МАОРИФ
ҲАДЯ БА МАКТАБ
- Подробности
-
12 Фев 2020
Мегӯянд беҳтарин хайрия кӯмак ба толибилм аст.
Хушбахтона, маънии баланди ин андеша дар ҷомеаи имрӯза дарк гардида, кӯмаку дастгирӣ ба муассисаҳои таълимӣ рӯз аз рӯз меафзояд.Натиҷаи кӯшишу ғайрат ва ҳамкории роҳбари муассисаи таълимии рақами 16 Ниматулло Ҳасанов бо масъулини Филиали ташкилоти ҷамъиятии “Интиқоли техналогияҳои итилоотии умумиҷаҳонӣ” дар Тоҷикистон мебошад, ки ҳамасола тавассути он ба муассиса кӯмакҳо расонида мешаванд. Соли таҳсили 2019 аз тарафи ин ташкилот 10 адад кампютери Ноотбук ва 4 адад тахтаи шоҳмот ба муассиса ҳадя карда шуд, ки ин ҳимати одилонаю оқилона дар баланд гардидани сатҳи дониши техникии хонандагони муассиса ҳисса мегузорад. Дар арафаи соли нав бошад ба 188 нафар хонандагон куртка, либосҳои варзишӣ ва ба 12 оилаи камбизоат кӯмакҳои ғизоӣ ва ашёҳои хониш дастрас гардид, ки ба ҳар як оила ба маблағи 500 сомонӣ рост меомад. Омӯзгорону хонандагони муассиса аз ин дастгириҳои бузург хурсанду рӯҳбаланд гардида қавл доданд, ки минбаъд ҳам бо баҳои хубу аъло таҳсилро идома дода, дар ободии муассиса, маҳал дар маҷмӯъ кишвари азизамон саҳм мегузоранд.
Зубайда СУЛАЙМОНЗОДА, омӯзгори муассисаи № 16.