глаукоматозии давраи асаби босира ва ниҳоят ба нобиноӣ оварда мерасонад, ки дигар табобатнашаванда аст.
Сабаби асосии баландшавии фишори дохилии чашм ин вайроншавии ихроҷи моеи дохили чашм аз кунҷи ҳавзаи пеш ва дар баъзе мавридҳо зиёдшавии секретсияи моеи дохилии чашм мебошад.
Дар бисёр мавридҳо бемории мазкур ноаён пайдо шуда, инкишоф меёбад, ки дар ҳолати зикршуда бемор ягон ҳиссиёти ногуворро эҳсос намекунад ва ба духтур танҳо дар он ҳолат муроҷиат менамояд, ки сустии сатҳи биноишро пайхас мекунад. Танҳо дар 15 фоизи беморон аломатҳои воқеии пастшавии зиёди ҷараёни биноиш пайдо мешавад. Онҳо системаҳои эҳсоси дамиши чашм, дарди сар, пайдоиши ҳалқаҳои рангоранг дар гирди манбаи равшанӣ ҳангоми ба он назар кардан ва ғубор дар пеши назарро дар бар мегиранд. Ҳангоми хурӯҷи зуҳуротии шадид метавонад дилбеҳузуршавӣ ва қайкунӣ пайдо шавад, дардҳо бошанд, ба узвҳои дуртар паҳн мегарданд (дил ва атрофи шикам), ки баъзан сабабгори нуқсҳои дағали ташхисӣ мешаванд. Бемори бо роҳҳои зерин табобат мешавад. Бемор ҳангоми ба духтурони дигар муроҷиат кардан ҳатман аз гирифтории бемории оби марворид огоҳ намояд; бисёр асабонӣ нашавад ва дар як шабонарӯз 8 соат фароғат хоб кунад. Ҳангоми мутолиа набояд сарро бисёр хам намояд. Равшанӣ бояд нағз бошад. Бемор бояд аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худорӣ кунад. Дар ҳолати сахт дард кардани чашм зуд ба духтур муроҷиат намудан лозим. Агар духтур набошад, ба чашм ҳар 25-30 дақиқа маҳлули 1-2 фоизаи пилокорпин чаконидан тавсия мешавад. Инчунин давои исҳол қабул карда, пойҳоро дар тағораи оби гарм нигоҳ доштан лозим аст. Бемор бояд таомҳои ширӣ қабул кунад, хӯроки охиринро ду соат пеш аз хоб хӯрда, чойи кабуд нӯшад. Ҳангоми оббозӣ ба сар оби ҷӯш рехтан ва дар ҳамом бисёр истодан зиён дорад. Дар ҳавои гарм сари луч гаштан муқобили табобати глаукома аст.
Раҳоӣ ёфтан аз глаукома (оби марворид) ва умуман шифо ёфтани чашми шумо ба худи шумо ва сари вақт ба духтури чашм муроҷиат кардан вобаста аст.

Абдулҳафиз АШӮРОВ, духтури
чашми Маркази саломатии ноҳия.