Вт01282025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

МАОРИФ

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ - ХОЛИСОНА, ОДИЛОНА ВА БА ТАВРИ ШАФФОФ БА РОҲ МОНДАНИ ИМТИҲОНҲО

Тайи 4 сол мешавад, ки дар ҷумҳурӣ имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба таври мутамарказ, тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад. Ба раванди тестӣ ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯи он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳад бо ба роҳ андохтани фаъолияти Маркази миллии тестӣ интихоби дурусти касбро ба ҳар як шаҳрванд ва имтиҳони шафофро кафолат диҳад. Зеро мустаҳкамии пойдевори давлатдорӣ аз маориф ва илм реша мегирад.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, то ба фаъолият шурӯъ намудани Маркази миллии тестӣ баръало ба мушоҳида мерасид, ки интихоби довталабон дар бобати касб бисёр тасодуфӣ ва дар оянда барои корбурди касби интихобкарда хеле мушкилиҳо пешорӯяшон меомад. Дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳо тавассути ошнобозиву доду гирифтҳои ғайриқонунӣ амалӣ мегардид.

Пас аз ба фаъолият шурӯъ кардани ММТ ва роҳандозӣ шудани имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути он, танҳо ҷавонони баору номус ва саводноку маърифатпарвар паси курсиҳои донишҷӯӣ хоҳанд нишаст.

Шуъбаи маорифи ноҳия дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестӣ ҳафтаи охири моҳи январи соли равон 41 омӯзгори  муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияро ба машварати омӯзиши Маркази миллии тестӣ, бо мақсади омода намудани таблиғгарон барои иттилоърасонию омӯзонидани низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба омӯзгорон ва хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷалб кард. Ин омӯзгорон корҳои фаҳмондадиҳиро дар муасиссаҳои таълимии ноҳия хуб ба роҳ монданд.

Ҳамасола дар давраи бақайдгирии асосӣ, ки аз 1 март то 15 апрел идома меёбад, давоми як ҳафта нуқтаи бақайдгирии сайёр дар ноҳия фаъолият менамояд, ки ин ҳам яке аз бартариҳои низоми ИМД мебошад. Нуқтаи бақайдгирии сайёр дар давоми 5 рӯз тавонист 210 нафар довталабонро аз деҳаҳои Сарой то Дурахшони ноҳия ба қайд бигирад. Дар нуқтаҳои дигари бақайдгирӣ (дар шаҳри Ваҳдат ва шаҳри Душанбе)  довталабони муассисаҳои таълимии ноҳия ҳуҷҷат супориданд. Соли равон аз ноҳия дар маҷмӯъ 1 078 нафар довталаб аз қайд гузаштанд, ки ин нисбати соли гузашта 162 нафар зиёд аст.

Сол ба сол натиҷаҳои довталабони ноҳия дар ММТ хубтар шуда истодааст. Ҳисоботҳои оморӣ нишон дод, ки соли 2014 тавассути ММТ ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ 360 нафар дохил шуда бошад, пас ин нишондод соли 2016 ба 600 нафар расид ва соли 2017 нисбати соли гузашта 20% зиёд гардид, ки ин нишондиҳанда қаноатмандкунанда  аст.

Таҳти сиёсти хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати мо дар қатори мамлакатҳои инкишофёбанда қадами устувор мегузорад. Бо назардошти ин, Сарвари давлат дар сиёсати давлатӣ маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноки ҳаёти иҷтимоии ҷомеа эълон намудааст. Бинобар ин масъулияти асосӣ бар дӯши омӯзгорон буда, дар муассисаҳои таълимӣ бояд раванди таълиму тарбияро хуб ба роҳ монанд ва хатмкунандагонро мебояд дар тамоми давраи таҳсил дар муассисаи таълимӣ, дониши хубу аъло гиранду омодагии пурра бинанд, зеро танҳо дониш ва маҳорату малака метавонад барои муваффақ шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ  ба онҳо кӯмак расонад.

