МАОРИФ
БИСТСОЛАЕ, КИ ҶОМЕАРО СӮИ ПЕШРАФТ МЕБАРАД
- Подробности
-
12 Фев 2020
Президенти кишвар дар суханрониҳои хеш доимо аз сатҳу сифати таълим, ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ, омӯзиши забонҳои англисиву русӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ ва рушди фанҳои дақиқ ҳарф мезананд. Маҳз ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои инкишофи тафаккури техникии насли наврас ҳангоми ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд. Маврид ба гуфтан аст, ки дар марҳилаи ҳозираи инкишофи илму техника барои ҳамқадами замон будан, эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» амали зарурӣ ва саривақтист. Дар тақвият ба ин гуфтаҳо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи корхонаву идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати дастгирӣ аз ин амали нек корҳои зиёдеро амалӣ сохтан зарур аст.
Аз ҷумла иҷрои барномаҳои қаблан дар ин самт қабулгардидаро дар шуъбаи маорифи ноҳия мо мавриди баррасӣ қарор додем. Вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2017 таҳти рақами 544 «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» маълум гардид, ки дар як қатор муассисаҳои таълимӣ кабинетҳои физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ ( ба ҳисоби миёна арзиши таҷҳизотҳои ҳар як кабинети фаннӣ аз 25 то 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.-”НФ”.) бо таҷҳизоти лабораторӣ ва аёниятҳои таълимӣ муҷаҳаз гардонида шудааст. Дар асоси ин барномаи тарҳрезишуда, аллакай то ин дам 25 кабинети муҷаҳҳаз бо тамоми шароитҳои зарурӣ дар муассисаҳои ноҳия омода мебошад. Иҷрои барномаи мазкур 4 давраро дар бар мегирад. Ғайр аз ин дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми кишвар ба раиси ноҳия, шуъбаи маориф нақша- чорабиниро барои солҳои 2018-2020 тартиб дода, аз рӯйи он амал менамояд, ки аз панҷ банд иборат аст. Мувофиқи ин нақша-чорабинии тасдиқнамудаи шуъбаи маориф то ҳол 13 тахтаи электронӣ дар муассисаҳо дастрас гардидааст. Ҳамчунин 56 кабинети фаннии технологияи иттилоотии муҷаҳҳазгардонидашуда дар муассисаҳои таълимии ноҳия амал мекунанд, ки бо 279 адад мизу курсии мувофиқ ба талаботи имрӯза таъминанд. Қариб дар ҳамаи муассисаҳо шабакаҳои дохилии интернетӣ амал мекунад. Панҷоҳу се нафар омӯзгорони ботаҷриба, ки аз он 43 нафарашон дорои маълумоти олӣ ва 10 нафарашон дорои маълумоти миёнаи касбӣ мебошанд, ба омӯзиш ва таълиму тарбия машғуланд. Барои амалӣ гардонидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии таълими муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» то ин дам муассисаҳои таълимии ноҳия бо 803 адад компютер, 29 адад проектор, 217 адад принтер таъмин карда шудаанд.
Рӯйиҳам дар самти омӯзиш ва иҷрои эълон шудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» корҳои зиёде боз ҳам дар пешанд. Ва, мо аҳли маорифи ноҳияро лозим ва зарур аст, ки дар ин расто фаъолияти илмӣ, амалӣ ва таълимии худро боз ҳам бештар намуда, баҳри амалӣ гардонидани ин амали некбинонаи Сарвари давлат тамоми кӯшишу ғайрати худро равона созем.
Т. Ғуломов,мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳия