МАОРИФ
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШ ДАР ТАЪЛИМГОҲ
- Подробности
-
09 Март 2018
Барои ҳар як ватандор хизмати Ватан қарзи ҷавонмардист. Бо ҳамин мафҳуми шакарбор чорабинии идона ба муносибати рӯзи Артиши миллӣ дар муассисаи таълимии №35 оғоз гардид. Хонандагони муассисаи мазкур дар оғози маҳфил аз таърихи 25 соли Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ёдовар шуда, хизмат ба халқу Ватанро қарзи имониву виҷдонии хеш хонданд. Қатори хонандагону омӯзгорони муассиса намояндаи комиссариати ҳарбии ноҳия Фарух Қурбонов ва хатмкардаи муассисаи таълимии мазкур Шараф Собиров, ки айни ҳол дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хизмати Модар-Ватанро адо намуда истодааст, меҳмони чорабинии идона буданд. Зимни нутқи худ сарвари муассиса Баҳриддин Холиқов ҷамъомадагонро ба ин рӯзи фархунда муборакбод намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Сипас викторина вобаста ба таърихи 25 соли Артиш миёни хонандагон доир шуд, ки ғолибон бо туҳфаҳои таъсисдодаи маъмурияти муассиса сарфароз гардиданд. Ҳамчунин хонандагон аз сарбоз Шараф Собиров оид ба ҳаёти имрӯзаи аскарӣ пурсон шуда, ба саволҳои худ ҷавоби қонеъкунанда гирифтанд. Дар охир гулчини таронаву рақсу сурудҳои дар васфи Ватан омоданамудаи хонандагони муассиса пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
ФАЙЗОБОД ДАР ҶОЙИ СЕЮМ
- Подробности
-
09 Март 2018
Беш аз 165 нафар хонандагони синфҳои 9, 10 ва 11-и ноҳия дар даври сеюми олимпиадаи минтақавии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки рӯзҳои 17-18 ва 24-25 феврал дар Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Ҳисор баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар олимпиада хонандагони сездаҳ шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд. Натиҷаҳои бадастовардаи мактаббачагони ноҳияи мо назар ба солҳои қаблӣ хеле беҳтар аст. Зеро дар ҷамъбасти сабқат ноҳияи мо якҷо бо ноҳияи Шаҳринав пас аз ноҳияи Ҳисору Рӯдакӣ сазовори ҷойи сеюм гардид.
Дар ин сабқат 115 нафар хонандагони синфҳои 9 ва 10 ва 50 нафар хонандагони синфҳои 11 ноҳияи моро муаррифӣ карда, соҳиби 18 медалу ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. Ҳабиб Баҳодур аз МТМУ рақами 9 ва Нуруллозода Шодмон аз МТМУ рақами 25 аз фанни таърих, Ҳоҷиева Гулсара аз МТМУ рақами 33 аз фанни ҳуқуқ, Саидов Бекназар, Касиров Шаҳобуддин аз МТМУ рақами 15, Файзалиева Ганҷина аз МТМУ рақами 19, Исматзода Мирмуҳаммад аз фанни география, Низомова Ҳусноро аз забон ва адабиёт, Наҷмиддиниён аз фанни англисӣ, Фархундаи Идибек аз биология, Шукронаи Ғуломалӣ аз фанни забон ва ададбиёт бо зеҳни буррову дониши фаррохи худ шарафи ноҳияи моро боло бардоштанд.
Ҷамъбаст нишон дод, ки аксарияти хонандагон бо медалу ҷойҳои ифтихорӣ сазоворгардида, хонандагони мактабҳои №1, 11, 25, 33, 6, 7, 40, 16, 19, 22 ва 20 мебошанд.
Дар кори ташкил ва баргузории сабқату озмунҳои сатҳи мактабию ноҳиявӣ ва минтақавию ҷумҳурӣ саҳм ва нақши муассисаи Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар ноҳияро қайд намудан бамаврид аст. Зеро имрӯзҳо дар ин муассиса аллакай тайёрӣ ба даври сеюми олимпиадаи номӣ ва даставӣ барои синфҳои 11 идома дорад.
Ҳамчунин дар пеш олимпиадаи фаннӣ аз фанҳои табии риёзӣ барои синфҳои 5-8 истодааст, ки омодагиҳо ба он низ рафта истодааст.
Ғайр аз ин даври аввали озмуни байналмилалии Н1РРО-2018 24 феврал баргузор гардид, ки дар он 13 нафар хонандагони ноҳияи мо иштирок варзиданд. Ин озмун ҳамасола дар байни хонандагони 27 кишвари гуногуни ҷаҳон баргузор мегардад. Ғолибони озмун дар даври сеюм, ки аз 12-13 май дар шаҳри Венетсияи Италия барпо мегардад, иштирок менамоянд.
Бо итминон гуфта метавон, ки сол аз сол сатҳ ва сифати донишу саводнокии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия боло меравад.
МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ ВА МОҲИЯТИ ОН ДАР ТАЪЛИМ
- Подробности
-
27 Сен 2017
Муносибати босалоҳият ба таълим дар шароити муосир аслан масъалаи нав нест, он ҳанӯз дар сароғози рушди бонизоми назарияҳои илмии педагогӣ ба вуҷуд омада буд. Дар давраҳои гуногуни инкишофи ин соҳа дар кишварҳои гуногуни олам дар таълифоти ҷудогонаи олимон таъкид мегардид.
Мафҳуми салоҳият дар “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” – лоиқ будан, сазовор будан; шоистагӣ, сазоворӣ тафсир шудааст.
Дар таълими босалоҳият диққати асосӣ ба ташаккули малакаҳои амалӣ (ҳаётӣ, воқеӣ, вазифавӣ) равона мешавад. Донистан ё дониш дар таълими босалоҳият ҷузъи таркибии малака ҳисоб шуда, барои санҷидан, бо намуна муқоиса кардан ва ислоҳи ғалатҳо истифода бурда мешавад. Бояд қайд кард, ки “салоҳият”-ро таълим намедиҳанд, салоҳият дар натиҷаи аз худ кардани дониш, малака ва маҳоратҳо ташаккул меёбад. Салоҳиятнокӣ натиҷаи амалии дониш, малака ва маҳорат аст.
Шуъбаи маорифи ноҳия ҷиҳати иҷрои банди «Стратегияи рушди соҳаи маориф то соли 2020», «Оид ба низоми таълими салоҳиятнок» як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.
Аз ҷумла аз оғози соли таҳсили 2016 - 2017 татбиқи амалии яке аз нақшаҳои муҳим ва мураккаби Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020, ислоҳоти мундариҷа ва муносибати таълим дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сар шуд. Татбиқи тадбири мазкур давра ба давра ба роҳ монда мешавад. Дар соли таҳсили ҷорӣ татбиқи муносибати салоҳиятнок дар таълими зинаи таҳсилоти ибтидоӣ оғоз гардид. Ба 329 нафар омӯзгорони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии ноҳия баъд аз омӯзиши даҳрӯза аз тарафи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф «Шаҳодатнома оид ба низоми таълими салоҳиятнок» дода шуд. Барои пурра татбиқ намудани низоми таълими салоҳиятнокӣ бо фармоиши мудири шуъбаи маориф гурӯҳҳои ёрирасон ташкил карда шуд, ки дар он 19 нафар омӯзгорони пуртаҷриба аз муассисаҳои таълимии ноҳия ҷалб гардида, зиёда аз 38 соат дарсҳои кушоди намунавӣ аз тарафи онҳо дар марказ ва минтақаҳо гузаронида шуд.
Дар аввал барномаҳо ба тариқи сабти видеоӣ дар фитаҳо дастраси омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ гардиданд. Роҳнамо ва замимаҳо дар ду давра ба шуъбаи маориф ворид гардида ба муассисаҳои таълимӣ дастраси омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ гардиданд. Дар ҷамъ 1590 шумораи роҳнамоҳо ва 90365 адад замимаҳо дастрас гардиданд.
Таҳлилҳои як соли таҳсил нишон доданд, ки омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия муносибати босалоҳиятро дар таълим хуб қабул намуда, аз рӯйи талаботи низом таълимро ба роҳ мондаанд. Мушоҳидаи раванди дарсҳо бошад, нишон дод, ки хонандагон бо завқу шавқи зиёд фаъолиятҳоро иҷро менамуданд ва чӣ тавр зоеъ шудани вақтро ҳис намекарданду дар симояшон низ мондашавӣ ба назар намерасид. Маҳз ҳангоми суҳбату вохӯриҳо омӯзгорон ҳамеша саривақтӣ ворид шудани муносибати салоҳиятнокро дар таълим изҳор намуда, иброз доштанд, ки хонандагон аллакай омодаи омӯзиш бо низоми таълими салоҳиятнокӣ мебошанд. Зеро бо пешрафти ҷомеа, истифодаи техника ва технологияи навин ҳар як шахсро лозим аст, ки ҳамқадами замон бошад, дониши давраи мактабхониашро дар амал татбиқ карда тавонад.
РИСОЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ
- Подробности
-
27 Фев 2018
Ҳамасола дар рӯзи Артиши миллӣ духтарон ба писарҳо, дар иди 8-уми март бошад писарон ба духтарҳо туҳфа медиҳанд. Агар аз таърихи ин идҳо пурсон шавед, навад фисад маълумоти носаҳеҳ доранд.
Барои ҳамин зарур аст, ки зимни машғулиятҳо ба мавзӯҳои ватандӯстиву меҳанпарастӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намоем. Махсусан дарсҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар муассисаҳои таълимӣ бояд ҷоннок карда шаванд. Зери мафҳумҳои «Ватан», «Ватандӯстӣ», «Ватандорӣ» дарсҳои тарбиявӣ гузаронему мафҳуми вожаи «Ватан»-ро рӯшан созем.
Масъулини соҳа бояд тез-тез аз рӯи нақша дар байни хонандагон вохӯриҳо гузаронанд ва моҳияти ватандӯстиро дар қалби онҳо бедор намоянд. Волидайн ҳам дар ин кор бояд саҳмгузор бошанд. Дар масҷидҳои ҷомеъ бошад, сархатибон ин мавзӯъро аз нуқтаи назари ислом шаҳр диҳанд.
Ана ҳамин шохаҳои асосии ҷомеа метавонанд насли ҷавони ояндасозро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд ва ҷавонон масъулияти ватандориро дуруст дарк карда, ҳангоми даъват шудан ба сафи Артиши миллӣ ихтиёран ба хизмати Модар-Ватан омода гарданд.
Ватандӯстӣ мактаби махсус аст. Вақтҳои охир қариб ҳама дар бораи хизмат ба ватан сухан мекунанд, лекин кам шахсоне ҳастанд, ки ин гуфтаҳоро дар амал татбиқ намоянд. Чуноне ки Лоҳутӣ фармудааст:
Ҳама доди ватанхоҳӣ зананд, аммо намедонам,
Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст ё кирдор, ё ҳарду.
Дар кишвари мо соле ду маротиба даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ доир мегардад. Мавсими ҳар даъват мебинем, ки бо чӣ мушкилиҳо ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сафарбар менамоянд. Дар ҳамон вақт гӯё ҳама масъулон бедор мешаванду доди ватандорӣ мезананд, ба ҳар сӯ медаванд, ҷавононро пайгирӣ мекунанду ба сафи артиш мебаранд. Агар мо давоми сол бо ҷавонон дар ин бобат кор кунем ва моҳияти ватандориро ба ҷавонон фаҳмонем, худи онҳо ҳифзи марзу бумро барои худ қарз мешуморанд ва ихтиёран ба хизмат мераванд.
Воқеан, нарасидани ашёи таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна барои гузаронидани дарсҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ яке аз иллатҳои мушкилоти мазкур аст. Аз ин рӯ мо, омӯзгорон зарур медонем, ки раёсати молия маблағҳои аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудошавандаро дареғ надорад. Комиссариати ҳарбӣ бошад, дар ташкил намудани якчанд намуди либоси ҳарбӣ барои мактаббачагон чораҳо андешад, то ин ки мактаббача ҳангоми як ё ду бор пӯшидани ин либос худашро ҳамчун сарбоз ҳис кунад ва ҳаваси ӯ нисбати артиш зиёд шавад.
Насли калонсол хуб дар хотир дорад, ки даврони шӯравӣ ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани автомат дар муассисаҳо дарс дода мешуд ва аз рӯи он ҳатто озмунҳо ҳам мегузарониданд. Ҳоло чӣ? Ин кор чандин сол боз аз байн рафтааст. Ба ин хотир моро зарур аст, ки рӯзҳои дарси дифои ҳарбӣ бо Вазорати корҳои дохила маслиҳат намуда, як-ду автоматро бо муҳофизи Вазорати корҳои дохилӣ ба дарс биёрем ва корҳои амалӣ гузаронем. Ин усули амалии дарс ҳам ҳаваси ҷавононро зиёд мегардонад ва ҳам онҳо то даъват шудан ба сафи артиш тайёр мешаванд.