РУШДИ МАОРИФ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Боиси қайд аст, ки  маҳз бо  ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мактабу маорифи миллии мо рӯ ба инкишоф ниҳода, мақому мартабаи омӯзгор боз ҳам афзуд, соҳаи маориф дар сиёсати давлатӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи афзалиятнок ва дорои аҳамияти стратегӣ эълон гашт, ки ҳамаи ин ғамхориҳо ба рушди соҳа ва баланд гардидани масъулиятнокӣ ва масъулиятшиносии омӯзгорон боис шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар   суҳбату вохӯриҳо,   сафарҳои корӣ ба минтақаҳои гуногуни кишвар ва Паёмҳои ҳамасолаашон ба Маҷлиси Олии мамлакат, диққати роҳбарон ва шахсони масъулро ба дастгирии ҳамаҷонибаи соҳаи маориф ва омӯзгорон ҷалб намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини рушди устувор ва минбаъдаи соҳа дастуру супоришҳои мушаххас ва судманд медиҳанд.

Ҳамин аст, ки  маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи ноҳия сол аз  сол меафзояд. Агар  соли 2016 ба соҳа – 25148193 сомонӣ ҷудо гашта бошад, дар соли 2017 – 27245190 ҷудо шудааст,  ки нисбат ба соли гузашта қариб 2,1 млн. сомонӣ зиёд аст.

Ин худ далели он аст,  ки иҷрои ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд, ислоҳот ва навсозӣ дар соҳаи маориф дар маркази диққати давлату Ҳукумати кишвар  ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  қарор дошта, идомаи бомароми он таъмин карда мешавад.

Соли ҷорӣ ҳамаи 59 муассисаи таҳсилоти умумӣ, (43 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 11 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 5 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ), МЭКН ва 2 кӯдакистони ноҳия аз рӯи нақша ва барномаҳои таълимӣ мунтазам фаъолият намуданд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия     20573 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбати соли таҳсили гузашта 800 нафар хонанда зиёд аст.  

Бо мақсади ҳал намудани мушкилоти ҷойи нишаст дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия дар назди 34 муассисаи таълимӣ барои 5388 ҷойи нишаст, муассисаҳои таълимии нав ва синфхонаҳои иловагӣ ба маблағи 29 млн. 380 ҳазор сомонӣ сохта  ба истифода дода шудаанд.

Соли равон аз ҳисоби фонди “Саховатмандони диёр” ва ҷалби дигар соҳибкорони диёр  дар деҳаи Навобод барои 200 ҷойи нишаст, дар деҳаи Кӯлобиён барои 100 ҷойи нишаст, Меҳробод  барои 100 ҷойи нишаст  муассисаҳои таълимӣ сохта шуда, рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор мегиранд. Дар деҳаи Элоки деҳоти Қалъаидашт аз ҳисоби ширкати ТВЕА – и кишвари Чин ба маблағи беш аз 18 млн сомонӣ барои 1200 ҷойи нишаст бинои наву замонавии муассисаи таълимӣ сохта хоҳад шуд. Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии рақамҳои 26 ва  32 идома доранд. 

Имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 1296 нафар омӯзгорон ба таълиму тарбия машғул мебошанд, ки 920 нафар дорои таҳсилоти олиянд. 

Муассисаҳои томактабӣ дар таълиму тарбия, рушди ақлониву ҷисмонии кӯдакон ва ба таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ омода намудани онҳо нақши муҳим мебозанд. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди муассисаҳои томактабӣ ва фарогирии шумораи бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ   соли ҷорӣ   биноҳои куҳнаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 2, 3 ва 44 аз таъмир бароварда шуда, муассисаҳои томактабӣ ташкил карда мешаванд.

Ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ барои солҳои 2011–2016» корҳои амалӣ ба иҷро расида истодааст. Соли 2016 дар ноҳия гурӯҳҳои мақсадноки Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С. Айнӣ ташкил карда шуд, ки дар курси дувуми он 168 нафар хатмкардаҳои муассисаҳои таълимии ноҳия таҳсил доранд ва ин боргоҳи таълимӣ имсол низ дарҳои худро барои толибилмон боз менамояд.

Имрӯз ҳар як омӯзгор эҳсос менамояд, ки вазифаашро бояд ба ҳисси баланди масъулиятшиносӣ иҷро намуда, дар тарбияи маънавии фарзандони мардум   ҳиссагузор бошад.   Бештар ба сифати таълим диққат дода, роҳу усулҳои фаъолу самарабахши таълимро ҷустуҷӯ намуда, аз таҷрибаи мамолики пешрафтаи ҷаҳон дар соҳаи маориф бархурдор гардида, дар тарбияи насли наврас, ки ояндаи миллату кишвар мебошад аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, дар татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳиссагузор бошад.

Маорифчиёни ноҳия баҳри баланд бардоштани маънавиёти ҷавонон ва ҳуввияти миллӣ, дар рӯҳияи ифтихор аз ватану ватандорӣ  тарбия намудани насли наврас пайваста кӯшиш намуда, дар ободию гулгулшукуфии ватани азизамон, Тоҷикистони ободу соҳибистиқлол, саҳми сазовор мегузорем.

Файзулло Наҷмиддинов, мудири шуъбаи маорифи ноҳия.

МАРҲАБО, БА ИДИ КИТОБ

Аз 2 апрел то 9 апрел дар назди қасри фарҳанги ноҳия Иди китоб барпо мегардад.

Ҳамасола бо ташаббуси Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ва дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, воситаҳои хабаррасонии оммавӣ аз 2 то 9 апрел Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» доир мегардад, ки дар он эҷодкорон, адабиётшиносон, омӯзгорон, китобдорон ва хонандагони китобхонаҳо ширкат меварданд.

Подробнее...

ИСТИРОЊАТИ ТОБИСТОНАИ МАКТАБИЁН ИМСОЛ ЧЇ ГУНА ТАШКИЛ ШУД?

Пас аз ба анљом расидани соли тањсил яке аз масъалањои мубрам ва муњиме, ки дар назди масъулони шуъбаи маорифи ноњия, хусусан Кумитаи иттифоќи касабаи коркунони соњаи маорифи ноњия меистод, ин иљрои фармоиши вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон аз 10 марти соли 2017, № 741 «Оид ба ташкили истироњати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2017» мебошад. Бо  маќсади иљрои ќарори зикргардида аз тарафи масъулони соња, њамаи сарварони муассисањои тањсилоти миёнаи умумї ва дигар муассисањои таълимї  вазифадор карда шуда буданд, ки дар заминаи ошхонањои љавобгўи талаботи санитарию эпидемиологидошта  барои кўдакон ва наврасон фароѓатгоњњои таълимии рўзонаи солимгардонї ташкил намоянд. Њамзамон, таъкид гардида буд, ки то 15 июни соли 2017 корњои сохтмонї, таъмиру тармим ва муљањњазгардонии биноњо, майдончањои варзишї, кабудизоркунию нињолшинониро дар истироњатгоњњои солимгардонии назди муассисањои миёнаи умумии №№ 1, 7, 35, 40, 59 ба анљом расонида, бо маќсади таъмин намудани истироњатгоњњо бо мутахассисон, омўзгороне, ки собиќаи зиёди корї, ќобилияти хуби ташкилотчигї доранд, чорањои зарурию сариваќтї андешанд.  

Дар шаш майдончањои солимгардонии назди муассисањои таълимии ноњия дар ду баст 200 нафар кўдакон ва наврасон фаро гирифта шуда, бо мададу дастгирии волидон, сарварони муассисањои таълимї, сарпарастон ва Кумитаи иттифоќи касабаи коркунони соњаи маорифи ноњия ба њар як истироњаткунанда маблаѓи муайян људо карда шуд. Њамчунин бо ташаббуси бевоситаи шуъбаи маориф, Кумитаи  иттифоќи касабаи соња  ва сарварони муассисањои таълимї аз 10 июл то 20 июли соли 2017 дањаи   истироњатгоњњои фароѓатї-таълимї дар њамаи муассисањои таълимии ноњия барои хонандагони синфњои ибтидої (1-4) доир шуд, ки дар ин дањ рўз 1600 нафар хонандагон ба истироњату таълим  фаро гирифта шуданд, Ташкили чунин  истироњатгоњњои фароѓатї-таълимї бањри болоравии мањорату малака ва дониши хонандагон наќши муњим дорад. Дар ин истироњатгоњњо наврасон аз рўи наќшаи муайяншуда ба таълими машќи хат, омўзиши фанњои таълимї ва бозињои серњаракат фаро гирифта шуданд. Њамзамон, дар њамаи истироњатгоњњои мактаббачагон китобхонањо, майдончаву толорњои варзишї, мањфилњои омўзиши забони русї, англисї ва компютер фаъол буд. Мусобиќањои шашкаю шоњмот, волейбол, футбол, њамчунин вохўрињои сатњи гуногун ташкил ва гузаронида шуданд. Ба хотири дастгирии кўдакон ва наврасон аз оилањои камбизоат ба 5 истироњатгоњи назди муассисањои таълимии ноњия аз тарафи Кумитаи иттифоќи касабаи коркунони соњаи маориф, раисони љамоатњо, сарпарастон бештар аз 3000 сомонї маблаѓ људо карда шуд.

Њамчунин истироњатгоњи фароѓатии беруназшањрии «Дурахшон» њам  фаъолияти хуб дошт. Барои фаъолияти пурсамари истироњатгоњи мазкур   маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия   171260 сомонї људо кард.   Дар басти якум ва дуюми фаъолияти истироњатгоњи  «Дурахшон» 260 нафар мактаббачагон ба истироњати хуб фаро гирифта шуданд. 

Њамчунин   8 нафар хонандагони ноњия бо дастгирии  Кумитаи иттифоќњои касабаи кормандони соњаи маориф ва илм   дар истироњатгоњи беруназшањрии «Чайка»  истироњати тобистонаи худро гузарониданд.

Чуноне ки аз суњбат бо раиси Кумитаи иттифоќи касабаи кормандони соњаи маорифи ноњия Зуњро Ѓаффорова маълум гардид, боз њам дар назар аст, ки дар моњи август аз њисоби хонандагоне, ки бори аввал ба мактаб меоянд, 170 нафар, яъне дар њар як муассиса 25-нафарї ба истироњатгоњњои фароѓатию солимгардонии назди муассисањои таълимї  фаро гирифта мешаванд.

Бо вуљуди ин њама дар кори истироњати хубу њаматарафаи мактаббачагон дар истироњатгоњњои фароѓатию солимгардонии назди муассисањои таълимии ноњия норасоињои љузъию ислоњшаванда низ ба назар мерасанд.

Чунончи бо сабаби ба таъмири пурра фаро гирифта шудани  муассисањои таълимии №№2,3,20,10,9,24 дар ин муассисањо фароѓатгоњњои рўзонаи таълимї ташкил карда нашудаанд.

Хулоса, истироњати тобистонаи мактаббачагони ноњия њамеша дар мадди назари масъулини маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия, шуъбаи маориф, Кумитаи иттифоќи касабаи коркунони соњаи маориф ва дигар шахсони дахлдори ба он вобастабуда ќарор дошта,  бо боварї метавон ќайд кард, ки дар фароѓатгоњу майдончањои солимгардонї кўдакону наврасони муассисањои талимии ноњия истироњати бофароѓат намуда, љисму љони худро обутоб дода, малакаву дониши худро боз њам афзун мегардонанд.

Њ.БУЗУРГ.

СУХАН АЗ ОБОДКОРИҲО

Ҳамаи ободкориҳои  солҳои охирро сокинони ноҳия  хеле хуб баҳогузорӣ карда умедвории онро  доранд, ки  ташаббусу иқдомҳои  нав ба нав соли равон дар ноҳия  амалӣ хоҳад гашт. Дар саҳифаи имрӯзаи  мо андешаҳои мардум атрофи  ободкориҳост.

