Ср05272020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ТИБ

ФАЛАҶ ИРСӢ ҲАМ МЕШАВАД

Фалаҷ бемории шадиди сироятӣ буда, барангезандаи он серотипи вируси фалаҷ ба ҳисоб меравад. Энтеровирусҳои фалаҷ ба оилаи picornaviridae таалук дорад. Ба ин намуди беморӣ танҳо одамон сироят меёбанд. Берун аз бадани инсон вирус қобилияташро гум мекунад. Роҳҳои сироятёбии барангезандаи бемории фалаҷ аксари вақт аз одам ба одам бо роҳи фазлавӣ-даҳонӣ мегузарад. Чунки вируси фалаҷ дар даруни рӯда афзоиш меёбад ва бо наҷосат берун мешавад. Давраи сироятёбӣ то саршавии фалаҷшавӣ аз 10 то 12 рӯзро дар бар мегирад. Вирус ба одамони масунияти сустдошта ба осонӣ мегузарад. Аз ин лиҳоз то лаҳзаи авҷгирии фалаҷшавии бемор, барангезанда метавонад ба одамоне, ки бо бемор алоқаманданд, гузарад.

Ихроҷшавии вирус дар муддати як моҳ баъди сироятшавӣ ё дертар давом меёбад. Миқдори аз ҳама зиёди вирус, пеш аз саршавии фалаҷшавӣ дар муддати ду ҳафта баъди пайдо шудани нишонаҳои беморӣ, ба назар мерасад.

Дар 90-95 фисади одамони сироятёфтаи вируси фалаҷ беморӣ бе ягон нишонаҳои клиникӣ мегузарад. Дар 4-8 фоизи сироятёфтагон бошад, беморӣ ба таври сабук мегузарад ва ба ӯ нишонаҳои начандон баланди табъи бадан, ангина, дилбеҳузурӣ, дард дар шикам, беиштиҳоӣ ва сустии тамоми бадан хос аст. Чунин намуди беморон тез сиҳат мешаванд. Дар онҳо фалаҷшавӣ ба вуҷуд намеояд. Ин шакли бемориро «фалаҷи абортивӣ» меноманд.

Фалаҷи паралитикӣ-тахминан дар 0,5 фисади сироятёфтагон инкишоф меёбад ва аз воситаҳо ва хосиятҳои ирсӣ низ кам нест. Беморӣ дар аксари вақт ду марҳиларо дар бар мегирад, ки онҳоро метавон дар ҷараёни сироятёбӣ аз якдигар фарқ кард.

Марҳилаи асосии беморӣ аз пайдо шудани дард дар мушакҳо, ихтиҷолҳо (спазмҳо) баландшавии ҳарорати бадан сар мешавад. Намуди аз ҳама зиёди ҳодисаҳои бемории фалаҷи паралитикӣ ин “фалаҷи паралитики миён” аст. Дар он мушакҳои осебдида хеле заиф шуда, рефлексҳо суст мешаванд.

Дар мавриди табобати беморӣ, дорӯҳои махсуси зидивирусӣ барои фалаҷ нест. Табобат муолиҷаи нигоҳдоранда ва симптоматикиро дар давраи шадиди беморӣ дар бар мегирад. Танҳо дар ҳолати эҳсоси дард дар узвҳои зикршуда, ба табибони соҳа муроҷиат кардан зарур аст.

Бахтибек Ҷалилов, директори
маркази иммунопрофилактикаи ноҳия.