Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ТИБ

НЕКӢ КАРДАН ДАРСИ ПАДАРИ ӮСТ

    НЕКӢ КАРДАН ДАРСИ ПАДАРИ ӮСТЧанд вақт пештар барои табобати дандонҳоям ба дандонпизишк Баҳриддин Мирзоев муроҷиат кардам. Ӯ маслиҳат дод, ки дандони комакӣ монам. Ва ин корро худаш бо нархи арзон ба ӯҳда гирифт. Ростӣ, давоми табобату дандонмонӣ чанд дафъае, ки назди ин духтур будам, муомилаю муносибаташ писандам омад. Ӯ корафтодаҳоро хуш қабул мекунаду бо меҳрубонӣ гусел менамояд. Ҳамин хислаташ водор намуд, ки аз кору бораш пурсон шавам.


Баҳриддин Мирзоев мактаби маркази ноҳияро хатм карда, тариқи квотаи президентӣ ба Донишкадаи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил мегардад. Соли 2004, пас аз гирифтани ихтисоси дандонпизишк бо роҳхати Вазорати тундурустӣ ба зодгоҳаш – ноҳияи Файзобод фиристода мешавад. Инак, 10 сол аст, ки хизмати мардуми диёрашро софдилона  ба ҷо меорад. Баҳриддин давоми кораш ба дарди садҳо нафар даво бахшида, ба чандин нафар ройгон дандон гузоштааст. Кормандони фарҳанги ноҳия Азиз Хоҷаев, Убайдулло Собиров, Абӯбакр Гулонов барои хизмати беминнат аз ӯ хеле миннатдоранд.
Ҳамсари Баҳриддин Мирзоев низ табиб буда, даҳҳо карат дуои неки корафтодаҳоро  гирифтааст.
ДандонпизишкБаҳриддин Мирзоев берун аз кори асосӣ ба таълимгирандагони омӯзишгоҳи тиббии ноҳия аз фани ботаника дарс медиҳад.
Бояд зикр кунем, ки некӣ кардан дар ҳаққи дардмандон дарси падари ӯст. Падараш талқин мекардааст, ки танҳо некӣ куну аз дилозорӣ даст шӯй.


Зариф СОБИРОВ, муаллими собиқадор, Аълочии матбуоти Тоҷикистон.