МАОРИФ
ИСТИРОЊАТИ ТОБИСТОНАИ МАКТАБИЁН ИМСОЛ ЧЇ ГУНА ТАШКИЛ ШУД?
- Подробности
-
10 Авг 2017
Пас аз ба анљом расидани соли тањсил яке аз масъалањои мубрам ва муњиме, ки дар назди масъулони шуъбаи маорифи ноњия, хусусан Кумитаи иттифоќи касабаи коркунони соњаи маорифи ноњия меистод, ин иљрои фармоиши вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон аз 10 марти соли 2017, № 741 «Оид ба ташкили истироњати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2017» мебошад. Бо маќсади иљрои ќарори зикргардида аз тарафи масъулони соња, њамаи сарварони муассисањои тањсилоти миёнаи умумї ва дигар муассисањои таълимї вазифадор карда шуда буданд, ки дар заминаи ошхонањои љавобгўи талаботи санитарию эпидемиологидошта барои кўдакон ва наврасон фароѓатгоњњои таълимии рўзонаи солимгардонї ташкил намоянд. Њамзамон, таъкид гардида буд, ки то 15 июни соли 2017 корњои сохтмонї, таъмиру тармим ва муљањњазгардонии биноњо, майдончањои варзишї, кабудизоркунию нињолшинониро дар истироњатгоњњои солимгардонии назди муассисањои миёнаи умумии №№ 1, 7, 35, 40, 59 ба анљом расонида, бо маќсади таъмин намудани истироњатгоњњо бо мутахассисон, омўзгороне, ки собиќаи зиёди корї, ќобилияти хуби ташкилотчигї доранд, чорањои зарурию сариваќтї андешанд.
Дар шаш майдончањои солимгардонии назди муассисањои таълимии ноњия дар ду баст 200 нафар кўдакон ва наврасон фаро гирифта шуда, бо мададу дастгирии волидон, сарварони муассисањои таълимї, сарпарастон ва Кумитаи иттифоќи касабаи коркунони соњаи маорифи ноњия ба њар як истироњаткунанда маблаѓи муайян људо карда шуд. Њамчунин бо ташаббуси бевоситаи шуъбаи маориф, Кумитаи иттифоќи касабаи соња ва сарварони муассисањои таълимї аз 10 июл то 20 июли соли 2017 дањаи истироњатгоњњои фароѓатї-таълимї дар њамаи муассисањои таълимии ноњия барои хонандагони синфњои ибтидої (1-4) доир шуд, ки дар ин дањ рўз 1600 нафар хонандагон ба истироњату таълим фаро гирифта шуданд, Ташкили чунин истироњатгоњњои фароѓатї-таълимї бањри болоравии мањорату малака ва дониши хонандагон наќши муњим дорад. Дар ин истироњатгоњњо наврасон аз рўи наќшаи муайяншуда ба таълими машќи хат, омўзиши фанњои таълимї ва бозињои серњаракат фаро гирифта шуданд. Њамзамон, дар њамаи истироњатгоњњои мактаббачагон китобхонањо, майдончаву толорњои варзишї, мањфилњои омўзиши забони русї, англисї ва компютер фаъол буд. Мусобиќањои шашкаю шоњмот, волейбол, футбол, њамчунин вохўрињои сатњи гуногун ташкил ва гузаронида шуданд. Ба хотири дастгирии кўдакон ва наврасон аз оилањои камбизоат ба 5 истироњатгоњи назди муассисањои таълимии ноњия аз тарафи Кумитаи иттифоќи касабаи коркунони соњаи маориф, раисони љамоатњо, сарпарастон бештар аз 3000 сомонї маблаѓ људо карда шуд.
Њамчунин истироњатгоњи фароѓатии беруназшањрии «Дурахшон» њам фаъолияти хуб дошт. Барои фаъолияти пурсамари истироњатгоњи мазкур маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия 171260 сомонї људо кард. Дар басти якум ва дуюми фаъолияти истироњатгоњи «Дурахшон» 260 нафар мактаббачагон ба истироњати хуб фаро гирифта шуданд.
Њамчунин 8 нафар хонандагони ноњия бо дастгирии Кумитаи иттифоќњои касабаи кормандони соњаи маориф ва илм дар истироњатгоњи беруназшањрии «Чайка» истироњати тобистонаи худро гузарониданд.
Чуноне ки аз суњбат бо раиси Кумитаи иттифоќи касабаи кормандони соњаи маорифи ноњия Зуњро Ѓаффорова маълум гардид, боз њам дар назар аст, ки дар моњи август аз њисоби хонандагоне, ки бори аввал ба мактаб меоянд, 170 нафар, яъне дар њар як муассиса 25-нафарї ба истироњатгоњњои фароѓатию солимгардонии назди муассисањои таълимї фаро гирифта мешаванд.
Бо вуљуди ин њама дар кори истироњати хубу њаматарафаи мактаббачагон дар истироњатгоњњои фароѓатию солимгардонии назди муассисањои таълимии ноњия норасоињои љузъию ислоњшаванда низ ба назар мерасанд.
Чунончи бо сабаби ба таъмири пурра фаро гирифта шудани муассисањои таълимии №№2,3,20,10,9,24 дар ин муассисањо фароѓатгоњњои рўзонаи таълимї ташкил карда нашудаанд.
Хулоса, истироњати тобистонаи мактаббачагони ноњия њамеша дар мадди назари масъулини маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия, шуъбаи маориф, Кумитаи иттифоќи касабаи коркунони соњаи маориф ва дигар шахсони дахлдори ба он вобастабуда ќарор дошта, бо боварї метавон ќайд кард, ки дар фароѓатгоњу майдончањои солимгардонї кўдакону наврасони муассисањои талимии ноњия истироњати бофароѓат намуда, љисму љони худро обутоб дода, малакаву дониши худро боз њам афзун мегардонанд.
Њ.БУЗУРГ.