ТИБ
СИҲАТИИ МО ДАР ДАСТ ХУДИ МОСТ
- Подробности
- Опубликовано 25.02.2019 09:17
Яке аз масъалаҳои ташвишоваре, ки имрӯз дар соҳаи тибби кишварамон дар ҳоли паҳншавист, гирифторӣ ба бемории сироятии гепатити В, С, ВНМО (вируси норасоии масунияти одам) мебошад. Ин аст, ки дар паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъала таъкид карда шуд.
ЗАРДПАРВИН БЕМОРИИ ҶИДДИСТ
- Подробности
- Опубликовано 10.01.2019 10:40
Зардпарвин бемории сирояти буда, бо аломатҳои заҳролудшавии организм ва осеб расидани ҷигар ҷараён мегирад.
ЧАГАЛДАК (ПИРОЖКӢ) Ё ЗАҲР?!
- Подробности
- Опубликовано 09.02.2018 13:20
Ҳамчун мутахассиси соҳаи гигиенаи хӯрокаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ равиши имрӯзаи кори соҳибкорон ва кормандони нуқтаҳои хӯроквории «тезтайёр»-и маркази ноҳияро боиси таассуфу ғайриқаноатбахш меҳисобам.
Ба муассисаҳои хӯрока танҳо он нафароне ба кор роҳ дода бояд шаванд, ки аз муоинаи духтурони силшинос, бемориҳои сироятии рӯда, бемориҳои чирковари пӯст, намлат (экзема), кӯра (трахома), хоришак (чессотка), илтиҳоби римноки пардаҳои луобии бинӣ ва дигар табибон гузашта бошанд. Аммо дар аксар чунин нуқтаҳо нафароне фаъолият менамоянд, ки аз муоинаи тиббӣ нагузашта ба одитарин қоидаҳои гигиенаи шахсӣ риоя намекунанд.
Таъкидан мегӯем: равғане, ки ба мақсади пухтупази чагалдак (пирожкӣ) истифода бурда мешавад, танҳо 2 ё 3 маротиба доғ карда шавад. Аммо кормандони ин нуқтаҳо то қатраи охирин равғанро доғ намуда, чагалдак (пирожкӣ) мепазанд, ки ин равған ба заҳр мубаддал мегардад. Ҳангоми оксидшавӣ дар онҳо атсидҳои чарбии хурдмолекулярӣ, радикалҳои перексии ниҳоят фаъол, ҳидроперекисҳо, эпоксидҳо ва дигар моддаҳои заҳрнок ҳосил менамояд, дар давраи оксидшавӣ, инчунин маҳсулоти хурдмолекулярии фосидшавӣ, алдегидҳо, кетонҳо, атсидҳо ҳосил мешаванд, ки талхтаъмии чарб ва бӯи бади онро кас ҳис менамояд. Ва мо чагалдак (пирожкӣ) не, балки заҳр истеъмол менамоем. Ба ҳамдиёрон тавсия медиҳем, ки аз нуқтаҳои тезтайёре хӯрок истеъмол намоянд, ки онҳо қоидаҳои гигиенӣ ва тозагиро ба роҳ мондаанд.
ДУХТУРИ БУНГАКИЁН
- Подробности
- Опубликовано 24.08.2018 14:59
Қиёмиддин Раҷабовро ҳамчун табиби ҳозиқ дар ноҳияи Файзободу берун аз он аксарият мешиносанд. Ба ӯ лақаби касбиву ихтисосӣ ҳам додаанд: «Духтури Бунгакиён». Бунгакиён деҳаест, дар ноҳияи Файзобод, ки дар мавзеи хушбоду ҳаво ва салқину доманакӯҳ ҷойгир шудааст. Ҳатто дар чилаи тобистон оби чашмаҳои ин деҳаро аз сардӣ нӯшидан душвор аст. Минтақаи кӯҳсорест, ки барфу боронаш ба иқлими ағбаи Шаҳристон монанд мебошад. Тирамоҳи зарин, ки ҳама дарахтон хазон мешаванду дашту кӯҳсор саросар зард мешаванд, Бунгакиёнро сабзгун меёбед. Имрӯз ин деҳа бо номи Дурахшон ивази ном кардааст. Дар ҳамин деҳаи биҳиштсон дар маркази саломатии ин деҳа Қиёмиддин Раҷабов қариб бист сол боз фаъолият менамояд.