Агар мо дар якҷоягӣ ба ин равиш амал намоем, боварӣ дорем, ки мушкилоти даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва хизмат дар он аз байн меравад.
РУШДИ МАОРИФ БАРЪАЛО БА ЧАШМ МЕРАСАД
- Подробности
-
27 Сен 2017
Боиси қайд аст, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ мақому манзалати устоду олим хеле боло рафт. Ин ҳама аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва боварию эътимоди ӯ ба кормандони соҳа дарак медиҳад ва тавре дар баромадҳои худ таъкид менамояд: ”Давлату Ҳукумат ба шумо эътимоди комил дорад, зеро инсоният ба омӯзгор ҳамеша ниёз дошту дорад. Маҳз омӯзгор аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст, ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд”.
Пешвои миллат соҳаи маорифро самти афзалиятнок эълон карда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номиданд. Ба ҳамин далел Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду инкишофи бемайлони соҳаи маориф ва илм, сатҳу сифати донишандӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисосу унвондор таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд.
Аз ин рӯ тайи 26 соли Истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм пешрафти назаррас ба чашм мерсад. Шуъбаи маорифи ноҳияи мо ҳам дар даврони Истиқлолияти давлатӣ фаъолияти худро бо мақсади таҳкими ҳадафҳои аслии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-бунёди ҷомеаи мутамаддини демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, дорои иқтисоди пешрафта, тарбияи худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандии хонандагону донишҷӯён, ташаккули шахсияти онҳо, амнияти иттилоотӣ ва рушди зеҳнии ҷавонон ба роҳ монда, баҳри ташкил ва танзими низоми таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёна, тарбияи кадрҳои илмӣ ба манбаи асосии таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони баландсавияи дар бозори меҳнат рақобатпазир табдил додани муассисаҳои таълимию илмии ноҳия ҷаҳду талош менамояд. Соли ҷорӣ ҳамаи 60 муассисаи таҳсилоти умумии ноҳия, МЭКН ва 2 кӯдакистони ноҳия аз рӯи нақша ва барномаҳои таълимӣ мунтазам фаъолият намуданд.
Ба таълиму тарбия 20 573 нафар хонандагон фаро гирифта шуданд, ки нисбати солҳои гузашта зиёд мебошад. Ва теъдоди омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ 1 300 нафарро ташкил медиҳад.
Маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи ноҳия сол то сол меафзояд. Дар соли 2017 ба соҳаи маориф 27 245 190 сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба соли 2016 ин нишондод 2 096 997 сомонӣ зиёд мебошад.
Бо мақсади баланд бардоштани донишҳои назариявӣ, маҳорату малакаи хонандагон, тибқи Стандартҳои фаннӣ, низоми таълими салоҳиятнокӣ дар синфҳои ибтидоӣ, фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, технология ва математика ҷорӣ карда шуд.
Бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи дарёфт ва рушди истеъдодҳо” қабул гардида, тибқи он дар ноҳия Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо таъсис дода шуд. Кор бо хонандагони қобилиятнок ривоҷ ёфта, сол то сол теъдоди иштирокдорон ба олимпиадаҳои фаннӣ афзуда истодааст.
Дараҷаи донишазхудкунии хонандагон ва сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ сол аз сол беҳтар гардида истодааст. Аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ 800 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гаштаанд. Тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 нафар, аз ҷумла 11 нафар духтарон донишҷӯи муассисаҳои олӣ гардиданд.
Боварӣ ба он дорем, ки маорифчиёни ноҳия дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия пайваста кӯшиш намуда, баҳри ободию гулгулшукуфии ватани азизамон, Тоҷикистони ободу соҳибистиқлол саҳми босазо мегузоранд.
МАОРИФ: ПЕШРАФТ ДАР ИФОДАИ РАҚАМҲО
- Подробности
-
02 Янв 2018
Маориф мудом, хосса дар даврони соҳибистиқлолӣ, соҳаи рушдкунанда маҳсуб мешавад. Аз пешравиҳои соҳа рақамҳои зер шаҳодат медиҳанд.
