Вт12032024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ТИБ

СИРОЯТЁБӢ АЗ ЗАҲРОЛУДШАВИИ ҒИЗО

Гурӯҳи калони бемориҳои шадиди сироятӣ аз истифодаи маводҳои хӯрокаи сироятшуда сар мезананд. Микробҳои зараровар дар фасли гармии сол дар таркиби хӯрок ва меваҷот афзоиш ёфта, ғизое, ки онро истифода мебарем, заҳролуд месозанд.  Истифодаи чунин хӯроквориҳо ба чунин бемориҳо, аз қабили бемориҳои дарунравии меъдавию рӯдавӣ бо заҳролудшавии бадани инсон оварда мерасонад.

Онҳо ҳамчун бемориҳои васеъпаҳншавандаи барои одам хос дар ҳама гӯшаю канори кураи замин вомехӯранд. Ин ангезандаҳо бо таъсири омилҳои таббиӣ тобовар мебошанд.

Одами сироятёфта ва ҳайвони бемор дар паҳн кардани беморӣ ва ифлос шудани муҳити атроф роли асосиро мебозанд. Риоя нашудани тарзи нигоҳдории хӯрокаҳои тезвайроншаванда, ба монанди маводҳои ширӣ, гӯшти қиммакардашуда, ҳасиб, қаннодӣ – торту рулетҳои гуногун, обҳои ташнашикан, яхмос макони афзоиши микробҳо ба ҳисоб рафта, сабаби сар задани бемориҳо мегарданд. Нисбати маводҳои полезию мевагӣ бошад, сабаби асосӣ дар пайдоиши заҳролудшавии сохти таркибии онҳо, истифодаи аз меъёр зиёди нитратҳо мебошад. Истифодаи чунин меваҳо сабаби бемории дарунравӣ мешаванд.

Аз ин хотир таъкид мекунем, ки ҳангоми харидани меваҳо харидорон аз соҳибони  дӯконҳои фурӯши маводҳои хӯрока сертификати сифатро талаб намоянд.