МАОРИФ
ОЗМУНИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" ДАР МУҲИТИ ОИЛА
- Подробности
-
20 Март 2020
Чуноне ки ба мо маълум аст, ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020 озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
ҶАШНИ АРТИШ ДАР МАКТАБИ 35
- Подробности
-
05 Март 2020
Бистуҳафтумин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи кишварро дар саросари ноҳия ид карданд. Ба ин хотир ҷамъомадҳои тантанвӣ баргузор гардад. Вале ҷамъомаде, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35 гузашт, гуфтан мумкин, хосса буд: хонандагон дар толори маҷлис ҷамъ омаданд. Омӯзгори фанни тайёрии ҳарбӣ Ҳотам Саидов аз омодагӣ ба тантанаи идона ба роҳбари муассиса Баҳриддин Холиқов хабар (рапорт) дод. Ҳама аҳли толор Суруди миллӣ сароиданд. Ҷараёни ҷамъомад ба ихтиёри хонандаҳо супурда шуд. Толибилмон Ватани азиз, Артиши миллиро васф намуда, садоқати худро ба Тоҷикистони маҳбуб тавассути шеър изҳор доштанд. Саҳнаҳои хеле ҷолиб дар либоси бадеӣ ва ҳаҷвӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд. Гурӯҳи ҳаваскорони санъати таълимгоҳ барномаи ҷолиби консертӣ намоиш доданд: сароиданд, рақс карданд, латифа гуфтанд.
МАХЗАНИ КАДРҲОИ КОРГАРӢ
- Подробности
-
03 Фев 2020
МДТ Литсейи касбии техники ноҳия дар асоси Қарори Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон аз 11 июли соли 1959, №285 таъсис дода шуда, давоми 60 соли фаъолияташ ин даргоҳи хунарро зиёда аз 14500 нафар мутахассисон аз рӯи зиёда аз 20 ихтисос хатм карданд. Давоми шаст сол дастпарварони ин даргоҳи ҳунар дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии ҳалқи мамлакат пурсамар фаъолият менамоянд. Депутати Совети Олии кишвар, муовини раиси Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон Бибигул Каримова хатмкардаи ҳамин махзани касбу ҳунар аст.
ПАЙРОҲАИ ТАҚДИРИ МУАЛЛИМА
- Подробности
-
05 Март 2020
Муаллима Ҳусноро Нурова дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Падараш Нуров Раҷаб солҳо ба тарбияи насли наврас машғул шуда фарзандони хуб тарбия кардааст. Ҳусноро, ки духтари калонии хонадон буд аз давраи мактабӣ ба фанни забони англисӣ шавқу ҳаваси зиёде дошт.
ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НОҲИВӢ-ДОКТОРИ ИЛМ
- Подробности
-
08 Янв 2020
Рӯзи 26 декабри соли 2019, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Гулафшон рақами 5 Раҷабов Сироҷиддин Икромович дар мавзӯи «Синтез, омӯзиши реаксияи боҳамтаъсиркунии ҳосилаҳои глитсерин бо аминокислотаҳо, пептидҳо, фуллерен С60 ва соҳаи истифодаи онҳо» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои химия аз рӯи ихтисоси 02.00.03 - химияи органикӣ дисеертатсияи илмӣ дифоъ намуд.
МАРКАЗИ НАВИ ЗАБОНОМӮЗӢ НАВРАСОНИ МОРО ЗАБОНДОН МЕКУНАД
- Подробности
-
06 Сен 2019
Таъсиси марказҳои нави таълимӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ барои сокинони маҳал падидаи нек аст. Тобистони имсол наврасони ноҳияи мо ҳам ба таълими иловагӣ фаро гирифта шуданд. Бо кӯшишу ғайрати беандозаи муаллимаҳо Расоева Заррина Самадовна ва Убайдова Тамано Ҳикматуллоевна дар шаҳраки Файзобод маркази омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ва арифметикаи зеҳнӣ таъсис ёфт.
БИСТСОЛАЕ, КИ ҶОМЕАРО СӮИ ПЕШРАФТ МЕБАРАД
- Подробности
-
12 Фев 2020
Президенти кишвар дар суханрониҳои хеш доимо аз сатҳу сифати таълим, ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ, омӯзиши забонҳои англисиву русӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ ва рушди фанҳои дақиқ ҳарф мезананд.
ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ТАЛАБИ РӮЗ
- Подробности
-
06 Сен 2019
Омӯзгорони фанҳои русӣ ва англисии муассисаҳои таълимии ноҳия аз Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу тавони тоза гирифта, баҳри амалишавии «Барномаи давлатии такмилии таълим ва омӯзиши забоҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015-2020» тамоми чораҳоро андешида истодаанд. Чуноне ки дар Паёми имсола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, таҳлилҳо нишон меиҳанд, ки натиҷаҳо дар ин масъала чандон қонеъкунанда нест.