ДАСТАТОН ДАРДРО НАБИНАД, ВОРИСОНИ СИНО
- Подробности
- Опубликовано 02.02.2018 15:34
Беш аз як ҳафта мешавад, ки падарам дар шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи марказии ноҳия таҳти доруву дармони табибони ҳозиқ қарор дорад. Ростӣ, мо аз хизматрасониҳои кормандони ин шуъба самимона розӣ ҳастем. Муносибати табибону хоҳарони шафқат хело хуб аст.
Муносибати меҳрубонона, лафзи ширини хоҳарони шафқати шуъбаи бемориҳои сироятии беморхона аз ҳазорон доруву дармон болотару волотар аст.
Мудири шуъбаи бемориҳои сироятӣ Беҳрӯз Пиров хоксор ва дар кори худ содиқ будааст. Тӯли қариб панҷ сол мешавад, ки ӯ дар шуъбаи бемориҳои сироятӣ кор ва фаъолият дорад. Соли 2017 ӯро ба вазифаи мудири шуъбаи бемориҳои сироятӣ таъйин намуданд.
Имрӯз шуъбаи мазкур яке аз шуъбаҳои беҳтарини беморхонаи марказии ноҳия ба шумор меравад.
Ман аз номи ҳамаи беморони шуъбаи бемориҳои сироятӣ ба воситаи рӯзномаи дӯстдоштаам «Набзи Файзобод» миннатдории худамро ба сардухтури беморхона Суҳроб Ҷобиров, ба мудири шуъбаи бемориҳои сироятӣ Беҳрӯз Пиров, ба хоҳари калони шафқат Марям Бақоева ва ба кулли кормандони ин шуъба мерасонам.
ТАБИБОН МЕГӮЯНД: «КАСАЛ НАШАВЕД!»
- Подробности
- Опубликовано 24.08.2018 14:53
Дар мушоҳидаи мо касалхона аз озодатарин муассисаҳои амалкунандаи ноҳия аст. Бе ягон муҳобот тозагию озодагии атрофу дохили бино ва утоқҳо ба хизмати ҳалоли коркунони хурди тиббӣ – санитар – озодакорон вобаста аст. Суҳроб Ҷобиров, ки аз омаданаш ба сифати сартабиби ноҳия якуним сол мешавад, ба ин гурӯҳи кормандон баҳои хуб дод. Айни ҳол шумораи кормандони хурди тиббӣ ба 80 нафар мерасад.
ҲОРӢ ВА ПЕШГИРИИ ОН
- Подробности
- Опубликовано 23.11.2017 15:54
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС
Ҳорӣ бемории шадиди вирусии ҳайвонот ва одамизот буда бо вайроншавии системаи асаби марказӣ гузашта, ба марг оварда мерасонад.
Ангезандаи ин беморӣ 2 намуд мешавад, яке ёбоӣ, ки дар табиат давр мезанад, дигараш ҳамроҳшуда (дар одам ва ҳайвонот). Берун аз бадани ҳайвон дар шароити муқарарӣ зиндагӣ карда наметавонад.
Дар маҳлули глисерин бошад то 90 рӯз зиндагӣ мекунад. Дар хунукӣ тобовар, дар бадани заргӯш ва дигар хояндаҳо афзоиш меёбад. Дар шароити лабараторӣ кишт намешавад. Дар температураи 60 С нест мешавад-дар 5 дақиқа, дар ҷушонидан дар 2 дақиқа, аз таъсири маводҳои химиявӣ тез нобуд мешавад. Манбаи асосии вирус-ҳайвонҳои ваҳшӣ ба ҳисоб мераванд (гург, рубоҳ, шағол) баъд муши парвоз ва дигар хунмакҳо.
