МАОРИФ
АСАДУЛЛО – НОМЗАДИ ИЛМ
- Подробности
-
27 Сен 2017
Арафаи иди омӯзгорон аз шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон хушхабар расид. Шогирди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22-и ноҳия Асадудулло Наҷмиддинов дар Институти технологияи иттилоотӣ ва автоматикунонии Академияи миллии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Донишгоҳи русӣ-қирғизии ба номи Б.Н.Елтсини ҷумҳурии мазкур рисолии илмии худро бо муваффақият дифоъ намуда,сазовори унвонии илмии номзади илми физика-математика гардид. Асадулло хатмкардаи факултаи физикаи ДМТ буда, чандин сол дар ин махзани илм ба тарбияи шогирдон машғул буд. Айни ҳол устоди Донишкадаи молия ва иқтисоди ҷумҳурист. Боиси ифтихор аст, ки дар Соли ҷавонон сафи олимони ҷавони файзободӣ боз як нафар зиёд гардид.
СТАНДАРТ ПО РУССКОМУ ЯЗЫКУ
- Подробности
-
27 Сен 2017
Сфера образования признана Президентом и Правительством Республики Таджикистан одним превалирующих направлений в области развития страны, и в этом направлении ежегодно принимаются различные меры, направленные на совершенствование этой области социальной жизни: строятся новые школы, создаются образовательные учреждения нового типа, развивается законодательная основа образования, особое внимание уделяется качеству образования, совершенствуется содержание и процесс обучения. Составление стандарта школьного образования и новых учебных программ – следующий шаг, который признан повысить уровень и качество среднего общего оброзования и, соответственно, позитивно повлиять на эффективность всей системы образования.
В реализации государственной политики в сфере образования учитель играет ключевую роль. Эта мысль нашла отражение в ежегодном обращении Президента Республики Таджикистан к интеллигенции страны (2016) было сказано: ”...ключом всех достижений и успехов на пути к независимости является мысль учителя, его вклад в развитии научной и самостоятельной мысли. Эффективная организация учебно – воспитательной работы учителей позволит повысить уровень мышления, знания и мировоззрения учащихся в соответствии с современными требованиями”. Для нас, сотрудников сферы образования и учителей, эти слова являются главным руководством к действию.
Министерство образования и науки Республики Таджикистан с целью повышения качества и результативности образования составило предметные стандарты. Стандарт русского языка для начальных классов входит в их число.
Русский язык как учебный предмет в общеобразовательных учреждениях с таджикским языком обучения вводится со второго класса . Русский язык в начальных классах обеспечивает готовность учащихся к коммуникации в повседневной жизни, речевому взаимодействию на неродном (русском) языке, развивает творческие способности обучаемых, их мышление, память, воображение, формирует навыки самостоятельной деятельности.
В процессе обучения русскому языку решаются не только задачи практического владения языком, но и воспитательные и общеобразовательные, поскольку они самым тесным образом связаны с практическим владением языком.
Так учителя русского языка образовательных учреждений Файзабадского района в начальных классах постепенно перешли на систему обучения компетентности учащихся. Основной целью наших учителей начальных классов является формирование и развитие элементарной коммуникативной компетенции младшего школьника на доступном для него уровне в основных видах речевой деятельности: аудирования, говорении, чтении и письме.
Для внедрения стандарта и новой программы по русскому языку учитель должен обладать следующими знаниями, умениями и навыками:
- Знать теорию и принципы формирования учебных компетенций, а также уметь объяснять аспекты практического внедрения в процесс обучения.
- Знать способы планирования и оценивания компетентности учащихся и использовать их в процессе преподавания.
- Уметь выбирать соответствующий метод обучения, способствующий формированию компетентности учащегося.
- Уметь использовать методы и средства формирующего оценивания для определения уровня усвоения компетенций.
- Уметь использовать результаты формирующего оценивания с целью принятия соответсвующего решения.
- Знать и использовать в процессе обучения эффективные средства, позволяющие успешно формировать компетентность учащихся.
