Ср05272020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ТИБ

СУХАНИ ХУБ ҲАМ ДАВОСТ

Табобату дармонбахшӣ хело ҳам касби нозук аст. Чунки табибон (духтурон) бо ҷони инсон сару кор гирифта, ба дарди мардум даво мебахшанд. Таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба соҳаи тандурустӣ бесабаб нест. Зеро солимии ҷомеа солимии миллат аст.

Боиси таҳсин аст, ки дар ноҳия монанди Қиёмиддин Раҷабов духтуроне ҳастанд, ки бо сухани хубу рафтори намунавӣ ном баровардаанд. Мавсуф на вақти кори дораду на мисли дигарон баҳона меҷӯяд. Яъне ҳамеша пайи хизмати мардум аст. Аз ин рӯ пушти дари утоқи кориаш аз субҳ то шом беморон аз роҳҳои дур баҳри муоина омада табобат мегиранд. Вале афсӯс, ки ба мисли ӯ духтурон ангуштшуморанд. Ҳатто баъзеяшон ба қасами хӯрдаашон содиқ нестанд.   Чанд рӯз пеш зарурате пеш омаду дар беморхонаи марказӣ паси утоқи кории яке аз табибони шинохтаи ноҳия корафтода шудам. Беморони зиёд навбат мепоиданд. Аз интизории зиёд косаи сабри мизоҷон лабрез шуду бақавле башӯр даромаданд. Ин лаҳза бемореро наздаш дароварданд. Аммо боз садои сарди духтур баланд шуду бо асобоният гуфт: “ҳоло ман кор дорам, вақт надорам, дертар қабул мекунам”. Аз чунин муносибати сард бо беморон тоқат накарда гуфтам, ки вазифаи асосии шумо сари вақт қабул намудани беморон ва муолиҷаи онҳост. Дар ҳоле, ки   пушти даратон мардуми зиёд бо асабҳои хароб мунтазир, шумо, ки ба дарди мардум нахӯред, пас аз дигарон чӣ гилла кунем.   Фикр мекунам агар масъулият бошад, қабули бемор мушкилӣ намеорад. Пешниҳоди банда аз пизишкони ноҳия ин аст, ки дар қабули беморон ва даво бахшидан   ба ҷойи заҳри забон задан   аз суханони нек, ханда, чеҳраи кушода ва муомилаи гарму самимӣ истифода баранд.

М.Абдулҳаев, сармутахассиси

шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия