МАОРИФ
Шоистаи тањсин
- Подробности
-
10 Авг 2017
Ў љавон аст, њамагї 31 сол дорад. Аммо серѓайрат, доимо дар такопў, дар љустуљў аст.
Идихўља Толибов хатмкардаи муассисаи тањсилоти миёнаи умумии раќами 33 ба номи Абдуназаров Назар мебошад. Пас аз хатми мактаби миёна соли 2004-ум барои идомаи тањсил ба пойтахт омад. Орзуи омўзгор шудан дошт, вале фалак на њамеша мувофиќи хоњиши кас амал мекунад. Донишљўи риштаи иќтисод ва идораи Донишкадаи иќтисодии Тољикистон гардид. Даврони нотакрор ва пурљўшу хурўши донишљўї паси сар гардиданд. Соли 2009-ум Идихўља донишкадаи мазкурро хатм намуд. Њамчун мутахассиси соњаи иќтисод дар чанд ташкилот ба кор даъваташ карданд, аммо мењри омўзгор шудан ўро ба сўйи мактаби дења кашид. Нињоят баъди ќарори ќатъї 1-уми сентябри соли 2009-ум дар мактаби дења фаъолияташро ба њайси омўзгори фанњои химия-биология оѓоз намуд. Бо дастгирї ва кўмаки устодаш омўзгори ботаљрибаи мактаб Солењов Саъдулло пањлуњои мухталифи ин фанњоро аз худ намуд. Мањз бо ташвиќи устод Идихўља ба шуъбаи ѓоибонаи факултети химия-биологияи Донишгоњи давлатии омўзгорї њуљљат супорида, донишљў гардид.
Ќобилияти хуби ташкилотчигї ва нављўию навоварии ўро ба инобат гирифта, ўро ба вазифаи масъули муовини директор оид ба таълим таъйин намуданд. Муддати фаъолият дар ин вазифа Идихўља худро њамчун шахсияти баиродаву масъулиятшинос нишон дод.
Идихўља Толибов собиќаи њафтсолаи корї дорад. Тўли ин солњо дар вазифањои гуногуни љамъиятї фаъолият намуда, сазовори боварї, эътирофи роњбарияти муассиса ва њамкорон гардидааст.
Соли тањсили 2015-2016 њамчун роњбари гурўњи сифати тањсилот, роњбари созмони талабагї буд.
Ба мусиќї низ шавќу раѓбати беандоза дорад. Аксари асбобњои мусиќии миллию эстрадиро навохта метавонад.
Њамин аст, ки бо хоњиши худ роњбарии бахши фарњангии мактабро низ ба зимма гирифтааст. Зери роњбарии ў хонандагони муассиса дар чандин чорабинињои фарњангии мактабию ноњиявї ширкат намуда, сазовори бањои баланди тамошобинон гардидаанд. Суитаи раќсие, ки рўзи љашни Наврўз дар ноњия бањои баланд гирифт, мањз мањсули мењнату зањмати вай мебошад.
Фаъолияти таълимияш низ серпањлу ва навоварона мебошад. Давоми сол якчанд чорабинию мањфилњои шавќовари фаннї ташкил кард, ки њамаи онњо љавобгўи талаботи замон буданд. Аз фанњои мазкур шогирдонаш дар олимпиадаи фаннї иштирок намуда, љойњои намоёнро сазовор гардидаанд.
Соли тањсили сипаришуда Идихўља Толибов инчунин гурўњи хонандагони болаёќатро аз фанни химия ташкил намуд, ки маќсади нињоии он такмили донишњои назариявї-амалии хонандагон аз фанњои химия ва биология мебошад. Дар ин гурўњ 45 нафар хонандагони фаъол машѓулият мегузаронанд.
Муњаббат ба пешаи омўзгорї ва истифодаи босамари шаклу усулњои нави таълим ўро чун омўзгори навовар соњибном гардондааст.
Чанде пеш Толибов Идихўља, муаллими фанни биологияи муассисаи тањсилоти миёнаи умумии раќами 33 дар озмуни «Муаллими сол»-и ноњия ширкат намуду њамчун ѓолиби озмуни мазкур дастболо шуд.
Акнун Идихўља њамчун ѓолиби озмуни «Муаллими сол» њуќуќи аз номи омўзгорони ноњия дар озмуни минтаќавии шањру ноњияњои тобеи марказ иштирок карданро ба даст овард. Дар ин давр мо ба ў барору комёбї хоњонем.
Бењрўзи НУРИЁН, омўзгор.