“ҲАМНИШИНЕ БЕҲ АЗ КИТОБ МАХОҲ”
- Подробности
-
27 Сен 2017
Даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ», ки аз 25 май то 5 октябри соли 2017 давом мекунад, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 баргузор гардид.
Дар давраи дуюми озмун намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 1,6,20,21,45 ва 46 иштирок карданд.
Озмунро директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 Абулқосим Бобохонов кушода, қайд кард, ки мақсади гузаронидани озмун ин ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, эҳёи суннатҳои китобдӯстӣ, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, тарбияи насли наврас дар заминаи арзишҳои миллию умумибашарӣ, дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ, зебоипарастиву меҳнатдӯстӣ ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дар миёни ҷавонону наврасон мебошад.
Ҳайати ҳакамони озмун Озар Орифи Баҳром - намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гадобек Маҳмудов- муовини директори китобхонаи миллии Тоҷикистон, Ҳусейн Сафарзода-директори китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар хонандагонро барои ширкат карданашон дар озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» табрик намуда, шартҳои озмунро пешкаши довталабон карданд.
Хонандаи синфи 10 аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 Ситорабону Тешаева ва хонандагони синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 Раҳимзода Шаҳриёр ва Бибигул Сафарзода ғолиби озмун дониста шуда ба даври сеюми озмун, ки рӯзҳои 3-4 октябри соли 2017 дар толори муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» доир мегардад, роҳхат гирифтанд.
ИХТИСОСҲОИ ОМӮЗГОРИРО ТАКМИЛ МЕДИҲЕМ
- Подробности
-
27 Сен 2017
Баланд бардоштани донишу малакаи ихтисосҳои омӯзгорӣ бо ташаббуси кабинети методӣ ва роҳбарии бевоситаи маъмурияти муассисаҳои таълимӣ амалӣ карда мешавад.
Баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорон аз он ҷиҳат зарур аст, ки фан ва технология бо суръат дар ҳоли тараққӣ буда, дар илми педагогика ва мактабшиносӣ низ навигариҳо дохил шуда истодаанд. Ихтисоси кадрҳои омӯзгорӣ бо чунин роҳҳо - дохилимуассисавӣ, ноҳиявӣ, ҷумҳуриявӣ баланд бардошта мешавад.
Баҳри баланд бардоштани дараҷаи ихтисоси омӯзгорон ва сифати баргузории корҳои таълимиву тарбиявӣ дар муассисаҳо ташкил намудани семинару машваратҳои ноҳиявӣ ва иттиҳодияи методӣ зарурият дорад. Аз ин рӯ, директорони муассисаҳои таълимӣ вазифадоранд, ки нақшаи дурнамои аз курсҳо гузаштан ва семинарҳои баланд бардоштани ихтисоси кадрҳои омӯзгориро ба муддати 5 сол тартиб диҳанд.
Донишҷӯёни ғоибхоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ дарс медиҳанд, баъди 5 сол ба курси такмили ихтисос фиристода хоҳанд шуд. Омӯзгороне, ки аз 2 фан дарс медиҳанд, аз ҳисоби ҳар як фан алоҳида дар муддати 5 сол ба курси такмили ихтисос ҷалб карда мешаванд. Директорони муассисаҳои таълимӣ курсҳои такмили ихтисосро ҳам аз рӯи вазифа ва ҳам аз рӯи ихтисос мегузаранд. Онҳо инчунин ба корҳои худомӯзии омӯзгорон ва иштирокашон ба машғулиятҳои иттиҳодияҳои методӣ назорат мекунанд.
Баъди аз курс баргаштани омӯзгорон, директори муассиса бояд дар назди омӯзгорони фаннӣ баромади онҳоро ташкил кунад. Роҳбари иттиҳодияи методӣ бошад, ба ин омӯзгор супориши баъдикурсӣ (ба муддати 5 сол) медиҳад. Омӯзгор онро ба нақшаи худомӯзии худ дохил мекунад. Кабинети методӣ бо ДҶТИБКСМ, мактабҳои олӣ алоқаи мустаҳкам барқарор карда, ба воситаи онҳо ба роҳбарони муассисаҳо ва омӯзгорон ахборотҳои илмӣ медиҳад ва бо ҳамин роҳ корҳои методиро ҷоннок менамояд. Инчунин шароити омӯхтан, ҷамъбаст ва дар ҳаёт татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами муассисаҳо ва таъсири омӯзгорони таҷрибанокро ба ҳамаи омӯзгорони муассисаҳои ноҳия таъмин менамояд.
Барои баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорони ноҳия давоми соли равон беш аз 154 нафар омӯзгорон, директорон, муовинони директор оид ба корҳои таълиму тарбия, роҳбарони иттиҳодияҳои методии фанҳои таълимӣ, мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ, сармуҳосибони МТУ, мураббияҳои марказҳои инкишофи кӯдакон, сарварони созмони хонандагон, китобдорон, мутахассисон ва мушовирони шуъбаи маориф, роҳбарони иттиҳодияи методии роҳбарони синфҳо аз курсҳои баландбардории ихтисос ва бозомӯзӣ гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардиданд. Ҷиҳати сарфаи вақти омӯзгорон ва маблағҳои буҷа дар маркази ноҳия барои 478 нафар омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, забони модарӣ, математика ва технология курсу семинарҳои омӯзишӣ оид ба Низоми таълими салоҳиятнокӣ баргузор карда шуд.
Ҳамаи ин чорабиниҳо баҳри баланд бардоштани савияи донишу малакаи кадрҳои омӯзгорӣ равона карда шудааст, ки дар самти тарбияи шогирдони сазовори давру замон саҳми намоён мегузорад.
ШУКРИ ОБОДИИ ДИЁР
- Подробности
-
27 Сен 2017
Умри инсон мисли оби равон аст. Дар ҷамъият инсонҳое мавҷуданд, ки умри хешро беҳуда намегузаронанд. Маҳз андешаи онро менамоянд, ки умрро пурсамар мебояд гузаронид. Аз зумраи яке аз ин нафарон Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Давронов Ҷӯра мебошад, ки 46 соли ҳаёти хешро сарфи донишандӯзии толибилмон намудааст, ки шоёни эҳтирому ифтихори ҳамдеҳагон, ҳамкасбон ва шогирдон гаштааст. Маҳз ҳамин буд, ки хостем бо ӯ ҳамсуҳбат шавем. Моро хуш қабул намуд. Дар ҳар як суханаш бардошт аз ҳуввияти миллӣ ва ифтихор аз меҳан эҳсос мегардид:
Бе заҳмату кор нон намебояд хӯрд,
Як луқма ба ройгон намебояд хӯрд.
Ноне, ки бувад ҳосили ранҷи дигарон,
Гар ҷон бувад, аз он намебояд хӯрд.
- Солҳои нооромии кишвар ҳаргиз аз ёдам намеравад. Падарам иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Бо ҷароҳати вазнин ба хона баргашта буд. Ба вазъи ноустувори замон нигоҳ накарда пайи донишомӯзӣ ва кӯмак ба аҳли хонавода талош мекардам, -мегӯяд, Ҷӯра Давронов. Маҳз ҳамин буд, ки сухани устод Садриддин Айнӣ: “Дар чӣ гуна душворӣ бошед ҳам хон! Лекин қозӣ нашав, раис нашав, имом нашав! Агар мударрис шавӣ, майлаш!”-ро шиори худ дониста соли 1966 ба Донишгоҳи омӯзгорӣ, ба факултети МНО-таълими синфҳои ибтидоӣ дохил шуда, донишгоҳро бомуваффақият хатм намуда, ба фаъолияти корӣ пардохт.
