Ср06202018

Last updateВт, 19 Июнь 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ТИБ

ТАБИБ ҲУҚУҚИ ХАТО КАРДАН НАДОРАД

ТАБИБ ҲУҚУҚИ ХАТО КАРДАН НАДОРАД«Моддаи 38. Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд. Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва туризм табдирҳо меандешад.

Шаклҳои дигари ёрии тиббиро қонун муайян мекунад».

(Аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Муфассал...

РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Ҳамасола барои бунёду таъмир ва бо таҷҳизоти навтарин таъмин кардани соҳаи тандурустӣ  маблағҳои зарурӣ ҷудо  карда мешавад. Масъалаи ҳифзи сиҳатии мардум  бевосита  зери таваҷҷуҳи Президенти  мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Муфассал...

СОЛИМИИ КӮДАКОН АЗ МО ВОБАСТА АСТ

Масъалаи ҳифзи саломатии аҳолӣ, бахсус кӯдакон дар ҷомеаи имрӯза хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли гузашта ба Маҷлиси Олӣ қайд намуд, ки дар қаламрави кишвар қариб ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18-сола ҳаёт ба сар мебаранд, ки  зери ҳимояи давлат қарор доранд. Сабаби зиёд шудани кӯдакони  маъюбро Президенти кишвар аз никоҳи хешутаборӣ, инчунин аз волидайни гирифтори нашъамандӣ донистанд. Ин вазъият дар ҳоле ҷой дорад, ки аз тарафи давлат ҷиҳати таваллуд  ва ба воя расонидани насли солим чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Бар замми ин ҳоло ҳам ҳастанд ҳолатҳое, ки ба вайрон гардидани ҳуқуқи кӯдак ва ҳифзи саломатии ӯ сабаб мешаванд.

Муфассал...

НАЗОРАТРО ПУРЗӮР МЕБОЯД

Таҳти назорати маркази давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия 592 иншоотҳои самтҳои фаъолияташон гуногун қарор доранд. Тайи чор моҳи соли равон аз тарафи кормандони мо 158 маротиба санҷишҳои санитарию гигиенӣ дар иншоотҳои номбурда гузаронида шудааст. Тибқи санҷишҳои мазкур 25 супориши санитарӣ, 44 протокол, 44 қарор оиди бастани ҷарима тартиб дода, барои чораҷӯӣ равон гардидааст.

Муфассал...

ТАБИБОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Мо кормандони беморхонаи марказии ноҳия қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» - ро ҳамчун хизматҳои таърихии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди миллат медонем. Аз Пешвои миллат эълон шудани Президенти мамлакат бисёр хурсанд ҳастем, чунки ӯ ба ин унвон сазовор мебошад. Ҷангҳои шаҳрвандие, ки дар кишвари мо рух дода буд, Ҷаноби Олӣ бо тамоми сахтиҳо ин ҷангро ба сулҳ табдил доданд.

Муфассал...

СУХАНИ ХУБ ҲАМ ДАВОСТ

Табобату дармонбахшӣ хело ҳам касби нозук аст. Чунки табибон (духтурон) бо ҷони инсон сару кор гирифта, ба дарди мардум даво мебахшанд. Таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба соҳаи тандурустӣ бесабаб нест. Зеро солимии ҷомеа солимии миллат аст.

Муфассал...

БОТУЛИЗМ

Ботулизм бемории ниҳоят вазнини хатарнок барои ҳаёт буда, ба системаи асаб зарар мерасонад ва дар аксар маврид бо марг анҷом меёбад.
Ботулизм ин заҳролудшавиест, ки аз нейротоксини ботулинӣ ба амал меояд. Токсин (заҳр)-и ботулинӣ ба бадани одам тавассути ғизои сироятёфта меафтад. Сироятёбӣ ба бемории ботулизм ҳангоми истеъмоли хӯришҳои сироятёфтаи сабзавотӣ (бештар аз помидор, бодиринг, боимҷон) ва ба занбӯруғҳои дар шароити хона консервакунонидашуда ба амал меояд.

Муфассал...

ФАЛАҶ ИРСӢ ҲАМ МЕШАВАД

Фалаҷ бемории шадиди сироятӣ буда, барангезандаи он серотипи вируси фалаҷ ба ҳисоб меравад. Энтеровирусҳои фалаҷ ба оилаи picornaviridae таалук дорад. Ба ин намуди беморӣ танҳо одамон сироят меёбанд. Берун аз бадани инсон вирус қобилияташро гум мекунад. Роҳҳои сироятёбии барангезандаи бемории фалаҷ аксари вақт аз одам ба одам бо роҳи фазлавӣ-даҳонӣ мегузарад. Чунки вируси фалаҷ дар даруни рӯда афзоиш меёбад ва бо наҷосат берун мешавад. Давраи сироятёбӣ то саршавии фалаҷшавӣ аз 10 то 12 рӯзро дар бар мегирад. Вирус ба одамони масунияти сустдошта ба осонӣ мегузарад. Аз ин лиҳоз то лаҳзаи авҷгирии фалаҷшавии бемор, барангезанда метавонад ба одамоне, ки бо бемор алоқаманданд, гузарад.

Муфассал...

БЕМОРИИ ОБИ МАРВОРИД

Истилоҳи «Глаукома» гурӯҳи калони бемориҳои чашмро ифода менамояд, ки ҳангоми хуруҷи он доимо ё муваққатан фишори дохилии чашм баланд шуда, оқибат ба тангшавӣ ва пайдошавии нуқсонҳои хоси майдони биноиш, пастшавии тезии биноиш, атрофияи глаукоматозии давраи асаби босира ва ниҳоят ба нобиноӣ оварда мерасонад, ки дигар табобатнашаванда аст.
Сабаби асосии баландшавии фишори дохилии чашм ин вайроншавии ихроҷи моеи дохили чашм аз кунҷи ҳавзаи пеш ва дар баъзе мавридҳо зиёдшавии секретсияи моеи дохилии чашм мебошад.

Муфассал...