Подробнее...

Шоистаи тањсин

Ў љавон аст, њамагї 31 сол дорад.  Аммо серѓайрат, доимо дар такопў, дар љустуљў аст.  

Идихўља Толибов   хатмкардаи муассисаи тањсилоти миёнаи умумии раќами 33 ба номи Абдуназаров Назар мебошад. Пас аз хатми мактаби миёна соли 2004-ум барои идомаи тањсил ба пойтахт омад. Орзуи омўзгор шудан дошт, вале фалак на њамеша мувофиќи хоњиши кас амал мекунад. Донишљўи риштаи иќтисод ва идораи  Донишкадаи иќтисодии Тољикистон гардид.  Даврони нотакрор ва пурљўшу хурўши донишљўї паси сар гардиданд. Соли 2009-ум Идихўља донишкадаи мазкурро хатм намуд. Њамчун мутахассиси  соњаи иќтисод дар чанд ташкилот ба кор даъваташ карданд, аммо   мењри омўзгор шудан ўро ба сўйи мактаби дења  кашид. Нињоят баъди ќарори ќатъї 1-уми сентябри соли 2009-ум дар мактаби дења фаъолияташро ба њайси омўзгори фанњои химия-биология оѓоз намуд. Бо дастгирї ва кўмаки устодаш омўзгори ботаљрибаи мактаб Солењов Саъдулло пањлуњои мухталифи ин фанњоро аз худ намуд. Мањз бо ташвиќи устод Идихўља   ба шуъбаи ѓоибонаи  факултети химия-биологияи Донишгоњи давлатии омўзгорї њуљљат супорида, донишљў гардид.

Ќобилияти хуби ташкилотчигї ва нављўию навоварии ўро ба инобат гирифта, ўро ба вазифаи масъули муовини директор оид ба таълим таъйин намуданд. Муддати   фаъолият дар ин вазифа Идихўља худро њамчун шахсияти баиродаву масъулиятшинос  нишон дод.

   Идихўља Толибов собиќаи њафтсолаи корї дорад. Тўли ин солњо дар вазифањои гуногуни љамъиятї фаъолият намуда, сазовори боварї, эътирофи роњбарияти муассиса ва њамкорон гардидааст.

Соли тањсили 2015-2016 њамчун роњбари гурўњи сифати тањсилот, роњбари созмони талабагї буд.

Ба мусиќї низ шавќу раѓбати беандоза дорад. Аксари  асбобњои мусиќии миллию эстрадиро навохта метавонад.

Њамин аст, ки бо хоњиши худ роњбарии бахши  фарњангии мактабро низ ба зимма гирифтааст. Зери роњбарии ў хонандагони муассиса дар чандин чорабинињои фарњангии мактабию ноњиявї ширкат намуда, сазовори бањои баланди тамошобинон гардидаанд. Суитаи раќсие, ки рўзи љашни Наврўз дар ноњия бањои баланд гирифт, мањз мањсули мењнату зањмати вай мебошад.

Фаъолияти таълимияш низ серпањлу ва навоварона мебошад. Давоми сол якчанд чорабинию мањфилњои шавќовари фаннї ташкил кард, ки њамаи онњо љавобгўи талаботи замон буданд. Аз фанњои мазкур шогирдонаш дар олимпиадаи фаннї иштирок намуда, љойњои намоёнро сазовор гардидаанд.

Соли тањсили сипаришуда Идихўља Толибов инчунин гурўњи хонандагони болаёќатро аз фанни химия ташкил намуд, ки маќсади нињоии он такмили донишњои назариявї-амалии хонандагон аз фанњои химия ва биология мебошад. Дар ин гурўњ 45 нафар хонандагони фаъол машѓулият мегузаронанд.

Муњаббат ба пешаи омўзгорї ва истифодаи босамари шаклу  усулњои нави таълим ўро чун омўзгори навовар соњибном гардондааст.

Чанде пеш  Толибов Идихўља, муаллими фанни биологияи муассисаи тањсилоти миёнаи умумии раќами 33  дар озмуни «Муаллими сол»-и ноњия ширкат намуду њамчун ѓолиби озмуни мазкур  дастболо шуд.

Акнун Идихўља њамчун ѓолиби озмуни «Муаллими сол» њуќуќи аз номи омўзгорони ноњия дар озмуни минтаќавии шањру ноњияњои тобеи марказ  иштирок карданро ба даст овард. Дар ин  давр мо ба ў барору комёбї хоњонем.

Бењрўзи НУРИЁН, омўзгор. 

МАОРИФ ОМИЛИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТ ВА НАҶОТИ МИЛЛАТ АСТ

Дар  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  (22 декабри соли 2016)   омадааст: «Ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо муаллимони баландихтисос чораҷӯӣ карда, доир ба ҳалли масъалаи норасоии омӯзгорон, махсусан, аз фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, инчунин, бо кадрҳои дорои таҳсилоти олии касбӣ таъмин намудани мактаб¬ҳои деҳот, ки ин нишондиҳанда то имрӯз 70 фоизро ташкил медиҳад, тадбирҳои зарурӣ андешида, то соли 2019 масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар мамлакат пурра бартараф карда шавад».

Подробнее...

ЌАДРДОНИИ ЗАЊМАТИ МАОРИФЧИЁН

Дар иљлосияи ёздањуми Маљлиси вакилони халќи ноњия даъвати  панљум кўчаи Навбунёди Љамоати шањраки Файзобод ба номи Ќурбон Назир ва муассисаи тањсилоти миёнаи  умумии раќами 22 ба номи  Наљмиддинов Мирзо номгузорї шуд. Боиси ќайд аст, ки Ќурбон Назир ва Мирзо Наљмиддинов дар пешрафти соњаи маориф  хизмати шоиста кардаанд.

Ќурбон Назир солиёни зиёд ба њайси мудири маорифи ноњия ва сарвари чанд муассисаи таълимї фаъолият дошта, зањмату мењнати ў бо орденњои Ленин ва “Байраќи сурхи мењнат” ќадрдонї шудааст. Пешрафту дастовардњои омўзгорону шогирдони муассисаи тањсилоти миёнаи умумии раќами 22 бошад, ба номи Мирзо Наљмиддинов  сахт марбут аст. Номбурда солњои зиёд  дар ин таълимгоњ ба сифати муовини директор ва директори муассисаи мазкур фаъолият дошт. Пос доштани номи онњо, ин эњтирому арљгузорї  ба зањмати ањли маориф арзёбї мегардад.

“НФ”.

ДАР НАВОБОД МАКТАБ МЕСОЗАНД

ДАР НАВОБОД МАКТАБ МЕСОЗАНДНавобод яке аз маҳаллаҳои ояндадори Ҷамоати деҳоти Ҷавонон  ба шумор меравад. Маҳз ба туфайли соҳибистиқлолии кишвар  деҳаи мазкурро  ояндаи дурахшон насиб гашт. Деҳа аз маҳаллаҳоест, ки дар ҳар кунҷаш сохтмони манзилҳои истиқоматӣ   идома дорад.  То солҳои наздик  дар деҳа  85 оила истиқомат дошт.  Баъди ҷудо намудани  10 гектар замин, ки ба зиёда аз 200 нафар эҳтиёҷмандон тақсим гардид,шумораи оилаҳо дар  Навобод ба 300 нафар расид. Бо назардошти афзудани шумораи сокинон аҳли деҳ  бунёди мактаби навро ният карданд. Зеро мактаби асосии деҳа, ки фаъолият дорад, оянда талаботи  сокинонашро қонеъ намегардонад. Ин иқдомро кулли сокинони деҳа дастгирӣ карданд.

Подробнее...

Подкатегории