Пт11162018

Last updateЧт, 15 Нояб 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ТИБ

ТАБИБОН МЕГӮЯНД: «КАСАЛ НАШАВЕД!»

 

Дар мушоҳидаи мо касалхона аз озодатарин муассисаҳои амалкунандаи ноҳия аст. Бе ягон муҳобот тозагию озодагии атрофу дохили бино ва утоқҳо ба хизмати ҳалоли коркунони хурди тиббӣ – санитар – озодакорон вобаста аст. Суҳроб Ҷобиров, ки аз омаданаш ба сифати сартабиби ноҳия якуним сол мешавад, ба ин гурӯҳи кормандон баҳои хуб дод. Айни ҳол шумораи кормандони хурди тиббӣ ба 80 нафар мерасад.

Арафаи иди касбии корунони тандурустӣ кӯшишу ҳаракати сабзхилъатпӯшон дучанд зиёд шуд.

***

Касалхонаи марказӣ 200 кати шифобахшӣ дорад. Бартарии  қабули беморон ва табобати муқаррарии онҳоро нисбат ба касалхонаҳои шаҳру навоҳии тобеи марказ мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон қайд кард. Айни замон 38 нафар табибони соҳибкасб ва 162 нафар кормандони миёнаи тиббӣ ба табобати беморон машғуланд. Сифати хизматрасонӣ рӯз аз рӯз беҳ мешавад. Ҳамин аст, ки аз шаҳрҳои Роғуну Ваҳдат, дигар минтақаҳои ба Файзобод наздик беморон барои табобат гирифтан ба касалхонаи мо меоянд.

                                                        ***

Охири соли гузашта шуъбаи касалиҳои асаб ба қаноти чапи бинои асосӣ гузашт. Пеш аз гузаштан ба маблағи 15 ҳазори буҷет таъмир карда шуд. Инҷо шароит беҳтар аст.

Шуъбаи пешинаи касалиҳои асаб баъди таъмир ба ихтиёри коллеҷи тиббӣ дода мешавад. Маблағи таъмир аз ҳисоби соҳибкорони саховатпеша сурат мегирад.

***

Сартабиб мақсад гузоштааст, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷа дар доираи 30 ҳазор сомонӣ қабулгоҳи касалхона таъмир карда шавад. Воқеан ин шуъба ба таъмир ниёз дорад.

***

Рӯзҳои наздик таъмири утоқҳои шуъбаи ҷарроҳӣ навкорӣ карда мешавад. Маблағи таъмирро худи табибон ба уҳда гирифтаанд.

Шуъбаи ҷарроҳӣ аз шуъбаҳоест, ки ҳамеша бе одам нест. Агар утоқҳои хоб тозаю барҳаво бошад, табъи бемор хуш шуда, аз ин ҷиҳат ҳам зуд шифо меёбад.

***

Суҳроб Ҷобиров аз пешравиҳои табобати беморон изҳори назар карда, гуфт, ки имсол дар касалхона қариб 30 адад ҷарроҳии талхадон гузарондааст. Соли 2016 ҳамагӣ як дафъа чунин амалиёт сурат гирифта буд.

Дар таваллудхона 12 нафар модарон аз иллати бачадон (гӯшти зиёдатӣ) эмин монданд.

Ҷарроҳии касалиҳои урологӣ бошад, бемамониат ва беҳудуд анҷом дода мешавад.

Ин рақамҳо шаҳодати он аст, ки беморон ба табибони маҳал боварӣ доранд.