Соли 2017 нисбат ба соли пешин дар муассисаҳои таълимӣ 888 нафар хонанда зиёд фаро гирифта шуд. Вобаста ба афзоиш барои 980 ҷойи нишаст муассисаҳои иловагӣ ба маблағи 362 ҳазору 600 сомонӣ сохта шуд.
Соли 2017 шумораи омӯзгорон ба 1389 нафар расид. 829 нафари онҳо соҳиби таҳсилоти олӣ ҳастанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 626 нафарашон занҳоянд.
Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионии фаъол 5 компютер дошта, ба шабакаи интернет пайваст мебошад. 56 нафар омӯзгорон ба таълими технологияи иттилоотӣ машғуланд.
Тарғиби таҷрибаи пешқадами таълимдиҳандагон то андозае вусъат гирифт. Ҳавасмандӣ ва қадрдонии кормандони соҳа ҷоннок шуд. Омӯзгорон Рисолат Табарова (МТМУ№22), Нуриддин Маҳрамов (МТМУ№5), Саидзода Соҳибназар (МТМУ№11), Нусрат Давлатов (МТМУ№57) ба рӯйхати беҳтаринҳо ворид гардиданд. Муаллими муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 Идихӯҷа Толибов дар озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» ширкат варзида дар даври минтақавӣ ба яке аз ҷойҳои ифтихорӣ соҳиб шуд.
Сафи таълимгирандагони гурӯҳҳои мақсадноки коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе дар ноҳия аз 168 нафари соли 2016 ба 258 нафар расид.
Соли 2017 аз шумораи 1501 нафар хатмкунандагон 721 нафар ба номи сазовори «Донишҷӯ» соҳиб гардиданд, ки нисбат ба соли пешин 20 фоиз зиёд аст. 26 нафар хатмкардаҳои макотиби ноҳия ба донишкадаҳои хориҷи кишвар дохил шуданд.
Кумитаи иттифоқи касабаи маориф давоми соли таҳсил ба 200 нафар омӯзгорон ёрии моддӣ ва 63 нафар ёрии табобатӣ расонда, 44 нафар омӯзгорро ба осоишгоҳҳо фиристод.
ҲИММАТИ КИТОБДОРИ СОБИҚ
- Подробности
-
27 Сен 2017
Дар деҳаи Заркамари Ҷамоати деҳоти Мискинобод иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадори меҳнат Зоир Тоҳировро ҳамчун марди бофарҳанг мешиносанду ҳурматашро ба ҷо меоранд.
Зоир Тоҳиров собиқадори соҳаи фарҳанг буда,беш аз 30 сол мудирии китобхонаи деҳаи Заркамарро ба уҳда дошту ҳамдеҳагонашро ба хондани китобу маърифати баланди рафтору гуфтор раҳнамоӣ мекард.
Дар арафаи рӯзи байналмилалии китоб ӯ тасмим гирифт, ки мағозаи дуошёнаи сохтаашро ба тавозуни бахши фарҳанг гузаронад, то ҳамдеҳагон онро ҳамчун китобхона истифода баранд.
Бинои китобхонаи мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум фонди захиравии китоб нигоҳ дошта шуда, дар ошёнаи дуюм толори хониш ҷой гирифтааст.
Дар рӯзи кушодашавии китобхона раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Миралӣ иштирок намуда, ба ҳиммати баланди собиқадори соҳаи фарҳанг, иштирокчии ҶБВ баҳои баланд дод ва ӯро бо Ифтихорномаи раиси ноҳия ва туҳфа қадрдонӣ намуд.
Китобхона айни ҳол дорои 3500 нусха китобҳои нодир буда, аз он дӯстдорони китоб аз деҳаҳои Заркамар ва Мискинобод истифода мебаранд.
АГАР ДАР ҶАҲОН НАБВАД ОМӮЗГОР
- Подробности
-
30 Окт 2017
Одамият чист? Худро дур аз шар доштан,
Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан.
Ин ҷо сухан дар бораи марди фарзонае меравад, ки ҳама гуна муваффақияту пешравиашро дар тарбияи шогирдони бешумори худ медонад. Ӯ бар он аст, ки инсон барои расидан ба орзуҳои накӯи хеш, бояд аз овони наврасӣ ҳамеша бо донишу донишандӯзӣ таваҷуҳ дошта бошад. Зеро танҳо ба ин васила кулли мушкилиҳои ба миён омада осон хоҳанд гашт. Ин гуфта сухани бузургвореро ба ёд меорад, ки: «Дониш ва огоҳӣ калиде ҳаст, ки тамоми дарҳо бо он боз мешаванд».
