Чт12142017

Last updateПт, 08 Дек 2017 1pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ТИБ

ҲОРӢ ВА ПЕШГИРИИ ОН

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС

Ҳорӣ бемории шадиди вирусии ҳайвонот ва одамизот буда бо вайроншавии системаи асаби марказӣ гузашта, ба марг оварда мерасонад.

Ангезандаи ин беморӣ  2 намуд мешавад, яке ёбоӣ, ки   дар табиат давр мезанад, дигараш ҳамроҳшуда (дар одам ва ҳайвонот). Берун аз бадани ҳайвон дар шароити муқарарӣ зиндагӣ карда наметавонад.

Дар маҳлули глисерин бошад то 90 рӯз зиндагӣ мекунад. Дар хунукӣ тобовар, дар бадани заргӯш ва  дигар хояндаҳо афзоиш меёбад. Дар шароити лабараторӣ кишт намешавад. Дар температураи 60 С нест мешавад-дар 5 дақиқа, дар ҷушонидан дар 2 дақиқа, аз таъсири маводҳои химиявӣ тез нобуд мешавад.  Манбаи асосии вирус-ҳайвонҳои ваҳшӣ ба ҳисоб мераванд (гург, рубоҳ, шағол) баъд муши парвоз ва дигар хунмакҳо.

Ғайр аз ин ҳорӣ  дар миёни  ҳайвонҳои хонагӣ (чорвои калони шохдор, моли майда, асп,хар,шутур, хук, саг, гурба ва ғайра) низ дучор мешавад.   Инсон  дар 80-90 фоизи  ҳолатҳо аз сагҳо зарар мебинад   Одами бемор моҳияти эпидемиологӣ надорад, манбаи беморӣ шуда наметавонад. Ҳайвоноти бемор бошанд дар охири давраи пинҳонӣ ангезандаро (вирусро) бо вобастаи оби даҳон ба берун (ба табиат) мебароранд, аз ҷумла: дар давраи беморӣ то вақти фавтидан.

Барангезанда (вирус) аз ҳайвони бемор дар натиҷаи газидан, луобигардонии пусти ярадор, захмдор ё луобии узвҳо дар вақти пуст кардани ҷасади аз ин беморӣ фавтида (ҳайвонҳои ваҳшӣ ва хонагӣ). Гоҳ-гоҳ дар фасли тобистону тирамоҳ (корҳои саҳроӣ) дар байни мардуми деҳот, бемори ба қайд гирифта мешавад.

Барои пешгирии беморӣ чорабиниҳои зеринро  амалӣ кардан зарур аст: 

а) Нобуд кардани ҳайвонҳои ваҳшӣ, сагҳо. Аз он ҷумла ҳайвонҳои гумонбар ба ҳорӣ ва ҳайвонҳои ҷабрдида аз ҳайвонҳои бемории ҳорӣ дар чоҳи беккари гуронидани онҳо.

б)  Эмгузаронии ҳайвонҳои хонагӣ. Алоҳида нигоҳ доштани ҳайвонҳое, ки одам ҷабр дидааст. Ба муҳлати 10 рӯз зери назорати    бойтор қарор додани онҳо. Ҳайвонҳое, ки баъди газидани  ҳайвони ҳорӣ ҷабр дидаанд   ҳатман бояд эм гиранд.

в) Бо шаҳодатномаи саломати таъмин намудани ҳайвонҳои бемаҳсули хонаги (саг, асп, хар, гурба) аз тарафи бойторон (РНДБ).

Мардуми ҷабрдида, луобгардонда шуда, харошидашуда (захмдоршуда), ё ин, ки ҳайвони гумонбар зарардида, баъди ёрии аввалин додан ба зидди кузоз эм гузаронида мешаванд, нисбати бемории ҳорӣ аз рӯи дастурамали ҷойдошта ба таври шартӣ ё ғайришартӣ эм гузаронида мешаванд, ҳамзамон  гаммаглабулини зидди ҳорӣ низ, шахсони зарардида то муайян шудани ҳолати саломатии ҳайвони гумонбар ба  таври шарти 3-эми ваксинаи антираби, ё ҳолати вазнин заҳролудшавӣ (дараҷаи вазнин) гаммаглабулини антирабӣ гузаронида мешаванд. Дар ҳолати баъди 10 – рӯз пайдо шудани аломатҳои беморӣ дар ҳайвон табобатро ба таври ғайришартӣ давом медиҳанд. Дар ҳолати солим мондани ҳайвон табобат қатъ гардонида мешавад.

Ҳатман чорабиниҳои оммафаҳмонӣ нисбати муайян сохтани шумораи ҷабрдидагон ва сари вақт муроҷиат кардани онҳо бояд гузаронида шаванд.

С.ЯТИМОВ, духтури

эпидемиолог