Вс09232018

Last updateПт, 21 Сен 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ТИБ

ЭМГУЗАРОНӢ: НАТИҶАИ ХУБ ДОРАД

Тадқиқоти олимони соҳаи тандурустӣ тасдиқ кардаанд, ки чи қадаре,  масунияти (иммунитети) одам баланд бошад, ҳамон қадар қувваи ҷисмонии он хуб мегардад. Иммунитет, ин ҳифзи вазифавии бадан мебошад. Одаме, ки иммунитет надорад, дар ҳаёти зиндагӣ корношоям ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир, иммунитет боигарии бебаҳост, агар бадан дорои он бошад. Аз ҳамин сабаб ҳама вақт мебояд дар давраи наврасии кӯдакон ба онҳо эмгузаронӣ карда шавад. Бо шарофати иммунизатсия организми кӯдак ба касалиҳои сироятӣ мубориза бурда, ғалаба мекунад. Вале чӣ тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ҳастанд нафароне, ки бо хоҳиши худашон нею маҷбуран ба назди духтурон барои эмгузаронӣ меоянд. Баъзе волидон аз эмгузаронии кӯдакони худ даст мекашанд ва барои пешгирии бемориҳои сирояткунанда кореро анҷом намедиҳанд.  Ҳангоми бемор шудани кӯдакон  ва дар беморхона бистарӣ шудани тифлашон мекӯшанд, ки кӯдакашон шифо ёбад. Вале на ҳама вақт духтурон қудрати табобати беморро доранд. Чунин бемасъулиятии волидон ба он оварда мерасонад, ки фарзандони онҳо азоби маъюбӣ мекашанд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистони мо эмгузаронӣ ройгон аст, ҳол он ки дар дигар мамлакатҳои тараққикарда барои эмгузаронӣ волидон маблағи калон сарф мекунанд. Дар баъзе давлатҳо бошад, аз сабаби нагузаронидани эмкунӣ кӯдакон ба бемориҳои «кузоз» ва «гулизиндонак» дучор гардида мефавтанд. Хушбахтона, дар Тоҷикистон мо, ки сари вақт ба кӯдакон эгузорӣ бурда мешавад, чунин касалиҳо ба қайд гирифта намешаванд.

Мебояд, ки ҳамаи мо ба ақли солим фарзандони худро сари вақт эмгузаронӣ кунем, то ба чунин бемориҳои марговар мубтало нагарданд.