Хушбахтона дар кишвари азизи мо як зумра ҷавонони ҷасуру фаъол ва донишманду маърифатафрӯз кору зиндагӣ доранд, ки рӯзгору фаъолияти онҳо намунаи ибрат будаву шоистаи пайравӣ мебошад. Меҳриддин Содиқов аз ҷумлаи чунин инсонҳо мебошад, ки айни ҳол сарварии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ноҳияро ба уҳда дорад. Муассисаи номбурда дар ноҳия калонтарин буда, чун муассисаи такягоҳӣ низ ба ҳисоб меравад.
Меҳриддин Содиқов, ки хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад, фаъолияти кориашро соли 1996 дар ҳамин муассиса ба ҳайси омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ оғоз намудаву то ба имрӯз ин ҷо кору фаъолият дорад. Маърифати баланд, фазли зиёд ва қобилияти кордонии ӯро ба ҳисоб гирифта, аз соли дуюми фаъолияти кориаш ҷойнишини сарвари муассиса оид ба масъалаҳои таълимӣ таъинаш намуданд. Дар ин паҳлӯи фаъолияти корӣ низ ӯ худро чун инсони ороста бо сифату зинатҳои зебои инсонӣ нишон дод. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чун шахси чашмикордону бомаърифат вазифаи мудирии Бахши хадамоти муҳоҷират дар ноҳияро ба зиммааш гузоштанд. Баъди чанд муддати фаъолият дар ин бахши навтаъсис, меҳри беандоза ба таълиму ҳидояти шогирдон ӯро ба даргоҳи илму маърифат раҳнамун сохт. Муҳаббат ва алоқа ба ҳар кор, рамзи муваффақият дар он шинохта мешавад. Ҳамин муҳаббат ва алоқа аст, ки муассисаи номбурда зери роҳбарии устод дар ҳамаи самтҳои фаъолият миёни дигар муассисаҳои таълимии ноҳия пешсаф аст. Аз оғози соли нави таҳсил то имрӯз муассисаи таълимии рақами 1 дар ҳамаи чорабиниҳои дохилимактабию ноҳиявӣ фаъолияти чашмгир дошта, ҳамзамон ба сифати таълиму тадрис дар он аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Танҳо аз нимаи моҳи сентябр сар карда, то даҳаи аввали моҳи октябр чорабиниҳои зиёде, чун Рӯзи Рӯдакӣ (22 сентябр), Мавлавихонӣ(30 сентябр), Рӯзи забон(5 октябр) дар сатҳи назаррас баргузор гардиданд, ки ҳамаи он бо роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи худи устод Меҳриддин Содиқов сурат гирифтанд. Натиҷаҳои заҳмату меҳнати устод хеле зиёданд. Як худи ёдовар шудан аз он ки шогирдон ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки шомили гурӯҳҳои ӯ дарсмедодагӣ шаванд, нишони раҳнамо ва ҳидоятгари ҳақиқӣ будани ӯст. Чун аз рафти дарсҳои устод бармеояд, ки ӯ на танҳо аз чаҳорчӯбаи низоми таълимӣ истифода мебарад, балки аз сарчашмаҳои зиёди таълимию тарбиявӣ ба шогирдон дарс мегӯяд. Ба қавли худи ӯ: «Устод бояд қабл аз ҳама ихлос дошта бошад, ба ҳамон фанне, ки таълим медиҳад. Ва зиёд бояд меҳрубон буд, чунки инсонҳо ташнаи муҳаббатанд ва меҳрубонии устод метавонад ангезаи ишқу иштиёқ ба фанни муайян ва касб дар қалби шогирдон ҷой диҳад». Аз ин рӯ бузургворон фармудаанд, ки: «Ба шогирдони худ ба нармӣ рафтор кунед».
