Чт04262018

Last updateВт, 24 Апр 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ТИБ

ЧАГАЛДАК (ПИРОЖКӢ) Ё ЗАҲР?!

Ҳамчун мутахассиси соҳаи гигиенаи хӯрокаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ равиши имрӯзаи кори  соҳибкорон ва кормандони нуқтаҳои хӯроквории «тезтайёр»-и маркази ноҳияро боиси таассуфу ғайриқаноатбахш меҳисобам.

Ба муассисаҳои хӯрока танҳо он нафароне ба кор роҳ дода бояд шаванд, ки аз муоинаи духтурони силшинос, бемориҳои сироятии рӯда, бемориҳои чирковари пӯст, намлат (экзема), кӯра (трахома), хоришак (чессотка), илтиҳоби римноки пардаҳои луобии бинӣ ва дигар табибон гузашта бошанд. Аммо дар аксар чунин нуқтаҳо  нафароне фаъолият менамоянд, ки аз муоинаи тиббӣ нагузашта ба одитарин қоидаҳои гигиенаи шахсӣ риоя намекунанд.

Таъкидан мегӯем: равғане, ки ба мақсади пухтупази чагалдак (пирожкӣ) истифода бурда мешавад, танҳо 2 ё 3 маротиба доғ карда шавад. Аммо кормандони ин нуқтаҳо то қатраи охирин равғанро доғ намуда, чагалдак (пирожкӣ) мепазанд, ки ин равған ба заҳр мубаддал мегардад. Ҳангоми оксидшавӣ дар онҳо атсидҳои чарбии хурдмолекулярӣ, радикалҳои перексии ниҳоят фаъол, ҳидроперекисҳо, эпоксидҳо ва дигар моддаҳои заҳрнок ҳосил менамояд, дар давраи оксидшавӣ, инчунин маҳсулоти хурдмолекулярии фосидшавӣ, алдегидҳо, кетонҳо, атсидҳо ҳосил мешаванд, ки талхтаъмии чарб ва бӯи бади онро кас ҳис менамояд. Ва мо чагалдак (пирожкӣ) не, балки заҳр истеъмол менамоем. Ба ҳамдиёрон тавсия медиҳем, ки аз нуқтаҳои тезтайёре хӯрок истеъмол намоянд, ки онҳо қоидаҳои гигиенӣ ва тозагиро ба роҳ мондаанд.