МАОРИФ
КИТОБХОНА ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАРБИЯИ МАЪНАВИИ ХОНАНДАГОН
- Подробности
-
22 Дек 2014
Бе китоб, эй дўстон, бунёди мо норавшан аст,
Тираву торик ҳамчун хонаи беравзан аст.
Абулқосим Фирдавсӣ
Бештар аз панҷ сол аст, ки ба ҳайси мудири китобхона дар литсейи касбии техникии ноҳия фаъолият дорам. Таҷрибаи тӯли ин солҳо андӯхтаам дар ҷодаи китобу китобдорӣ, муносибат ба китобу китобхонӣ, ҷалби хонандагону кормандони муассисаи таълимӣ ба ин боргоҳи маърифат имкон медиҳад, ки роҷеъ ба нозукиҳои ин соҳаи мубраму муҳим ибрози назар созам.
СОҲИБҲУНАРЕ, КИ БОТАМИЗ АСТ
- Подробности
-
23 Нояб 2014
(ЧАНД ВАРАҚ АЗ КОРУ РӮЗГОРИ ДИРЕКТОРИ МАКТАБИ РАҚАМИ 20 А.САЙРИДДИНОВ, КИ СОБИҚАИ 38 СОЛАИ ОМӮЗГОРӢ ДОРАД)
ОҒОЗ
Деҳаи Ҷонварсӯз яке аз деҳаҳои калони Файзобод ба ҳисоб рафтаву дар даромадгоҳи ноҳия ҷойгир аст. Он на танҳо бо табиати дилкашу зебои худ, ҳамчунин бо фарзандони номбардораш аз дигар деҳкадаҳо фарқ мекунад. Насли калонсоли Ҷонварсӯз, аввалин бунёдгузорони сохти нав дар Файзобод будаву солиёни зиёд дар соҳаҳои гуногуни ноҳия заҳмат кашидаанд ва барҳақ имрӯз ба некӣ ёдашон мекунанд.
Маҳз таъсири онҳо буд, ки ашхоси маълумоти олидор аз ин деҳа бениҳоят зиёд асту ҳамаҷо софдилона машғули меҳнатанд.
ДАСТОВАРДҲОИ АҲЛИ МАОРИФ ЧАШМРАС АСТ
- Подробности
-
23 Нояб 2014
Шӯъбаи маорифи ноҳия барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф дар соли хониши 2013 – 2014 фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда, бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи роҳбарияти сиёсии давлат тамоми имконот ва нерӯи худро дар роҳи таъмини сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи дониш ва таълиму тарбияи насли навраси кишвар дар рӯҳияи ватандӯстӣ, созандагӣ ва арҷгузорӣ бо арзишҳои милливу умумибашарӣ, сарф намуданд.
ТУ БУЗУРГӢ, МУАЛЛИМ!
- Подробности
-
23 Нояб 2014
Пешгуфторе барои дақиқаҳои дарси аввал
Муаллим, ончунон туро васф кардаанд ва он қадар дар партави андешаҳои бузургон дигарон гуфтаанд, ки чанд сатри пареши ман назди он ҳама як чизи беҳудае бас нест. Аммо наметавонам, ки дар ин рӯзҳое, ки як ташвиши ту аз ҳазорҳо ташвишу тарадуди мо зиёда аст, хомўш монам. Гумонам ҳоло он қадар хастагии соли хониши аз вуҷудат дур нарафта, ки боз соли нави хониш дари лонаатро куфт ва боз ана ҳамон ташвишаки зиндагӣ , ки бароят қабза-қабза шодию хушҳолӣ меорад, туро бо сару рӯи озода ба мактаб, назди шогирдонат меорад.
ОМОДАГӢ БА СОЛИ ХОНИШ
- Подробности
-
23 Нояб 2014
Омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таълимии рақамҳои 19 ва 23 баъди анҷоми соли хониш ба таъмири мактаб сар карда буданд. Чун солҳои пешин дар таъмири синфхонаҳо, рангу бор ва таъмини мизу курсиҳо падару модарон, раисони маҳалла ва омӯзгорон саҳмгузорӣ карданд. Ва инак ба соли хониши нав мактабҳои зикр шуд, омода гардидаанд. Ҳамчунин дар назди мактабҳо ба қадри лозимӣ ангишту ҳезум захира карда шуд.