Пт11162018

Last updateЧт, 15 Нояб 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ТИБ

НЕЪМАТИ БУЗУРГ

     НЕЪМАТИ БУЗУРГСолиёни пеш дармонбахши беморон аслан   табибони халқӣ ва муллоҳо буданд. Онҳо усулҳои гуногуни табобат, аз ҷумла  дуохониву рӯҳфарорӣ, аловгардонӣ, бахшибонӣ, хӯрондани доруҳои аз гиёҳҳо омода шуда, маҳскунӣ, хунгирӣ, шикастабандӣ ва ғайраро, ки пушт ба пушт миёни мардум маъруфият дошт, истифода мекарданд.

Подробнее...

НЕКӢ КАРДАН ДАРСИ ПАДАРИ ӮСТ

    НЕКӢ КАРДАН ДАРСИ ПАДАРИ ӮСТЧанд вақт пештар барои табобати дандонҳоям ба дандонпизишк Баҳриддин Мирзоев муроҷиат кардам. Ӯ маслиҳат дод, ки дандони комакӣ монам. Ва ин корро худаш бо нархи арзон ба ӯҳда гирифт. Ростӣ, давоми табобату дандонмонӣ чанд дафъае, ки назди ин духтур будам, муомилаю муносибаташ писандам омад. Ӯ корафтодаҳоро хуш қабул мекунаду бо меҳрубонӣ гусел менамояд. Ҳамин хислаташ водор намуд, ки аз кору бораш пурсон шавам.

Подробнее...

ВОРИСИ СИНО БУДАН МАСЪУЛИЯТ АСТ

    ВОРИСИ СИНО  БУДАН МАСЪУЛИЯТ АСТСоли равон сокинони кишварамон  20-солагии қабули  Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд  сазовор истиқбол хоҳанд гирифт. Боиси хурсандии мо, кормандони соҳаи тибби кишвараст, ки таҷлили иди касбиямон дар арафаи омодагиҳо ба ин санаи  тақдирсоз рост омада истодааст.  Аз инрӯ, мо, табибон вазифадорем,ки  хизматрасониро ба мардум дар сатҳи баланд  ташкил намуда, пайи саломатии сокинони диёр омода бошем. Бо ин мақсад 100 нафар духтурони баландихтисос, 332 нафар ҳамшираҳои тиббӣ пурсамар фаъолият намуда истодаанд.

Подробнее...