Ғайр аз ин ҳорӣ дар миёни ҳайвонҳои хонагӣ (чорвои калони шохдор, моли майда, асп,хар,шутур, хук, саг, гурба ва ғайра) низ дучор мешавад. Инсон дар 80-90 фоизи ҳолатҳо аз сагҳо зарар мебинад Одами бемор моҳияти эпидемиологӣ надорад, манбаи беморӣ шуда наметавонад. Ҳайвоноти бемор бошанд дар охири давраи пинҳонӣ ангезандаро (вирусро) бо вобастаи оби даҳон ба берун (ба табиат) мебароранд, аз ҷумла: дар давраи беморӣ то вақти фавтидан.
Барангезанда (вирус) аз ҳайвони бемор дар натиҷаи газидан, луобигардонии пусти ярадор, захмдор ё луобии узвҳо дар вақти пуст кардани ҷасади аз ин беморӣ фавтида (ҳайвонҳои ваҳшӣ ва хонагӣ). Гоҳ-гоҳ дар фасли тобистону тирамоҳ (корҳои саҳроӣ) дар байни мардуми деҳот, бемори ба қайд гирифта мешавад.
Барои пешгирии беморӣ чорабиниҳои зеринро амалӣ кардан зарур аст:
а) Нобуд кардани ҳайвонҳои ваҳшӣ, сагҳо. Аз он ҷумла ҳайвонҳои гумонбар ба ҳорӣ ва ҳайвонҳои ҷабрдида аз ҳайвонҳои бемории ҳорӣ дар чоҳи беккари гуронидани онҳо.
б) Эмгузаронии ҳайвонҳои хонагӣ. Алоҳида нигоҳ доштани ҳайвонҳое, ки одам ҷабр дидааст. Ба муҳлати 10 рӯз зери назорати бойтор қарор додани онҳо. Ҳайвонҳое, ки баъди газидани ҳайвони ҳорӣ ҷабр дидаанд ҳатман бояд эм гиранд.
в) Бо шаҳодатномаи саломати таъмин намудани ҳайвонҳои бемаҳсули хонаги (саг, асп, хар, гурба) аз тарафи бойторон (РНДБ).
Мардуми ҷабрдида, луобгардонда шуда, харошидашуда (захмдоршуда), ё ин, ки ҳайвони гумонбар зарардида, баъди ёрии аввалин додан ба зидди кузоз эм гузаронида мешаванд, нисбати бемории ҳорӣ аз рӯи дастурамали ҷойдошта ба таври шартӣ ё ғайришартӣ эм гузаронида мешаванд, ҳамзамон гаммаглабулини зидди ҳорӣ низ, шахсони зарардида то муайян шудани ҳолати саломатии ҳайвони гумонбар ба таври шарти 3-эми ваксинаи антираби, ё ҳолати вазнин заҳролудшавӣ (дараҷаи вазнин) гаммаглабулини антирабӣ гузаронида мешаванд. Дар ҳолати баъди 10 – рӯз пайдо шудани аломатҳои беморӣ дар ҳайвон табобатро ба таври ғайришартӣ давом медиҳанд. Дар ҳолати солим мондани ҳайвон табобат қатъ гардонида мешавад.
Ҳатман чорабиниҳои оммафаҳмонӣ нисбати муайян сохтани шумораи ҷабрдидагон ва сари вақт муроҷиат кардани онҳо бояд гузаронида шаванд.
С.ЯТИМОВ, духтури
эпидемиолог.
