ТИБ
БА ҶОИ ЧИНОР – ДАРАХТИ МЕВАДОР
- Подробности
- Опубликовано 07.09.2015 15:00
Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ягона кишварест, ки табиаташ аз дарахти чинор бой мебошад. Шояд даврони шӯравӣ чунин талабот ба миён мегузоштааст, ки дар марказҳои аҳолинишин, хусусан шаҳрҳо, қад – қади роҳҳои мошингузару одамгузар бештар чинор мешинониданд. Чанд сол пеш кӯчаи марказии пойтахти Тоҷикистони азизамон шаҳри Душанбе чанористон буд. Имрӯз ҳам аз ин чанорҳо хурду калон боқӣ мондааст. Ин вазъро дар шаҳраки Файзобод ҳам мушоҳида мекунем. Хушбахтона, чанд сол пеш ҷойи чинорҳои азимро дарахтони сояафкан ишғол кардаанд. Ва мебинем, ки қариб 50 дар сади чинорҳо ба арчаю сӯзанбарг иваз шудаанд. Худо хоҳад, пас аз ду – се соли дигар чинорҳои ду ҷониби роҳи маркази ноҳия ҷойи худро пурра ба дарахтони ҳамешасабз медиҳанд.
Дар даврони наврасӣ аз пирони дарозумр мешунидем: «Куҷое чинор ҳаст, он ҷо мазор аст». Гап чунин маъно дорад, ки чинор аз ҷиҳати экологӣ ба саломатии инсон зараровар аст. Ин дарахт дар фотосинтез пурра иштирок дошта, аз худ равғани эфир ҳосил мекунад. Ва ба воситаи узвҳои нафас дохил шуда сабаби бемориҳои аллергиявии организми зинда мегардад. Бояд қайд кунем, ки сабаби ҳама намудҳои беморӣ ғайр аз зарбаҳо (маводҳои пӯсиши зарба низ), пайдоиши аллергиявӣ дорад. Зиёни чинорҳоро ҳангоми тирамоҳ бештар мушоҳида мекунем. Ҳамин ки фасли хазонрез оғоз мегардаду барги дарахтон ба рехтан шурӯъ мекунанд, кормадони муассисаи манзилию коммуналӣ баргрезаҳоро ғарам карда оташ мезананд ва бо ин корашон муҳити атрофро халалдор месозанд. Пӯшида нест, ки бӯйи ғализи дуди баргсӯхтаҳо ба димоғ мерасаду табъи касро хира мегардонад.
Дар урфият мегӯянд: «Муҳити солим – тани солим». Дарахти чинор бошад душмани саломатӣ ва дарозумрӣ буда, сабаби марги бармаҳал мегардад. Шахси бемор аз таъсири ҳавои чинор худро лоҳаз, вазнин ҳис мекунад, бемориаш авҷ гирифта, ба сустшавии тану ҷон оварда мерасонад. Чинор фаъолияти узвҳоро аз низоми муқаррарӣ берун мекашад. Дар сояи чинор хоб кардан бар зиёни саломатӣ аст. Мо медонем, ки падару бобоёни мо ҳеҷ гоҳ дар ҳавлиашон чинор ниҳол накарданд. Маълум, ки онҳо зарари ин дарахтро медонистанд.
Аҷоиботи кор ин аст, ки дар мактабу кӯдакистонҳо, ҳатто дар ҳавлию саҳни беморхонаю осоишгоҳҳо чинор мешинонанд, бехабар аз он, ки ин дарахти «дӯстдошта» бар зиёни инсон аст. Магар намешавад, ки ба ҷои ин дарахт бештар арчаи маҳаллӣ, шӯлаш ё дарахтони русии пихта, дуб, красная калина, берёза, можжовелник, ҳамчунин буттагиҳо – қорт, мармиҷон ва ғайра, ки пурра хосиятҳои табобатӣ доранд, шинонида шавад. Ё беҳтар нест, ки дарахтони ҳосилдеҳро зиёд кунем, то роҳгузарон дар сояашон ҳам ҳаловат бинанд, ҳам ком ширин намоянд? Ин кор, ба андешаи мо, аз ҷониби дигар ҳиссае мешавад дар иҷрои барномаи давлатии озуқавории мамлакат. Дар ҳалли ин кор бояд вазоратҳо низ бештар таваҷҷуҳ дошта бошанд. Аз рӯи мушоҳида ва мутолиа медонем, ки намояндагони вазоратхонаҳо, шахсан вазирони муҳтарам соле чанд бор ба хориҷи кишвар сафар мекунанд. Наход намебинанд, ки дар аксар кишварҳо дарахт дар роҳҳо дар як қатор не, дар чанд қатор саф кашидааст. Аён аст, ки дар канори роҳҳо 25,30 метр ҷойро барои чанд қатор дарахт ҷудо мекунанд. Агар дар кишвари мо ҳам чунин тартиб ҷорӣ мешуд, Тоҷикистони азизамон пуршукӯҳтару аз ҷиҳати солимии сокинонаш боз ҳам зеботар мегардид. Хулласи калом, аз байн бурдани дарахтони чинор ва ба ҷойи онҳо шинонидани дарахтони мевадор солимии ҷомеаро таъмин хоҳад кард.
Зардов А. Г., духтури эпидемиологии дараҷаи олӣ,
хабарнигори ҷамоатии нашрияи «Набзи Файзобод».