ТИБ
ШИФОИ КӮДАКИ БЕМОР ЗЕБАД...
- Подробности
- Опубликовано 24.04.2015 09:17
Ба шоир хубии ашъор зебад,
Ба тоҷир гармии бозор зебад.
Вале дар зиндагӣ бар духтури тифл,
Шифои кӯдаки бемор зебад...
Оре, замоне тифлаке бемор мегардаду модари зор ӯро назди табиб меорад ва бо чашми умед интизори мекашад, ки табиб шифои дарди фарзанди бемораш гардад. Табиб он эҳсосу ҳаяҷони зоҳиру ботини модарро ин лаҳзаҳо ба хубӣ дарк менамояд ва бо тамоми ҳастӣ мекӯшад, ки кӯдаки беморро дармону умри дубора бахшад. Хандаи аввалини тифлаки шифоёфта, дидаҳои шарарбору ризомандонаи модари ӯ барои табиб дар зиндагӣ аз ҳама азизтару зебандатар аст. Имрӯз метавон дар ситоиши мудири шуъбаи касалиҳои бачагонаи беморхонаи марказӣ Искандар Шоев чунин сатрҳои меҳру ихлосро сазовор донист. Ҳар рӯз даҳҳо маротиба шоҳиди гуфтаҳое мегардем, ки модарони зиёд аз муомилаи хубу хоксорию меҳрубонии ӯ забони миннатдорию таъриф мекушоянду нисбаташ мегӯянд: “Дасти шифобахшат озоре набинад.”
Искандар Шоев баъди хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон соли 1997 ҳамчун табиби кӯдакон ба беморхонаи марказии ноҳия омад. Тӯли 18 соли фаъолияти корӣ даҳҳо тифлакон аз дастони шифобахши ӯ табобат ёфтаанду даҳҳо хонадонро садои хандаю шодии тифлакони солим фарогир гардидааст.
-Шифои ҳар як тифл бароям як дунё шодмонию хурсандист. Баъзан бепарвоию дуруст аҳамият надодан ба саломатии кӯдакон аз тарафи волидон махсусан модарон мо табибонро калобаи саргум мекунад,- мегӯяд ӯ. Зеро муваффақияти табобат аз ҳамкории байни табиб ва бемор сарчашма мегирад. Агар модарон баҳри солим будани фарзандони худ бепарвоӣ накунанд ё баробари бемор шудани кӯдакон ба духтур муроҷиат намоянд, табобат ёфтани онҳо осонтар аст.
Ҳангоми суҳбат лаҳзаеро аз фаъолияти кориаш ёдовар шуд...
Ширинмоҳи нуҳмоҳаро аз деҳаи Заркамар дар ҳолати вазнин ба шуъбаи бачагона оварданд. Аз дарунравии сахт оби бадани ӯ рафтаю ҳарораташ баланд буду ҷисмаки ӯ аз таъсири беморӣ хеле лоғар шуда. Базур- базур нафас мекашиду тапиши қалбаш низ хело паст. Модари Ширинмоҳ бо дидаи гирён аз табибон илтиҷо менамуд, ки нахустфарзанди ӯро аз марг наҷот диҳанд. Искандар Шоев баъди муоина ба ҳамшираи навбатдори шуъба Ғарибгул Камолова супориш дод, ки дорую давои таъиншударо ҳарчи зудтар ба бемор гузаронад. Он шаб Искандар Шоев бо ҳамкорон аз назди бистари Ширинмоҳи бемор дур нарафтанд. Дамидани субҳ бо кушодани чашмакони маъсуми аз зарби дард фурӯрафтаи тифлаки бемор духтур худро андаке осуда ҳис карда ба ҷои сарзаниш кардани Гулмоҳ “хоҳарам ба чунин ҳолат гирифтор шудани духтарчаат худи ту гунаҳгор ҳастӣ. Зеро аз нахӯрдани шири модар тифлакон носолим калон мешаванд. Шири модар шираи ҷон барои фарзанд аст”насиҳатомез гуфт ба ӯ. Модар ба дурустии суханони ӯ боварӣ карда, гунаҳкорона сар хам кард. Воқеан шире, ки навзод аз синаи модар мемакад, фоидаи бениҳоят калон дошта, афзоиши кӯдакро таъмин намудаву боиси солим калон шудани ӯ мегардад. Беҳтарин ғизое, ки ҷисми кӯдакро солим нигоҳ медорад, ин шири модар аст. Ҳамсола дар доираи рӯзҳои дастгирии синамаконӣ бо ташаббуси табиб Искандар Шоев чун ҳамоҳангсози барномаи синамаконӣ дар ноҳия чорабинии васеъ зери унвони “Шири модар-сарчашмаи муваффақ шудан ба ҳаёт” дар сатҳи баланд мегузаронад.
Искандар Шоев шуъбаеро сарвар аст, ки ҳамагӣ чун худаш нисбат ба беморон дилсузу меҳрубонанд. Имрӯз мардум аз меҳнати поквиҷдононаи ҳамшираҳои шафқат Гулнисо Камолова, Ғарибгул Камолова, Баҳрї Қараева, Наргис Салимова, Ширин Ташрипова, Зуҳро Аҳтамова бо сарварии И. Шоев арзи миннатдорӣ мекунанд. Ӯ дар чандин анҷуманҳои байналмилалии духтурони кӯдаконаи ҷаҳонї иштирок намудааст. Духтури тахассуси дараҷаи як буда, курси бозомӯзиро дар шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург гузаштааст.
Дар ҷамъбасти озмуни ноҳиявии “Беҳтарин”-ҳо барои фаъолияти босамар ва саҳми калон дар рушди соҳаи тандурустии ноҳия, ҳифзи сиҳатии омма сазовори “Табиби беҳтарини соли 2014” гардидани Искандар Шоев чун табиби хоксор, накӯкор, софдил, беғаразу ҳақгуй гувоҳ аз меҳнати ҳалолу эҳтироми зиёди мардум нисбаташ мебошад.
М. ТАҒОЕВА,
хабарнигори “Набзи Файзобод.”