ТИБ
ШИРИ МОДАР САРЧАШМАИ ҲАЁТ
- Подробности
- Опубликовано 23.11.2014 21:30
Ҳамасола аз 1 то 10 август дар тамоми қаламрави ҷумҳуриамон рӯзҳои дастгирии синамаконӣ гузаронида мешавад. Аз он ҷумла дар ноҳияи мо ҳам имсол ин чорабинӣ таҳти шиори «Шири модар-сарчашмаи муваффақ шудан дар ҳаёт» дар сатҳи баланд доир шуд. Дар ҳамаи марказҳои саломатии деҳотӣ ва ноҳиявӣ, инчунин дар бунгоҳҳои тиббӣ суҳбату машваратҳо оиди ба моҳияти шири модар бо дастгирии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва кормандони соҳаи тандурустӣ гузаронида шуд. Дар шуъбаҳои беморхонаи марказӣ ва минтақавӣ беморон ва модарон бо суҳбатҳои муфиди тиббӣ фаро гирифта шуданд. Ҳамонҳангсози барномаи синамаконӣ дар ноҳия, мудири шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи марказии ноҳия Искандар Шоев тариқи радиои маҳаллӣ дар мавзӯи мазкур баромад намуд.Анҷоми даҳрӯза, рӯзи 9-уми августи дар Кохи Рӯдакии маркази ноҳия бо баргузории чорабинии махсус бо иштироки зиёда аз 200 нафар намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот шуда гузашт.Барои фаҳмонидани моҳияти шири модар ҳамоҳангсози барномаи мазкур Искандар Шоев аҳли толорро муфассал бо слайду гӯшаҳо ошно сохт. Бояд қайд кард, ки занону модарони ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев дар бахши саволу ҷавоб фаъолона иштирок намуда, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Чорабиниро рақсу сурудҳои дилангези кормандони Филармонияи халқии ноҳия рангин сохтанд.
Ф.ЗУБАЙДОВ, роҳбари беморхонаи марказии ноҳия.
И.ШОЕВ, ҳамоҳангсози барномаи синамаконї дар ноҳия, мудири шуъбаи кўдаконаи беморхонаи марказии ноҳия.
А.ЗАРДОВ, директори маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим.