Пн02172025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

МАОРИФ

БА СОЛИ ХОНИШ БО ТАБЪИ ХУШ

Истироҳатгоҳи “Дурахшон” дар мавзеи хушбоду ҳавои диёр, деҳаи Дурахшон, ки имсол бо ин ном номгузорӣ гардид, ҷойгир буда, ҳамасола 250-260 нафар толибилмони мактабҳои ноҳия ва навоҳии гирду атрофи он, вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон ин ҷо истироҳат намуда бо табъи хушу рӯҳи болида ба соли нави хониш омода мешаванд. Боиси қайд аст, ки истироҳотгоҳи мазкур миёни беҳтарин истироҳатгоҳҳои мактабиёни кишвар  қарор дорад.

Подробнее...

ИСТИРОҲАТ ДАР ЛАГЕРҲОИ МАКТАБӢ

Давраи истироҳатии мактабиёни ноҳия идома дорад.   Барои тобистони хушу хуррами  мактабиёни ноҳия майдончаҳои солимгардонии назди  мактабӣ  низ  омода будаву бачаҳо истирҳати хуш доранд..

Подробнее...

ОМӮЗГОРИ АСИЛУ МАРДИ ШУҶОЪ

Деҳаи Кабкрез як гӯшаи зебоманзари диёри пурфайзу зархези Файзобод маҳсуб меёбад, на танҳо бо хонишу нағмасароии кабкони хушхиромаш ва табиати дилангезу фусункораш ба дили одамон фараҳу шодӣ мебахшад, балки бо фарзандони ҳунарвару барӯманд, фозилу донишманд ва меҳнатдӯсту шуҳратёраш чун овозхони нотакрори зиндаёд Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алӣ, олими маъруф, доктори илмҳои педагогӣ Зиёзода Таваралӣ Нозимпур, мунаққид ва адабиётшиноси варзида, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ Ҷамолиддини Саидзода, олими шинохта, номзади илмҳои биологӣ, устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Соҷида Ҷобирзода ва дигарон овозадору шуҳратманд гардида, ки бо онҳо ифтихор дорад.

Подробнее...

УМРЕ ДАР РОҲИ МАЪРИФАТ

Ҳар кӣ бе устод кард оғоз кор,

Кору бори ӯ надорад эътибор.

Домани устод гиру шод шав,

Муддате хидмат куну устод шав!

Подробнее...

ТАРБИЯИ ЗЕБОИПАРАСТӢ

Тозагию  озодагӣ аз омилҳои муҳими тарбияи зебоипарастӣ  буда, он аз муносибатҳои ҳамарӯзаи волидон дар хона, омӯзгор дар мактаб, байни калонсолон, дар кӯчаю ҷойҳои ҷамъиятӣ оғоз меёбад.
Дар хонадоне, ки калонсолон ба ашёҳо дилгармона муносибат карда, ба ҷобаҷогузории онҳо аҳамият медиҳанд, наврасони хонаро бетараф намегузорад.

Подробнее...

УМРИ МОРО ДАВОМ БАХШАД ҲАСТИИ ЗЕБОИ ТИФЛ

Маҳбуба Иминова хатмкардаи Институти педагогии шаҳри Душанбе мебошад. Солҳои 1979-1991 мураббӣ ва аз соли 1992 то инҷониб мудири боғчаи шаҳраки Файзобод аст. Аълочии маорифи Тоҷикистон. Тайи қариб 40 соли сарвари кӯдакистон буданаш ҳар субҳ, вақте ки аз дарвозаи ин макони меҳру муҳаббат кӯдакон ворид мешаванд, дар баробари мураббиён ин бонуи меҳрубону кордон бо забони ширину чеҳраи хандон кӯдаконро истиқбол мегирад. Ӯ чун инсони некбин ва дӯстдори кӯдакон бо модарони онҳо модарвор бо падаронашон хоҳарвор ва бо худи кӯдакон кӯдаквор гуфтугӯ мекунад. Ва мо низ лаҳзае шоҳиди истиқболи хушу суҳбати ширинаш гардидем.

Подробнее...

ХАЗИНАДОРИ ТАЪРИХИ МАКТАБ

ХАЗИНАДОРИ ТАЪРИХИ МАКТАББа  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  рақами 20-и деҳаамон ҳар меҳмоне, ки  ояд, ҳатман аз Осорхонаи Абдуғаффор Сафаралиев дидан мекунад. Воқеан ҳам  осорхонаи таъсиснамудаи муаллим бо нигораҳои ҷамъовардаааш бисёр   диққатҷалбкунанда аст. Муаллим дар он  бозёфтҳои нодири ҷамъкардаашро аз асри панҷ сар карда то ин давра гирд овардааст. Шамъдон, тангаҳои гуногун, зевару дастпона, кӯзаю офтоба, чахдегу сафолпораҳо, ки ба асрҳои гуногун тааллуқ доранд, инҷо маҳфузанд. Чунин бозёфтҳои таърихиро муаллим аз Қалъаи сангин, ки дар канори Вашгирди бостон ҷойгир асту борҳо дар ин мавзеъ олимони шинохтаи ҷумҳурӣ ҳафриётҳо гузаронидаанд, гирд овардааст.

Подробнее...

АҲЛИ МАОРИФ ФАЪОЛ БУД

Маракаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни кишвар яке аз чорабиниҳои муҳими сиёсӣ аст, ки дар он сохти конститутсионии давлат ба танзим дароварда мешавад.

Подробнее...

ОМӮЗГОРӢ МУҚАДДАСТАРИН КАСБ АСТ

ОМӮЗГОРӢ  МУҚАДДАСТАРИН КАСБ АСТНаҷмиддинов Файзулло Раҷабович - мудири шуъбаи маорифи ноҳия.   
 Боиси сарфарозист, ки ҳамасола аввали моҳи октябр дар саросари кишварамон иди касбии омӯзгорон  ҷашн гирифта мешавад.  Ҷашнгирии ин чорабинӣ падидаи мубораки даврони Истиқлолият буда, эътиқоду эҳтиромро нисбат ба миллати тоҷик ва таъриху фарҳанги волои он боз ҳам қавӣ гардонида,      рамзи қадршиносии омӯзгор, нишони эҳтироми амиқи мардуми тоҷик ба устод, мураббӣ ва тарбиятгар ба ҳисоб меравад. Омӯзгорон ба  ҳама гуна арҷгузорию қадршиносӣ шоистаанд, зеро пешаи омӯзгорӣ басе сангину заҳматталаб, вале ифтихорист.

Подробнее...

Подкатегории