Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ТИБ

ЗАРДПАРВИН БЕМОРИИ ҶИДДИСТ

Зардпарвин бемории сирояти буда, бо аломатҳои заҳролудшавии организм ва осеб расидани ҷигар ҷараён мегирад.

Ангезандаи ин беморӣ вируси наҷосатию даҳонист. Манбаи сироятиаш танҳо одамонанд. Ангезандаҳо аз организми инсон бо наҷосат хорич, шуда, хусусан дар охирҳои давраи ниҳонӣ, баъди пайдо шудани зардӣ дар пуст вирусҳо дар наҷосат пайдо мешаванд. Дар хун бошад,  ангезандаҳоро 2-10 рӯз пеш аз пайдоиши аломатҳои аввалини беморӣ ошкор кардан мумкин аст. Роҳи асосии гузариши зардпарвини гурӯҳи «А» ва «Е» алоқавӣ, яъне фазлавӣё даҳонӣ мебошад. Бемории мазкур, хусусан дар давраҳои тирамоҳу зимистон авҷ мегирад. Хусусиятҳои тезпаҳншавиро дорад. Чунки аз беморон ва муҳити атроф, об, хок, наботот, ҳаво тез ифлос мешавад. Дигар намудҳои зардпарвин бо роҳи ҷинсӣ, перентериалӣ ба организми солим дохил мешавад.

Аломатхои сарирӣ. Давраи ниҳоии зардпарвини гурӯҳи «А» 7-50 рӯз аксар вақт 14-45 рӯз аст. Зардпарвини гуӯҳи «В» бошад, 50-180рӯз, баъзан  60-120 рӯз давом мекунанд. Вобаста ба давомот зардпарвини шадид то 3 моҳ, бардавом аз 3 то 6 моҳ ва музмин бештар аз 6 моҳ хоҳад шуд. Зардпарвини гурӯҳи «А» дар бисёр вақтҳо ба мисли зуком оғоз меёбад, ҳарорати бадан то 38-39 дараҷа баланд мешавад. Дар гурӯҳи «С» бошад, табларза, дарди сар, гӯлу ва буғумҳо дард мекунанд. Дар баъзе беморон камонаки шикам низ ба дард медарояд. Пешоб тира ва ахлот сафед мегардад. Сараввал чашм ва бадан луобпардаҳои даҳону гӯлу ва пӯст зард мегарданд. Дар организм сустиву беҳолӣ, хоболудӣ, беиштиҳоӣва баъзан хориши пӯст пайдо мешавад. Дар ин ҳолат давраи зардии бадан 7-15рӯз идома меёбад.

Дигар зардпарвинҳо вазнин ва дарозмуддат мегузаранд. Онҳо дар натиҷаи ташхиси лабораторӣ муайян карда мешаванд. Қариб, ки ҳамаи зардпарвинҳо аломатҳои якхела доранд, ки оқибат ба сирози (саратони) ҷигар оварда мерасонад.

Зарпарвинро истилоҳан бемори дастони ифлос меноманд. Пеш аз ҳама риояи гигиенаи шахсӣ, дуруст шӯстани дастҳо бо собун, шӯстани меваю сабзавот дар оби гарм. Обро ҷӯшонида истеъмол кардан аз роҳҳо пешгирии беморист.

Беморони гирифтори зардпарвинро хориши пӯсти бадан ноором месозад. Хориши бадан фақат ҳангоми пурра сиҳат гардидани бемор нест мешавад. Давои хуби нест кардани хориши пӯсти мариз тоқат кардан, фикру хаёли худро дур намудан аз хориши пӯст, як муддати кӯтоҳ, молидани маҳлули 1-2 фоизаи спирти ментолӣ ё камфорӣ мебошад.

Беморонро аз беморхона баъди нест шудани аломати сарирӣ ва муътадил шудани нишондодҳои хун (биохимиявӣ) ба хона ҷавоб медиҳанд. Дар ин ҳолат назорати диспансерӣ то 6 моҳ давом мекунад.

Ғ. ОЙМАҲМАДОВ, мудири шуъбаи эпидемиологӣ.

Г. АБДУЛЛОЕВА, ёрдамчии духтури эпидемиологӣ.