Ёдовар аз он бояд шуд, ки Ҷӯра Давронов аввалин донишҷӯйи шуъбаи рӯзонаи Донишкадаи омӯзгорӣ аз деҳаи Дашти марзо маҳсуб меёбад. То ба имрӯз ҳазорон нафар шогирдонро таълиму тарбия дода соҳибиззати мардуми ноҳияи Файзобод гардидааст. Яке аз оилаҳои фаъоли деҳа маҳсуб ёфта, соҳиби 7 фарзанд, ки онҳо дар бахшҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии ноҳия фаъолият намуда истодаанд, мебошад. Ҳамеша сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, шукронаи онро менамояд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар умр ба сар бурда истодааст. Ӯ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти амнияти озуқаворӣ ҳадафи хеш қарор дода, дар майдони 6 гектар боғ бунёд намуд, ки аз таҷрибаи ӯ дигар хоҷагидорони маҳаллӣ пайваста истифода менамоянд.Воқеан ҳам устод басо шахси ҳалиму меҳрубон аст. Ёрии хешро дар кадом самте, ки набошад, дареғ надошта мерасонад.
Соли 2015 миёни 90 хоҷагидори беҳтарини Ҷамоати деҳоти Қалъаи дашт маҳз боғи устод Ҷӯра Давронов аз ҷониби намояндагони Вазорати кишоварзии кишвар баҳои баланд гирифта, сазовори ҷойи аввал гардида, бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод сарфароз гардонида шуд. То ба имрӯз ӯ вазифаҳои гуногуни ҷамъиятиро адо намуда истодааст. Соли 1995 раиси иттифоқи касаба ва соли 2015 раиси хоҷагидорони деҳаи Дашти марзо интихобаш намуданд, ки то ҳол ҳамроҳи аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ кору фаъолият намуда истодааст.
ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ
- Подробности
-
27 Сен 2017
Аслан, афрӯхтани шуълаи ифтихори миллӣ, парвариши эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ ва дигар фазилатҳои неки инсонӣ аз синни кӯдакӣ дар оила ва таҳсил дар муассиса оғоз меёбад.
“Ифтихор” – ба маънои фахр кардан, яъне ба муқаддасоте эҳтиром гузоштан, қадри ӯро нисбат аз ҳама баланд бардоштан ва дар бораи он аз қалби пурмуҳаббату самимият изҳори садоқат доштан аст.
Дар бораи қадру қимати Ватан ниёгони мо ҳикматҳои зиёде гуфтаанд, ки айёми сангин ва рӯзгори вазнин дар тӯли таърих аҷдодони сарбаландамонро аз умеди соҳибватанию ватандорӣ ҷудо карда натавонист.
Ҳар кӣ бо меҳру вафо бар халқ хидмат мекунад,
Номи худро сархати девони миллат мекунад
Бояд гуфт, ки барои ба хизмат тайёр намудани насли наврас ва дар руҳияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо саҳми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ хеле калон аст. Дар ин самт баробари омӯзгорони фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ падару модарон ҳам бояд саҳмгузор бошанд.
Барои бедор намудани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, ифтихору ҳуввият ва худогоҳию худшиносии миллӣ, баланд бардоштани шавқу ҳаваси ҷавонон, бахусус хонандагони муассисаҳои таълимӣ мо ба таври доимӣ озмуни “Ифтихори ватандорӣ” – ро доир менамоем. Озмуни мазкур дар тарбияи шогирдон нақши калон дорад.
ЗАБОНДОНӢ ҶАҲОНДОНИСТ
- Подробности
-
27 Сен 2017
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2016 омадааст: «Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Ҳарчанд, ки дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд, вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Барои баланд бардоштани сифати таълим ва тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати зарурӣ дода мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба омӯзиши забони англисӣ диққати зарурӣ дода истодааст. Қабули «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забони англисӣ барои солҳои 2015-2020» далели гуфтаҳои боло мебошад. Забони англисӣ дар ҳалли вазифаҳои умдаи муассиса, инкишоф ва ташаккули шахсият нақши муҳим мебозад.
