МАОРИФ
“ҲАМНИШИНЕ БЕҲ АЗ КИТОБ МАХОҲ”
- Подробности
-
27 Сен 2017
Даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ», ки аз 25 май то 5 октябри соли 2017 давом мекунад, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 баргузор гардид.
Дар давраи дуюми озмун намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 1,6,20,21,45 ва 46 иштирок карданд.
Озмунро директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 Абулқосим Бобохонов кушода, қайд кард, ки мақсади гузаронидани озмун ин ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, эҳёи суннатҳои китобдӯстӣ, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, тарбияи насли наврас дар заминаи арзишҳои миллию умумибашарӣ, дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ, зебоипарастиву меҳнатдӯстӣ ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дар миёни ҷавонону наврасон мебошад.
Ҳайати ҳакамони озмун Озар Орифи Баҳром - намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гадобек Маҳмудов- муовини директори китобхонаи миллии Тоҷикистон, Ҳусейн Сафарзода-директори китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар хонандагонро барои ширкат карданашон дар озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» табрик намуда, шартҳои озмунро пешкаши довталабон карданд.
Хонандаи синфи 10 аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 Ситорабону Тешаева ва хонандагони синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 Раҳимзода Шаҳриёр ва Бибигул Сафарзода ғолиби озмун дониста шуда ба даври сеюми озмун, ки рӯзҳои 3-4 октябри соли 2017 дар толори муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» доир мегардад, роҳхат гирифтанд.