ТИБ
ВОРИСИ СИНО БУДАН МАСЪУЛИЯТ АСТ
- Подробности
- Опубликовано 23.11.2014 20:57
Соли равон сокинони кишварамон 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд сазовор истиқбол хоҳанд гирифт. Боиси хурсандии мо, кормандони соҳаи тибби кишвараст, ки таҷлили иди касбиямон дар арафаи омодагиҳо ба ин санаи тақдирсоз рост омада истодааст. Аз инрӯ, мо, табибон вазифадорем,ки хизматрасониро ба мардум дар сатҳи баланд ташкил намуда, пайи саломатии сокинони диёр омода бошем. Бо ин мақсад 100 нафар духтурони баландихтисос, 332 нафар ҳамшираҳои тиббӣ пурсамар фаъолият намуда истодаанд.
Имрӯз беморхонаи марказӣ барои 175 кат, беморхонаҳои Мискинобод ва Меҳробод барои 15 ва 10 катӣ барои қабулу расонидани ёрии тиббии аҳолии ноҳия муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Боиси қайд аст,ки айни ҳол беморхонаи марказӣ бо таҷҳизотҳои тиббии замонавӣ, аз ҷумла 2 адад оксигенератор, 2адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, як адад дастгоҳи кардиомонитор таъмин гардидааст. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо истиснои шуъбаи асаб, дигар шуъбаҳои беморхонаи марказӣ ва беморхонаҳои минтақавии Мискинободу Меҳробод аз таъмири пурра бароварда шуд.
Воқеаи хотирмон барои кормандони соҳаи тандурустии ноҳия дар соли равон мавриди истифода қарор ёфтани Маркази саломатӣ хоҳад гашт. Маркази саломатӣ барои қабули 150 бемор ва таъмин бо тамоми таҷҳизоти тиббии ҳозиразамон бо дастгирӣ ва кӯмаки бевоситаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сохта шуд.
Ҳамчунин бо дастгирии раиси ноҳия Каримиён Имомназар ва кӯмаки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Нусратулло 72000 сомонӣ барои ба беморхонаи минтақавии Мискинобод кашидани хати озоди барқ маблағ сарф гардид. Акнун имкон фароҳам омад,ки беморхонаи мазкур давраи зимистон бо барқи доимӣ таъмин гардад.
Чи тавре хонандагони рӯзномаи «Набзи Файзобод» огоҳӣ доранд,аз охири моҳи майи соли равон соҳаи тандурустии ноҳия дар доираи барномаи кафолатҳои давлатӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Аз ин хотир талош дорем сокинони диёр аз мақсаду мароми барномаи мазкур, ки баланд бардоштани сатҳу сифати хизмати тиббист,ба хубӣ огоҳӣ дошта бошанд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо мо низ мекушем,то сокинони диёр аз хизматрасонии мо қаноатманд гарданд. Лозим медонем,ки дар рӯзи иди касбӣ бо ифтихор номи духтурони соҳибтаҷриба Абдуллоев Фатҳулло-мудири шуъбаи сироятӣ, Қаландарова Хайриниссо-духтури муолиҷавӣ, Раҷабов Тоҷиддин-мудири шуъбаи муолиҷавӣ, Акрамова Баргигул -мудири шуъбаи таваллудхона, Қодиров Ҳасан-мудири шуъбаи ҷарроҳӣ, Иброҳимов Савридин-духтури эҳёгар, Саъдуллоева Нигина -мудири шуъбаи асаб, Шоев Искандар –мудири шуъбаи кӯдакона, Ҳомидова Бибигул- духтури занона, Тавакалов Аҳмадшоҳ-духтури кӯдакона, Маҷидова Қумринисо-сардухтури беморхонаи минтақавии Мискинобод,Мирзоева Фарангис –сардухтури беморхонаи минтақавии Меҳробод, ҳамшираҳои тиббӣ Норова Майрам, Қосимова Назокат, Камолова Гулнисо, Содиқова Вера,Худойдодов Абдулҳаким, Абдуллоев Ҷабор, Давлатова Гулсуман,Аминов Мансур, Давлатова Гулбаҳорро бо эҳтиром қайд намоем.
Мехоҳам тамоми кормандони соҳаи тандурустиро ба ифтихори иди коркунони тиб ва зодрӯзи мутаффакири бузург, Шайху раис Абуали ибни Синосамимона муборак бод намуда, дар кору фаъолияташон бурдбориву комёбиҳо орзу намоям.
Ф. Зубайдов,
роҳбари беморхонаи марказииноҳия.