МАОРИФ
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШ ДАР ТАЪЛИМГОҲ
- Подробности
-
09 Март 2018
Барои ҳар як ватандор хизмати Ватан қарзи ҷавонмардист. Бо ҳамин мафҳуми шакарбор чорабинии идона ба муносибати рӯзи Артиши миллӣ дар муассисаи таълимии №35 оғоз гардид. Хонандагони муассисаи мазкур дар оғози маҳфил аз таърихи 25 соли Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ёдовар шуда, хизмат ба халқу Ватанро қарзи имониву виҷдонии хеш хонданд. Қатори хонандагону омӯзгорони муассиса намояндаи комиссариати ҳарбии ноҳия Фарух Қурбонов ва хатмкардаи муассисаи таълимии мазкур Шараф Собиров, ки айни ҳол дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хизмати Модар-Ватанро адо намуда истодааст, меҳмони чорабинии идона буданд. Зимни нутқи худ сарвари муассиса Баҳриддин Холиқов ҷамъомадагонро ба ин рӯзи фархунда муборакбод намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Сипас викторина вобаста ба таърихи 25 соли Артиш миёни хонандагон доир шуд, ки ғолибон бо туҳфаҳои таъсисдодаи маъмурияти муассиса сарфароз гардиданд. Ҳамчунин хонандагон аз сарбоз Шараф Собиров оид ба ҳаёти имрӯзаи аскарӣ пурсон шуда, ба саволҳои худ ҷавоби қонеъкунанда гирифтанд. Дар охир гулчини таронаву рақсу сурудҳои дар васфи Ватан омоданамудаи хонандагони муассиса пешкаши ҳозирин гардонида шуд.