ТИБ
БОТУЛИЗМ
- Подробности
- Опубликовано 22.01.2016 08:58
Ботулизм бемории ниҳоят вазнини хатарнок барои ҳаёт буда, ба системаи асаб зарар мерасонад ва дар аксар маврид бо марг анҷом меёбад.
Ботулизм ин заҳролудшавиест, ки аз нейротоксини ботулинӣ ба амал меояд. Токсин (заҳр)-и ботулинӣ ба бадани одам тавассути ғизои сироятёфта меафтад. Сироятёбӣ ба бемории ботулизм ҳангоми истеъмоли хӯришҳои сироятёфтаи сабзавотӣ (бештар аз помидор, бодиринг, боимҷон) ва ба занбӯруғҳои дар шароити хона консервакунонидашуда ба амал меояд.
Ин беморӣ дар натиҷаи истеъмоли маҳсулотҳои нодуруст ё нокифоя тамизгардида, ки шароити нигоҳдорӣ риоя нагардидааст, ба амал меояд.
Миқдори ками токсини ботулинӣ ба бемории вазнин ё марг меоварад, ки ин метавонад 0,001 микрограм (МКГ) бошад.
Навъҳои ботулизм:
Claustrium botulinum 7 навъи нейроксинҳои аз ҷиҳати таркиби антигенӣ гуногунро хориҷ мекунад, ки 4 навъи он (А.В.Е ва F) дар одам ботулизмро ба вуҷуд меорад. Навъҳои СД ва Е дар дигар ҳайвонҳои ширхорон, паранда ва моҳӣ бемориро ба вуҷуд меорад.
Тавассути маводи ғизоӣ метавонад ду намуди ботулизм гузарад:
Ғизоӣ ва кӯдакона.
Аломатҳои ботулизм:
Тирагии пеши чашмон, хушкшавии даҳон ва гулӯ, душворшавии фурубарӣ ва сухангӯӣ, сустии умумии бадан, дилбеҳузурӣ, сарчархзанӣ, дамиши шикам ва фалаҷи мушакҳои бадан. Агар бемор бо нафасдиҳии сунъӣ сари вақт таъмин карда нашавад, фалаҷи мушакҳои роҳҳои нафас ӯро ба марг оварда мерасонад.
Пешгирии ботулизм
Ба кӯдакони аз 12- моҳа хурд асал ва маҳсулотҳои асалдор надиҳед.
Ба кӯдакон додани маҳсулотҳои консервагии хонагӣ мумкин нест, танҳо баъди коркарди термикии пурраи онҳо имкон пайдо мешавад.
Аз зарфҳое, ки эҳтимоли хатари ботулизм доранд, истеъмол нанамоед.
Зарфи варамида, зарфи сарпушаш зич махкамкарданашуда ё ба дарун қадкардашуда, зарфе, ки аз он ҳангоми кушодан моеъ ба фишор мерезад, зарфе, ки ҳангоми кушодан бӯи ғайримуқаррарӣ ё нофорам дорад.
Ҳангоми шубҳа пайдо кардан ҳатто миқдори камтарини онро начашед.
Барои консервакунонӣ танҳо аз зарфҳои шишагин, сарпӯш, автоклав барои консервакунонӣ истифода намоед.
Маҳсулоти дар шароити хона консервакунонидашударо, ки зиёда аз як сол нигоҳ дошта шудаанд, истеъмол нанамоед.
Азамат КАРИМОВ,
духтури хӯрокаи МНДСЭ-и ноҳия.