ТИБ
ШИФОИ КӮДАКИ БЕМОР ЗЕБАД...
- Подробности
- Опубликовано 24.04.2015 09:17
Ба шоир хубии ашъор зебад,
Ба тоҷир гармии бозор зебад.
Вале дар зиндагӣ бар духтури тифл,
Шифои кӯдаки бемор зебад...
ШИРИ МОДАР САРЧАШМАИ ҲАЁТ
- Подробности
- Опубликовано 23.11.2014 21:30
Ҳамасола аз 1 то 10 август дар тамоми қаламрави ҷумҳуриамон рӯзҳои дастгирии синамаконӣ гузаронида мешавад. Аз он ҷумла дар ноҳияи мо ҳам имсол ин чорабинӣ таҳти шиори «Шири модар-сарчашмаи муваффақ шудан дар ҳаёт» дар сатҳи баланд доир шуд.
НЕКӢ КАРДАН ДАРСИ ПАДАРИ ӮСТ
- Подробности
- Опубликовано 23.11.2014 21:18
Чанд вақт пештар барои табобати дандонҳоям ба дандонпизишк Баҳриддин Мирзоев муроҷиат кардам. Ӯ маслиҳат дод, ки дандони комакӣ монам. Ва ин корро худаш бо нархи арзон ба ӯҳда гирифт. Ростӣ, давоми табобату дандонмонӣ чанд дафъае, ки назди ин духтур будам, муомилаю муносибаташ писандам омад. Ӯ корафтодаҳоро хуш қабул мекунаду бо меҳрубонӣ гусел менамояд. Ҳамин хислаташ водор намуд, ки аз кору бораш пурсон шавам.
НЕЪМАТИ БУЗУРГ
- Подробности
- Опубликовано 23.11.2014 21:23
Солиёни пеш дармонбахши беморон аслан табибони халқӣ ва муллоҳо буданд. Онҳо усулҳои гуногуни табобат, аз ҷумла дуохониву рӯҳфарорӣ, аловгардонӣ, бахшибонӣ, хӯрондани доруҳои аз гиёҳҳо омода шуда, маҳскунӣ, хунгирӣ, шикастабандӣ ва ғайраро, ки пушт ба пушт миёни мардум маъруфият дошт, истифода мекарданд.
ВОРИСИ СИНО БУДАН МАСЪУЛИЯТ АСТ
- Подробности
- Опубликовано 23.11.2014 20:57
Соли равон сокинони кишварамон 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд сазовор истиқбол хоҳанд гирифт. Боиси хурсандии мо, кормандони соҳаи тибби кишвараст, ки таҷлили иди касбиямон дар арафаи омодагиҳо ба ин санаи тақдирсоз рост омада истодааст. Аз инрӯ, мо, табибон вазифадорем,ки хизматрасониро ба мардум дар сатҳи баланд ташкил намуда, пайи саломатии сокинони диёр омода бошем. Бо ин мақсад 100 нафар духтурони баландихтисос, 332 нафар ҳамшираҳои тиббӣ пурсамар фаъолият намуда истодаанд.