ЭМГУЗАРОНӢ: НАТИҶАИ ХУБ ДОРАД
- Подробности
- Опубликовано 02.05.2018 09:21
Тадқиқоти олимони соҳаи тандурустӣ тасдиқ кардаанд, ки чи қадаре, масунияти (иммунитети) одам баланд бошад, ҳамон қадар қувваи ҷисмонии он хуб мегардад. Иммунитет, ин ҳифзи вазифавии бадан мебошад. Одаме, ки иммунитет надорад, дар ҳаёти зиндагӣ корношоям ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир, иммунитет боигарии бебаҳост, агар бадан дорои он бошад. Аз ҳамин сабаб ҳама вақт мебояд дар давраи наврасии кӯдакон ба онҳо эмгузаронӣ карда шавад. Бо шарофати иммунизатсия организми кӯдак ба касалиҳои сироятӣ мубориза бурда, ғалаба мекунад. Вале чӣ тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ҳастанд нафароне, ки бо хоҳиши худашон нею маҷбуран ба назди духтурон барои эмгузаронӣ меоянд. Баъзе волидон аз эмгузаронии кӯдакони худ даст мекашанд ва барои пешгирии бемориҳои сирояткунанда кореро анҷом намедиҳанд. Ҳангоми бемор шудани кӯдакон ва дар беморхона бистарӣ шудани тифлашон мекӯшанд, ки кӯдакашон шифо ёбад. Вале на ҳама вақт духтурон қудрати табобати беморро доранд. Чунин бемасъулиятии волидон ба он оварда мерасонад, ки фарзандони онҳо азоби маъюбӣ мекашанд.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистони мо эмгузаронӣ ройгон аст, ҳол он ки дар дигар мамлакатҳои тараққикарда барои эмгузаронӣ волидон маблағи калон сарф мекунанд. Дар баъзе давлатҳо бошад, аз сабаби нагузаронидани эмкунӣ кӯдакон ба бемориҳои «кузоз» ва «гулизиндонак» дучор гардида мефавтанд. Хушбахтона, дар Тоҷикистон мо, ки сари вақт ба кӯдакон эгузорӣ бурда мешавад, чунин касалиҳо ба қайд гирифта намешаванд.
Мебояд, ки ҳамаи мо ба ақли солим фарзандони худро сари вақт эмгузаронӣ кунем, то ба чунин бемориҳои марговар мубтало нагарданд.
СИРОЯТЁБӢ АЗ ЗАҲРОЛУДШАВИИ ҒИЗО
- Подробности
- Опубликовано 30.10.2017 10:46
Гурӯҳи калони бемориҳои шадиди сироятӣ аз истифодаи маводҳои хӯрокаи сироятшуда сар мезананд. Микробҳои зараровар дар фасли гармии сол дар таркиби хӯрок ва меваҷот афзоиш ёфта, ғизое, ки онро истифода мебарем, заҳролуд месозанд. Истифодаи чунин хӯроквориҳо ба чунин бемориҳо, аз қабили бемориҳои дарунравии меъдавию рӯдавӣ бо заҳролудшавии бадани инсон оварда мерасонад.
Онҳо ҳамчун бемориҳои васеъпаҳншавандаи барои одам хос дар ҳама гӯшаю канори кураи замин вомехӯранд. Ин ангезандаҳо бо таъсири омилҳои таббиӣ тобовар мебошанд.
Одами сироятёфта ва ҳайвони бемор дар паҳн кардани беморӣ ва ифлос шудани муҳити атроф роли асосиро мебозанд. Риоя нашудани тарзи нигоҳдории хӯрокаҳои тезвайроншаванда, ба монанди маводҳои ширӣ, гӯшти қиммакардашуда, ҳасиб, қаннодӣ – торту рулетҳои гуногун, обҳои ташнашикан, яхмос макони афзоиши микробҳо ба ҳисоб рафта, сабаби сар задани бемориҳо мегарданд. Нисбати маводҳои полезию мевагӣ бошад, сабаби асосӣ дар пайдоиши заҳролудшавии сохти таркибии онҳо, истифодаи аз меъёр зиёди нитратҳо мебошад. Истифодаи чунин меваҳо сабаби бемории дарунравӣ мешаванд.
Аз ин хотир таъкид мекунем, ки ҳангоми харидани меваҳо харидорон аз соҳибони дӯконҳои фурӯши маводҳои хӯрока сертификати сифатро талаб намоянд.