Вт01162018

Last updateПн, 08 Янв 2018 10am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ТИБ

ТОБИСТОН-АВҶИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

Бо фаро расидани фасли гармо зиёд шудани талаботи аҳолӣ нисбати об ва меваю сабзавотҳо  хурӯҷи бемориҳои шадиди сироятии меъдаю рӯдаҳо ба амал меояд. Касалии домана аз ҷумлаи бемориҳои сироятӣ  мебошад.
Домана чист? Домана бемории хатарноки сироятӣ дар ҳаёти одам аст. Паҳнкунандаи домана микроби салмонелаҳо  мебошад, ки ба муҳити атроф  тавассути фазла (ахлот), пешоб, оби даҳони бемор, қайди бемор ва одамони пеш ба ин беморӣ гирифторшуда, ки микробро аз худ хориҷ мекунад, паҳн мешавад.

Муфассал...

ХАНДАИ БАХТИ БАХТИНИСО

Бо ӯ қариб ҳар пагоҳӣ вомехӯрам. Шитоб дорад сӯи коргоҳи худ. Бо чеҳраи кушодаю хандаи зебои ба худаш хос бо худиҳо салому алейк карда ҳол мепурсад, он қадар самимонаю хоксорона, ки гумон мекунӣ  хеши наздике бошӣ. Кист ӯ? Бахтинисо Шогунова   зодаи Бадахшони биҳиштӣ, ки аёми кӯдакию наврасиаш он ҷо гузашта, аз обҳои мусаффою чашмахои ҷонбахш нӯши ҷон карда, аз ҳавои сафобахши кӯҳсоронаш нафас кашида, аз волидайни маърифатпарвараш беҳтарин рафтору одоби инсонӣ, назокату ҳунарҳои хоси занонаро омӯхта, аз устодони донишманди мактаби деҳаи Барӯшони ноҳияи Рӯшон донишу савод аз бар карда, баъди хатми мактаби миёна бо  дили пур аз орзую ҳавас роҳ пеш гирифтааст ба  шаҳри Душанбе.

Муфассал...

НЕЪМАТИ БУЗУРГ

     НЕЪМАТИ БУЗУРГСолиёни пеш дармонбахши беморон аслан   табибони халқӣ ва муллоҳо буданд. Онҳо усулҳои гуногуни табобат, аз ҷумла  дуохониву рӯҳфарорӣ, аловгардонӣ, бахшибонӣ, хӯрондани доруҳои аз гиёҳҳо омода шуда, маҳскунӣ, хунгирӣ, шикастабандӣ ва ғайраро, ки пушт ба пушт миёни мардум маъруфият дошт, истифода мекарданд.

Муфассал...

ШИФОИ КӮДАКИ БЕМОР ЗЕБАД...

ШИФОИ КӮДАКИ БЕМОР ЗЕБАД...Ба шоир хубии ашъор зебад,
Ба тоҷир гармии бозор зебад.
Вале дар зиндагӣ бар духтури тифл,
Шифои кӯдаки бемор зебад...

Муфассал...

НЕКӢ КАРДАН ДАРСИ ПАДАРИ ӮСТ

    НЕКӢ КАРДАН ДАРСИ ПАДАРИ ӮСТЧанд вақт пештар барои табобати дандонҳоям ба дандонпизишк Баҳриддин Мирзоев муроҷиат кардам. Ӯ маслиҳат дод, ки дандони комакӣ монам. Ва ин корро худаш бо нархи арзон ба ӯҳда гирифт. Ростӣ, давоми табобату дандонмонӣ чанд дафъае, ки назди ин духтур будам, муомилаю муносибаташ писандам омад. Ӯ корафтодаҳоро хуш қабул мекунаду бо меҳрубонӣ гусел менамояд. Ҳамин хислаташ водор намуд, ки аз кору бораш пурсон шавам.

Муфассал...

ШИРИ МОДАР САРЧАШМАИ ҲАЁТ

Ҳамасола  аз 1 то 10 август дар тамоми қаламрави  ҷумҳуриамон рӯзҳои дастгирии синамаконӣ гузаронида мешавад. Аз он ҷумла дар ноҳияи мо ҳам имсол ин чорабинӣ таҳти шиори «Шири модар-сарчашмаи муваффақ шудан дар ҳаёт»  дар сатҳи баланд доир шуд.

Муфассал...

ВОРИСИ СИНО БУДАН МАСЪУЛИЯТ АСТ

    ВОРИСИ СИНО  БУДАН МАСЪУЛИЯТ АСТСоли равон сокинони кишварамон  20-солагии қабули  Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд  сазовор истиқбол хоҳанд гирифт. Боиси хурсандии мо, кормандони соҳаи тибби кишвараст, ки таҷлили иди касбиямон дар арафаи омодагиҳо ба ин санаи  тақдирсоз рост омада истодааст.  Аз инрӯ, мо, табибон вазифадорем,ки  хизматрасониро ба мардум дар сатҳи баланд  ташкил намуда, пайи саломатии сокинони диёр омода бошем. Бо ин мақсад 100 нафар духтурони баландихтисос, 332 нафар ҳамшираҳои тиббӣ пурсамар фаъолият намуда истодаанд.

Муфассал...