Чт12142017

Last updateПт, 08 Дек 2017 1pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ТИБ

РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Ҳамасола барои бунёду таъмир ва бо таҷҳизоти навтарин таъмин кардани соҳаи тандурустӣ  маблағҳои зарурӣ ҷудо  карда мешавад. Масъалаи ҳифзи сиҳатии мардум  бевосита  зери таваҷҷуҳи Президенти  мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар ноҳияи мо низ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба рушду инкишофи  соҳаи сиҳатии омма  аҳамияти хоса  зоҳир карда мешавад. Беҳшавии ҳамарӯзаи соҳа ба ин далел шуда метавонад.

Тайи солҳои истиқлолияти давлатии кишвар аз ҳисоби маблағҳои  буҷаи маҳаллӣ ва ҷалби сармояи  беруна таъмиру тармими  беморхонаҳои минтақавии  Меҳробод ва Мискинобод, бунгоҳҳои тиббӣ ва шуъбаҳои муолиҷавӣ, қалб ва эндокринологӣ, эҳёгардонӣ ва функсионалӣ, сироятӣ, таваллудхона ва даромадгоҳи  беморхонаи марказии ноҳия, бинои озмоишгоҳи марказӣ аз таъмир бароварда шуд. Ба ин мақсад танҳо солҳои 2008-2009 зиёда  аз ду миллион сомонӣ сарф гардид. Таъмири  хушсифат ва дастрасии таҷҳизоти наву зарурӣ имкон дод,  то сатҳи хизмарасонии тиббӣ дар  деҳаҳои ноҳия  беҳтару хубтар гардад.

Солҳои баъдӣ бошад, корҳои таъмири асосию пурраи шуъбаҳои дигари беморхонаи марказӣ - ҷарроҳӣ ва бачагона   бо маблағи 350 ҳазор сомонӣ аз буҷаи ноҳия анҷом ёфт.

Соли  2014 дар доираи  таҷлили ҷашни 20-солагии қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Файзобод  маркази нави саломатӣ   ба истифода дода шуд. Масъалаи сохтмони дармонгоҳ соли 2008 зимни  сафари кории  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Файзобод  ба миён омад.  Президенти мамлакат хоҳишу дархости мардумро дар хусуси бунёди    маркази нави  саломатӣ   пазируфта,    аз ҳисоби фонди захиравии сардори давлат   маблағ ҷудо намуд. Баъди гузаштани шаш сол Маркази нави саломатӣ оғӯши худро баҳри хизмат ба мардум боз намуд ва он туҳфаи арзандае гардид барои аҳолии ноҳия. Маркази нави саломатӣ барои 150 қабул дар як бахш буда, бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар маркази саломатӣ асбобҳои тиббӣ барои ташхиси рӯдаю меъда, УЗИ, дастгоҳ барои духтурони дандон, бемориҳои чашм мавҷуд аст.

Бояд хотиррас шуд, ки ҳоло дар ноҳия 48 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаи марказӣ, беморхонаҳои минтақавии Меҳробод ва Мискинобод   амал менамоянд. Ҳамчунин 12 маркази саломатӣ, 27 бунгоҳи тиббӣ ва 6 маркази соҳавӣ дар хизмати сокинони ноҳия қарор дошта, дар онҳо 102 нафар духтурон ва 384 нафар ҳамшираҳои тиббӣ фаъолият доранд.

Давоми солҳои истиқлолияти давлатии кишвар   бобати бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин намудани марказҳо ва хонаҳои саломатӣ кори назаррас ба анҷом расонида шуд. Дар ин давра марказҳои саломатии Мискинобод, Меҳробод, Элок, Лолагӣ, Саричинор, Бӯстон, бунгоҳҳои саломатии Гултеппа, Кабкрез, Дашти марзо, Мулотуғма бо ҷалби барномаҳои амалкунандаи “Лоиҳаи Сино”, ташкилоти “Харвест-Корея” таъмиру тармим карда шуда, қисми зиёди марказҳо ва бунгоҳҳои саломатӣ аз ҳисоби ин барномаҳо бо асбобҳои  зарурӣ таъмин шуданд. Танҳо аз ҳисоби барномаҳои мазкур   наздики 500 ҳазор сомонӣ таҷҳизот барои  марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ соли ҷорӣ дастрас гардид. Сохтмони марказҳои саломатӣ дар як қатор  деҳаҳои ноҳия аз ин ҳисоб бояд анҷом гирад. 

Заҳмати  табибони ноҳия тӯли 25 соли Истиқлолияти кишвар  сазовор қадрдонӣ шудааст. Табиби шинохта Бибигул Ҳомидова бо унвони ифтихории Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  беш аз 18 нафар  духтурон  бо нишони ифтихории “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мукофотонида шудаанд.

«НФ».