Чт04262018

Last updateВт, 24 Апр 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ТИБ

ДАСТАТОН ДАРДРО НАБИНАД, ВОРИСОНИ СИНО

Беш аз як ҳафта мешавад, ки падарам дар шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи марказии ноҳия таҳти доруву дармони табибони ҳозиқ қарор дорад. Ростӣ, мо аз хизматрасониҳои кормандони ин шуъба самимона розӣ ҳастем. Муносибати табибону хоҳарони шафқат хело хуб аст.

Муносибати меҳрубонона, лафзи ширини хоҳарони шафқати шуъбаи бемориҳои сироятии беморхона аз ҳазорон доруву дармон болотару волотар аст.

Мудири  шуъбаи бемориҳои сироятӣ Беҳрӯз Пиров хоксор ва дар кори худ содиқ будааст. Тӯли қариб панҷ сол мешавад, ки ӯ дар шуъбаи бемориҳои сироятӣ кор ва фаъолият дорад.  Соли 2017 ӯро ба вазифаи мудири шуъбаи бемориҳои сироятӣ таъйин намуданд.

Имрӯз шуъбаи мазкур яке аз шуъбаҳои беҳтарини беморхонаи марказии ноҳия ба шумор меравад.

Ман аз номи ҳамаи беморони шуъбаи бемориҳои сироятӣ ба воситаи рӯзномаи дӯстдоштаам «Набзи Файзобод» миннатдории худамро ба сардухтури беморхона Суҳроб Ҷобиров, ба мудири шуъбаи бемориҳои сироятӣ Беҳрӯз Пиров, ба хоҳари калони шафқат Марям Бақоева ва ба кулли кормандони ин шуъба мерасонам.