Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ТИБ

ДАСТОНИ ШИФОБАХШ

Абдуҳалим Шокиров бисту се соли умри бобаракти хешро баҳри тансиҳатии  мардуми диёр сарф карда, даҳҳо нафар аз дастони шифобахши ӯ сиҳат гаштаанд. Ӯ пас аз хатми Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ваҳдат ба ҳайси табиби масҳгар ба беморхонаи марказии  ноҳия ба кор омад. Имрӯзҳо ба  дармонгоҳи нави тиббии ноҳия даҳҳо бемороне, ки ба бемории буғумдарду пўст ва асаб гирифторанд, ба назди Абдуҳалим Шокиров омада, табобат мегиранду дар ҳаққаш дуои нек мекунанд. Банда ҳам  ба бемории буғумдарди дасти рост гирифтор шудам. Барои муолиҷа муддати ҳашт рӯз дар назди ӯ табобат гирифтам. Ҳоло худро хело хуб ҳис мекунам, ҳини табобат аз муолиҷагирандагон мешунидам, ки дар ҳаққаш дуои нек мекунанд, ки ин аз ҳама мукофоти баланд барои шахси комил аст.


Ҳоким САФАРОВ.