ТИБ
ТОБИСТОН-АВҶИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ
- Подробности
- Опубликовано 23.06.2015 12:01
Бо фаро расидани фасли гармо зиёд шудани талаботи аҳолӣ нисбати об ва меваю сабзавотҳо хурӯҷи бемориҳои шадиди сироятии меъдаю рӯдаҳо ба амал меояд. Касалии домана аз ҷумлаи бемориҳои сироятӣ мебошад.
Домана чист? Домана бемории хатарноки сироятӣ дар ҳаёти одам аст. Паҳнкунандаи домана микроби салмонелаҳо мебошад, ки ба муҳити атроф тавассути фазла (ахлот), пешоб, оби даҳони бемор, қайди бемор ва одамони пеш ба ин беморӣ гирифторшуда, ки микробро аз худ хориҷ мекунад, паҳн мешавад. Ин беморӣ пас аз 7-21 рӯз ба ҳисоби миёна 5-25 рӯз тариқи микроб ба бадани инсон роҳ меёбад. Нишонаҳои аввалини беморӣ дар организм сустии умумӣ, бемадорӣ, дарди сар, бастани иштиҳо мушоҳида гардида, баъд дард авҷ мегирад. Ҳарорати бадан то ба 39-40 дараҷа баланд шуда метавонад 2– ҳафта давом кунад. Беморӣ метавонад вазнин ё сабук гузарад. Ҳолати сабуки беморӣ оқибатҳои вазнин дорад. Дар ҳолати хунрави аз рӯдаҳо, сӯрохшавии рӯдаҳо боиси марги инсон шудан мумкин аст. Инсон метавонад аз шахси бемор ё пештар касалшуда аввалан ба воситаи об, таом, зарф, дастони ифлос гирифтор шавад. Инчунин дар паҳн кардани сироят пашаҳо низ таъсир мерасонанд. Об метавонад ҳангоми якҷояшавии ифлосиҳо, наздик будани ахлотҷойҳо, ҷомашӯӣ кардани либосҳои бемор барангезандаро паҳн намояд ва ба воситаи зарфҳое, ки дар ҷӯйбору обҳои ифлос шуста мешавад, пайдо мегардад. Домана бемориест, ки муолиҷааш дуру дароз, вазнин ва гарон мебошад. Пешгирии ин беморӣ ин аст аввалан бояд танҳо оби ҷӯшонида нушидан баъдан шустани ҳатмии дастон бо собун ва пас аз қазои ҳоҷат ва пеш аз истеъмоли таъом. Беҳуда нагуфтаанд, тозагӣ – гарави саломатист.
Сайдалӣ САНГОВ,
табиби сироятшинос.