Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ТИБ

ТАБИБОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Мо кормандони беморхонаи марказии ноҳия қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» - ро ҳамчун хизматҳои таърихии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди миллат медонем. Аз Пешвои миллат эълон шудани Президенти мамлакат бисёр хурсанд ҳастем, чунки ӯ ба ин унвон сазовор мебошад. Ҷангҳои шаҳрвандие, ки дар кишвари мо рух дода буд, Ҷаноби Олӣ бо тамоми сахтиҳо ин ҷангро ба сулҳ табдил доданд.
Дастгириву ғамхориҳои сарвари давлат ба ноҳияи мо зиёд аст. Шахсан мо табибон аз ғамхориҳои эшон бенасиб нестем. То ба имрӯз даҳҳо асбобҳои замонавӣ ва дигар лавозимот барои табобати беморон бо супориши сарвари давлат барои солимии сокинони диёр ба беморхона ворид гашт, ки ҳамаи ин аз бетаваҷҷуҳ набудани Ҷаноби Олӣ нисбат ба ҳифзи саломатии ҷомеаи Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Дар беморхонаи марказии ноҳия табибони соҳибтаҷриба кору фаъолият мекунанд. Онҳо қариб, ки ҳамаи ҷароҳиҳоро мегузаронанд ва агар лозим шавад мутахассисони ботаҷрибаи беморхонаҳои шаҳри Душанбе бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фавран ба ноҳия сафарбар мешаванд.
Аз ин лиҳоз ҳамагон бояд баҳри пойдории сулҳу ваҳдати Тоҷикистони азизамон камари ҳиммат баста ба қадри хизматҳои арзандаи Пешвои миллат бирасем.


Табибони беморхонаи марказии ноҳия.