Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ТИБ

СОЛИМИИ КӮДАКОН АЗ МО ВОБАСТА АСТ

Масъалаи ҳифзи саломатии аҳолӣ, бахсус кӯдакон дар ҷомеаи имрӯза хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли гузашта ба Маҷлиси Олӣ қайд намуд, ки дар қаламрави кишвар қариб ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18-сола ҳаёт ба сар мебаранд, ки  зери ҳимояи давлат қарор доранд. Сабаби зиёд шудани кӯдакони  маъюбро Президенти кишвар аз никоҳи хешутаборӣ, инчунин аз волидайни гирифтори нашъамандӣ донистанд. Ин вазъият дар ҳоле ҷой дорад, ки аз тарафи давлат ҷиҳати таваллуд  ва ба воя расонидани насли солим чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Бар замми ин ҳоло ҳам ҳастанд ҳолатҳое, ки ба вайрон гардидани ҳуқуқи кӯдак ва ҳифзи саломатии ӯ сабаб мешаванд. Боиси қайд аст, ки ҳуқуқи кӯдакон ва ҳифзи саломатии онҳо   яке аз ҳуқуқҳои субективии ӯ ба ҳисоб рафта,  ҳам дар  санадҳои меъёрии байнанмилалӣ ва ҳам дар қонунгузории миллӣ нишон дода шудааст. Декларатсияи ҳуқуқи кӯдак, ки  соли 1959 қабул шудааст, қайд мекунад, ки кӯдак субекти ҳуқуқ эътироф шуда бо назардошти норасоии ҷисмонию ақлонӣ ба ҳимоя ва ғамхории махсус ниёз дорад. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Созмони Милали Муттаҳид бори дигар собит менамояд, ки ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар мадди аввал меистад. Дар моддаи 24-уми ин конвенсия  ҳифзи саломатӣ ва хизматрасонии тиббии кӯдак аз батни модар то расидан ба синни 18-солагӣ муқаррар гардидааст. Давлатҳои аъзо ба ин созмон ҳуқуқи кӯдакро барои истифода намудани хизматрасониҳои бештар такмилёфтаи системаи тандурустӣ ва барқарорсозии саломатӣ эътироф менамоянд. Мавриди зикр аст, ки никоҳи хешовандӣ натанҳо тифлони носолиму ноқисро ба вуҷуд меоранд, балки ба безуриётӣ оварда мерасонад. Аз ин лиҳоз қонунгузории оилавии Чумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи саломатии кӯдакон никоҳи байни хешутаборӣ наздикро манъ кардааст.

Мутаассифона, ин меъёри қонунгузорӣ ҳамеша дар амал риоя карда намешавад. Баҳсу мунозираҳо дар масъалаи никоҳи хешутаборӣ хеле зиёд мебошад. Қариб ҳамарӯза тариқи оинаи нилгун кӯдакони маъюби аз никоҳи хешовандӣ ба дунё омадаро намоиш медиҳанд. Дар ноҳияи мо маъюбони то синни 18-сола ба 288 нафар мерасанд. Қариб 22 фоизи онро кӯдаконе ташкил медиҳанд, ки аз никоҳи хешовандӣ таваллуд шудаанд. Барои мисол 57 нафар кӯдакони гирифтори бемориҳои асаб ва 22 нафар кӯдакони маъюб дар ноҳия ба дунё омадаанд. Аз 40 нафар кӯдакони гирифтори бемории раддодӣ 10 нафар, аз 61 нафар гирифторони бемории рӯҳӣ  18 нафар, миёни 28 нафар гирифторони бемориҳои гӯшу гӯлу ва бинӣ  4 нафарашон аз никоҳи хешовандӣ таваллуд шудаанд.

 Барои бартараф кардани ҳамаи ин камбудиҳо бояд  мо ҳама аҳли ҷомеа новобаста аз касбу корамон чораандешӣ намуда, баҳри  ҳифзи саломатии тифлон бетараф набошем ва дар   бунёди як ҷомеаи солим, тарбияи насли хушбахту ояндасоз саҳмгузор бошем.

   З. ШОБУДИНОВА,

муовини менеҷери КАТС
оид ба корҳои табобатӣ.