Пн12112017

Last updateПт, 08 Дек 2017 1pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ТИБ

ЗАРДПАРВИНҲОИ ВИРУСӢ

Дар байни одамон гурӯҳи бемориҳои хосе мавҷуд аст, ки дорои аломатҳои муайяну алоҳида буда, ба вайроншавии ҳуҷайраҳои ҷигар оварда мерасонад. Хатари дигари бемориҳое, аз қабили  мононуклеози сироятӣ, сирояти ситомегаловирусӣ, таби зард, ки оқибат ба гепатит оварда мерасонанд, ба ин номгӯй дохил намешаванд. Зардпарвинҳо ба таври васеъ дар курраи замин ба қайд гирифта мешаванд. Барангезандаи онҳо вирус ба ҳисоб рафта, ҳаёти муфтхӯриро мегузаронанд, ба оилаҳои гуногун дохил мешаванд ва бо воситаҳои гуногун мегузаранд, аз ҷумла ба воситаи даҳону наҷосат (А- Е), алоқаи ҷинсӣ, ё ин ки сунъӣ бо хун (В, С, Д, G). Онҳо ягона гурӯҳеанд, ки аломатҳои хоси пайдоиш ва ба анҷом расиданро доранд. Давраҳои амалкунандагии гуногун доранд ва ниҳонӣ аз 7 то  180 рӯз давом мекунанд. Дар ин давра низ сироятёфта ба ҳисоб рафта, дар паҳн кардани беморӣ роли худро мебозанд. Баъди беморӣ имунитети ҳаётии намудӣ  пайдо мешавад.

Ин вирусҳо бо хусусиятҳои пайдоишии худ ба гурӯҳҳои гепатити А (ГА), гепатити В (ГВ), гепатити С (ГС), гепатити Д (ГД), гепатити Е (ГЕ), гепатити G (Г G ) номаълум ҷудо мешаванд. Дараҷаҳои сабуку миёна ва вазнин ба қайд гирифта мешаванд. Беморон асосан табобат ёфта солим мегарданд. Айни ҳол бемории зардпарвини “В”дар ноҳия мардумро дар ташвиш андохтааст ва мардум ба маслиҳати мутахассисон эҳтиёҷ пайдо кардаанд. Ин зардпарвин аз дигар зардпарвинҳо бо хусусиятҳои дараҷанокии худ қариб, ки фарқ намекунад. Лекин савияи пасти дониши аҳолӣ дар байни мардум проблемаҳои гуногунро ба амал меорад ва сабаби нофаҳмию паҳншавии беморӣ мегардад.

Мардуми тоҷик умуман, меҳмонавоз, дилкушод, ботамкин ва раҳмдил мебошанд. Чунин рафтор беҳтарин сифатҳоро муайян кунад ҳам, дар ҳолатҳои дигар сабаби паҳн гаштани ин беморӣ мегардад, аз ҷумла пешниҳоди асбобҳои ришу  нохунгирӣ ва сартарошии шахсӣ ба меҳмон, сачоқу либосҳои таг. Аз куҷо медонем, ки меҳмон чӣ беморӣ дорад.

Ягона чораҳое, ки дар солимгардонӣ ва паҳн нашудани ин беморӣ лозим мешавад, ин таъмини гигиенаи шахсӣ (асбобҳои ришгирии алоҳида, дандоншӯяк, кайчӣ, ҷиҳози тагпӯш ва ҷои хоб), гигиенаи умумӣ мебошад. Истифодаи сӯзандоруҳо,  сӯзанҳои яккарата ва системаи чакак барои хунгузаронӣ ва дигар эҳтиёҷотҳои тиббӣ, тамизгардонии асбобҳои тиббӣ, маникюрию педикюрӣ, суннатигардонӣ, бо ёрии сӯзан гузаронидани нақшҳо, сӯрох кардани гӯшҳо, холмонӣ,  муҳофизати шахсии кормандони тиббӣ дар вақти хунгузаронӣ), ташвиқоту таблиғот дар байни аҳолӣ нисбати нашъамандон, таъмини гигиенаи узвҳои таносул пеш аз алоқаи  ҷинсӣ низ роҳҳои солимгардонӣ ва паҳн нашудани ин беморӣ дар байни аҳолӣ мебошад. Яке аз роҳҳои хубтарину муфид барои никоҳшавандаҳо (арӯсу домод) ва муҳоҷирони меҳнатӣ, ин сари вақт гузаштан аз муоинаи тиббӣ мебошад. Муоинаи тиббии ҳатмӣ барои никоҳшавандаҳо дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ройгон таъмин карда мешавад.

Барои  солимгардонии миллат ҳама чораҳо андешида мешаванд. Аз соли 1999 дар байни навзодон маъракаи эмгузаронӣ нисбати зардпарвини “В “гузаронида мешавад ва аз эҳтимол дур нест, ки барои болиғон низ дар солҳои наздик ташкил карда шавад. Ҳоло ин ваксина дар шабакаҳои дорухонаҳои давлатӣ дар фурӯш  барои болиғон ҷой дорад.

А. Г ЗАРДОВ, директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам, духтури эпидемиологии дараҷаи олӣ.