Болотар аз ҳама устод дорои беҳтарин сифатҳои ҳамидаи инсонианд. Марди хоксору ҳамадон аст ва метавонад бо дилхоҳ мусоҳиб сари мавзӯю масъалаҳои гуногуни илмӣ муддатҳои тӯлонӣ бо далелҳои мӯътамад изҳори андеша кунад, ки ин албатта, ҳунари андак нест. Бо ин ҳама ҳеҷ вақт лофи бузургманишӣ намезанад. Ва иддаояш ҳам ин аст, ки дар ҳама маврид бояд меъёрҳои эътирофшуда аз ҷониби инсон - адолату ҳақиқату ростӣ риоя шавад. Зеро ба қавли Аллома Иқбол:
Ҳарфи бадро бар лаб овардан хатост,
Кофару муъмин ҳама халқи Худост.
РУШДИ ТАРБИЯ ВА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ
- Подробности
-
27 Сен 2017
Инсон бо табиат зинда аст, зеро он манбаи ҳаёт дар кӯраи Замин буда, асоси инкишофи ҷомеаро ташкил мекунад, инчунин сарчашмаи асосии қонеъ гардонидани талаботи моддию маънавӣ ба ҳисоб меравад.
Аҷдодони мо ҳамбастагии обу ҳаво, набототу ҳайвонот, олами моддӣ ва маънавиро аз масоили экологии куҳан медонистанд. Ин далели он аст, ки инсоният дар марҳалаи фаъолияти ҳамешагиаш ба масъалаҳои экологӣ бармехӯрад. Азбаски инсон шакли олии таҷассуми табиат аст ва берун аз он зист надорад, бинобар ин масъалаи экологӣ яке аз қисмҳои ҷудонашавандаи ҳастии ӯст.
Ҳадафи тарбия ва маърифати экологӣ аз он ибрат аст, ки хонандаро ба ҳаллу фасли масъалаҳои гуногуни экологӣ ҷалб намуда, дар ниҳоди ӯ муносибат бо наботот, ҳайвонот, об, хок, ҳаво ва ғайраро ташаккул диҳад, то ки наслҳои оянда муҳити зист ва манзараҳову мавҷудоти онро ҳифз намоянд.
Бояд гуфт, ки масъалаи мушкилоти экологии ҳозиразамон дар китоби дарсии биология зикр наёфтааст. Бинобар ин ба омӯзгор лозим меояд, ки аз адабиётҳои ғайридарсии зарурӣ истифода карда, ба хонандагон моҳияти ин масъаларо фаҳмонад. Аввалан омӯзгор бояд таълими ин мавзӯъро аз баёни ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи захираҳои он оғоз намояд. Барои он ки табиатро дӯст дорем, сараввал бояд қонунҳои инкишофи онро омӯзем. Ҳаёти имрӯза талаб менамояд, ки роҳҳои ҳалли мушкилоти экологии бамиёномада ҷустуҷӯ ва пайдо карда шавад ва ҳар фарди ҷомеа бояд оид ба ин масъала бетараф набуда, дар ҳаллу бартараф намудани ин мушкилиҳо саҳми худро гузорад. Ин аст, ки яке аз вазифаҳои илми экология омӯхтани қонунҳои мутақобилаи табиату ҷомеа мебошад.
Ҳоло табиат дар ҳолате қарор дорад, ки агар ба таври қатъӣ ба экология рӯ наорему барои ба эътидол овардани он кӯшиш ба харҷ надиҳем, рӯз аз рӯз ногузир ба фалокат наздик хоҳем шуд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо ҳодисаҳои обхезӣ ва тундбодҳое мебошад, ки дар минтақаҳои гуногуни сайёраи Замин рух медиҳанд.
Дар семинарҳои доимамалкунандаи омӯзгорони фанни биология ва экология мавзӯъҳо оид ба баланд бардоштани маърифати экологӣ муҳокима гардида, рефератҳо тайёр карда шудаанд.
Ҳамасола дар арафаи иди Наврӯзи байналмилалӣ озмуни расмҳои беҳтарин бахшида ба беҳдошти муҳити зист ва экология гузаронида мешавад.
Ҳамчунин барои тарбияи мутахассисони соҳа ҳамасола хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ барои таҳсил ба факултаҳои экологии Донишгоҳ ва Донишкадаҳо фиристонида мешаванд.
Айни замон дар ин факултаҳо 9 нафар шогирдони муассисаҳои таълимии ноҳия таҳсили илм доранд.
Барои баланд бардоштани маърифати экологӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои томактабӣ гузаронидани чорабиниҳои гуногун ба нақша гирифта амалӣ шуда истодаанд.