Вс05272018

Last updateЧт, 24 Май 2018 1pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ТИБ

ДУ НОМЗАДИ ИЛМ АЗ ЯК ОИЛА

Дар арафаи иди 26-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон зиёд гардидани сафи як нафар номзади илм аз ҷумлаи фарзандони диёр боиси ифтихору фараҳмандист. Дастпарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 Тилло Зубайдов рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Носурҳои мураккаби қисми чорбанду думғозаи сутунмуҳра» таҳти роҳбарии доктори илмҳои тиб, профессор М.К.Гулов, дар намояндагӣ аз Федератсияи Россия Л.А.Благодарный – доктори илмҳои тиб, профессори Академияи тибби Вазорати тандурустии Федератсияи Россия, А.М.Мадаминов-профессори университети Россия-Славянии ба номи Б.Н.Елсини Ҷумҳурии Қирғизистон бомуваффақият ҳимоя намуда, номзади илми тиб гардид.

Тилло Зубайдов ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, курси интернатураро дар кафедраи ҷарроҳии Маркази миллии тиббии ҶТ, шуъбаи бемориҳои ҷарроҳӣ ва садамаҳои пайваста, бо ихтисоси ҷарроҳ, ординатураи  клиникиро дар Беморхонаи клиникии шаҳрии Ёрии таъҷилӣ бо дипломҳои сурх хатм намудааст.  Фаъолияти меҳнатиашро ин ҷарроҳи ҷавон дар МСД Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ оғоз намуда, баъдтар дар ин дармонгоҳ вазифаи сардухтуриро адо менамуд. Аз соли 2013 то инҷониб дар беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ дар вазифаи менеҷер оид ба корҳои табобатӣ фаъолияти меҳнатиашро идома дода истодааст. Ҳамзамон солҳои 2010-2014 аспирантураро дар кафедраи ҷарроҳии умумии №1 БКШ №5 хатм намуда, аз паи навиштани рисолаи номзадӣ гардид.

Тилло Зубайдов зиёда аз 68 адад мақолаҳои илмӣ ҷиҳати проблемаҳои назария ва амалияи тибби муосир навиштааст, ки 4 мақолаи он  дар маҷаллаҳои комиссияи олии аттестатсионии Федеретсияи Россия нашр гардидааст. Баромадҳои ӯ дар  конференсияҳои байналмилалӣ доир ба мавзӯи рисолаи номзадиаш боиси таваҷҷуҳи зиёди донишмандони соҳаи тиб гардидааст. Инчунин оиди ташхис, тасниф, табобати мавзӯи бемории рисолаи номзадиаш шаш пешниҳоди ихтироъкорӣ ва навгонӣ намудааст.

Воқеан аз ҳашт нафар бародарони ин оила чор нафарашон пайи касби ҳифзи саломатӣ – беҳтарин неъмати зиндагӣ барои инсонро интихоб намудаанд. Ва ду нафарашон аллакай номзади илми тиббанд. Бародарбузургаш – Рустам Зубайдов, ки айни замон муаллими калони ДДТТ мебошад, соли 2010 дар шаҳри Москва дар мавзӯи «Сактаи дил, кардиомиопатияҳо, фишорбаландӣ, бемориҳои  қабзии дил» рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст.

Олими ҷавон, Аълочии тандурустии ҶТ Тилло Зубайдовро бо шарафи бузург - номзади илми тиб гардиданаш муборакбод намуда, дар фатҳи қуллаҳои боз ҳам баланди илми тиб барояш барор мехоҳем.

Т. МУНАВВАРА.