Вт01162018

Last updateПн, 08 Янв 2018 10am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ТИБ

ТАБИБ ҲУҚУҚИ ХАТО КАРДАН НАДОРАД

ТАБИБ ҲУҚУҚИ ХАТО КАРДАН НАДОРАД«Моддаи 38. Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд. Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва туризм табдирҳо меандешад.

Шаклҳои дигари ёрии тиббиро қонун муайян мекунад».

(Аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Маҳмадалӣ Холиқов соли 1987 факултети муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистонро хатм намудааст. Як сол дар беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат зери роҳбарии мудири шуъбаи ҷарроҳӣ Саидаҳтам Гулов аз курси интернатура гузашт. Солҳои 1988-1993 дар беморхонаи шаҳри Норак чун ҷарроҳ фаъолият намуда, байни ин солҳо дар шаҳри Харкови Ҷумҳурии Украина ду моҳ аз курси баландбардории ихтисос гузашт. Солҳои 1993-2000-ум дар шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи ноҳия, солҳои 2000-2002 дар шаҳри Ленскии вилояти Якутия ба ҳайси сардухтури беморхонаи минтақавӣ, солҳои 2002-2009 мудири шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи ноҳия ва аз соли 2009 то инҷониб ҳамчун духтури ҷарроҳ фаъолият дорад. Аълочии тандурустии Тоҷикистон. Тахассуси касбиаш олӣ. Бо ташаббуси ин табиби ҳозиқ 18 август дар Рӯзи кормандони соҳаи тиб аввалин клиникаи шахсӣ барои хизмат расондан ба мардуми диёр кушода шуд. Оид ба фаъолияти имрӯзаи ин макони табобатӣ мо суҳбате доштем бо Маҳмадалӣ Холиқов.

- Чӣ шуморо водор кард, ки клиникаи шахсии худро кушоед ва бартарии фаъолияти шумо дар ин самт?

- Кушодани чунин клиникаҳо тақозои замон аст. Ман, ки солиёни дароз чун духтури ҷарроҳ дар Тоҷикистон ва берун аз он фаъолият кардаам, дарк мекунам, ки барои табобати бемор пеш аз ҳама тамоми шароитҳои мусоидро бояд муҳайё кард. Мо беморонро то имрӯз барои ташхиси фаросавтӣ ва озмоишӣ аз сабаби набудани таҷҳизотҳои зарурӣ берун аз ноҳия мефиристодем. Имрӯз таҷҳизоте, ки ман баъди гузаштани курси чормоҳаи фаросавтӣ (ултрасадо) бо он ба мардум хизмат мекунам, имконият медиҳад, ки беморон барои ташхиси баъзе касалиҳо, аз ҷумла, зоб (ҷоғар), ғадуди сина, бемориҳои занона ва ғайра берун аз ноҳия нарафта дар клиникаи мо ташхис карда шаванд. Таҷҳизоти мо моли Кореяи Ҷанубӣ буда SONOАCEX4 ном дорад. Ғайр аз ин бартарии кори мо боз дар он аст, ки озмоишгоҳи мо бо таҷҳизотҳои навтарин ва якбористифодашаванда пурра таъмин аст. Таҳлилҳое, ки дар озмоишгоҳи мо духтури соҳибтаҷриба Бибисоро Оймаҳмадова мегузаронад, дигар озмоишгоҳҳо ин имкониятро надоранд.

-Нархномаи хизматрасонии пулакии тиббии ҳуҷраи фаросавтӣ ва озмоишгоҳи шумо ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй аст?

- Нархномаи мо бо Хадамоти зидиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст. Мо бо 14 номгӯи хизматрасонӣ ташхиси фаросавтӣ мегузаронем. Нархи ташхиси фаросавтии талхадон 7 сомонӣ, ҷигар 8 сомонӣ, ғадуди зери меъда 9 сомонӣ, гурдаҳо 11 сомонӣ, узвҳои таносули занона ҳангоми бемориҳои гинекологӣ 14 сомонӣ, узвҳои таносули занона ҳангоми ҳомиладорӣ 15 сомонӣ. Ташхиси дигар намуди касалиҳо низ нархи баланд надоранд.

-Оянда чӣ гуна ниятҳо доред?

-Фикр мекунам, ки имрӯз доманаи фаъолияти клиникаи мо нисбатан маҳдуд аст. Ният дорем, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷои мувофиқ қитъаи замин гирифта бинои алоҳида созем. Агар чунин имконият ба мо даст диҳад, ҳуҷраҳои алоҳидаи урологӣ, дандонпизишкӣ, физиотерапия, касалиҳои занона кушоданием. Алҳол, ки мо чанд ҳуҷраи бинои шахсиро ба иҷора гирифтаем, имконияти фаъолиятамонро васеъ кардан надорем.

-Бузурге гуфтааст: «Табиб бояд ҳалиму хоксор, накӯкор, софдил, беғаразу ҳақгӯй бошад». Имрӯз мо ин сифатҳоро дар симову сирати шумо чун нигоҳбони беҳтарин неъмати зиндагӣ барои инсоният – саломатӣ мебинем. Худованд шуморо нигаҳбон бошад.

- Ташаккур.  Мо низ ба қасами худ: «Табиб ҳуқуқи хато кардан надорад» содиқем.

М. ТАҒОЕВА,

хабарнигори «Набзи Файзобод».