Сол то сол дар ноҳия сафи омӯзгорони забони англисии дорои таҳсилоти олӣ зиёд шуда истодааст. Соли таҳсили 2016-2017 80 нафар, ки 60 нафарашон дорои таҳсилоти олиянд, ба таълими фанни забони англисӣ машғул буданд. Омӯзгорони ноҳия баҳри амалишавии барнома тамоми чораҳоро андешида истодаанд. Дар ҳамаи муассисаҳои ноҳия нақша-чорабиниҳо тартиб дода шудааст ва дар асоси он маъмурият ва омӯзгорони ин фан корҳои назаррасро ба сомон расондаанд. Таълими фанни забони англисӣ дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 1, 2, 7, 22, 24, 21, 11, 33, 35, 59 хуб ба роҳ монда шудааст. Дар ин муассисаҳо гузаронидани чорабиниҳои беруназсинфӣ, рӯзҳои забони англисӣ хуб ташкил карда гузаронида мешавад. Махсусан кабинетҳои хубҷиҳозонидашуда дар муассисаҳои рақамҳои 1, 35, 59 ташкил карда шудааст, ки дар онҳо омӯзгорон дарсҳои худро дар дараҷаи баланд мегузаронанд. Боварӣ аст, ки омӯзгорони фанни забони англисӣ барои амалишавии «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забони англисӣ барои солҳои 2015-2020» тамоми чораҳоро меандешанд.
ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШОГИРДОН
- Подробности
-
27 Сен 2017
Тарбияи ҳуқуқии шогирдон дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия бо назардошти таълимдиҳии фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон мавриди амал қарор дорад. Аз тарафи директорони муассисаҳои таълимии ноҳия оид ба масъалаи мазкур нақша – чорабиниҳо тартиб дода, ҷиҳати амалии ин раванд корҳои омӯзишӣ ва фаҳмондадиҳӣ бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни хонандагон бо иштироки ШВКД, прокуратура ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳии судманд гузаронида мешавад. Ҳар семоҳа рейдҳои муштарак таҳти унвони “Мактаб, талаба, ва таҳсил“ доир мегардад. Ҳамчунин оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар муассисаҳои таълимии ноҳия бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ сӯҳбату конференсияҳо таҳти унвони “Қонун кафолати осоиши ҷомеа” ва “Конститутсия – шоҳсутуни давлати соҳибистиқлол” ба таври доимӣ сурат мегирад.
Айни ҳол дар якҷоягӣ бо бахши фарҳанги ноҳия миёни шогирдони муассисаҳои таълимӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни иншои беҳтарин бо номи “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз” ва маҳфили мубоҳисавӣ дар мавзӯи “Ҳуқуқдонҳои ҷавон” идома дошта, иншоҳои беҳтарин аз тарафи шуъбаи маориф бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
�и солҳои 2015-2020» тамоми чораҳоро меандешанд.
ТАШАККУЛИ РУШДИ САЛОҲИЯТНОКИИ ХОНАНДАГОН ДАР ТАЪЛИМИ ФАННИ ТЕХНОЛОГИЯ (ТАЪЛИМИ МЕҲНАТ)
- Подробности
-
27 Сен 2017
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм пайваста кӯшиш менамоянд, ки низоми таълимро ҳамқадами замон гардонида, барои ба низоми ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ворид намудани таҳсилоти миллӣ тадбирҳо андешанд. Соли 2012 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020” – ро ба тасвиб расонд.
Соли таҳсили ҷорӣ баҳри амалишавии “Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020”, раванди татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим 54 нафар омӯзгорони фанни технология (таълими меҳнат) аз ин низом баҳравар гардида, бо шаҳодатнома таъмин шуданд ва то соли 2020 омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия пурра ба ҳамин низом мегузаранд.
Бо ин мақсад дар назди кабинети методӣ реҷаи гузаронидани машваратҳо бо фармоиши мудири шуъбаи маориф ба тасвиб расида, дар рӯзҳои машварат ба омӯзгорони фанни технология (таълими меҳнат) доир ба амалишавии барномаҳо ва модулҳо машваратҳо гузаронида мешавад. Хонандагон баъди таълими ин низом бояд аз касбҳои вобаста ба тақозои замон огоҳӣ пайдо намоянд. Ҳамзамон дар муассисаҳои таълимӣ корҳои амалӣ ба роҳ монда шуда, ба онҳо маҳорату малака нисбат ба касбҳои дӯзандагӣ, челонгарӣ, дуредгарӣ, кандакорӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ, тайёр кардани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳо ва умуман касбу ҳунарҳои миллӣ омӯзонида мешаванд.