МАОРИФ
МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ - ХОЛИСОНА, ОДИЛОНА ВА БА ТАВРИ ШАФФОФ БА РОҲ МОНДАНИ ИМТИҲОНҲО
- Подробности
-
27 Сен 2017
Тайи 4 сол мешавад, ки дар ҷумҳурӣ имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба таври мутамарказ, тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад. Ба раванди тестӣ ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯи он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳад бо ба роҳ андохтани фаъолияти Маркази миллии тестӣ интихоби дурусти касбро ба ҳар як шаҳрванд ва имтиҳони шафофро кафолат диҳад. Зеро мустаҳкамии пойдевори давлатдорӣ аз маориф ва илм реша мегирад.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, то ба фаъолият шурӯъ намудани Маркази миллии тестӣ баръало ба мушоҳида мерасид, ки интихоби довталабон дар бобати касб бисёр тасодуфӣ ва дар оянда барои корбурди касби интихобкарда хеле мушкилиҳо пешорӯяшон меомад. Дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳо тавассути ошнобозиву доду гирифтҳои ғайриқонунӣ амалӣ мегардид.
Пас аз ба фаъолият шурӯъ кардани ММТ ва роҳандозӣ шудани имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути он, танҳо ҷавонони баору номус ва саводноку маърифатпарвар паси курсиҳои донишҷӯӣ хоҳанд нишаст.
Шуъбаи маорифи ноҳия дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестӣ ҳафтаи охири моҳи январи соли равон 41 омӯзгори муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияро ба машварати омӯзиши Маркази миллии тестӣ, бо мақсади омода намудани таблиғгарон барои иттилоърасонию омӯзонидани низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба омӯзгорон ва хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷалб кард. Ин омӯзгорон корҳои фаҳмондадиҳиро дар муасиссаҳои таълимии ноҳия хуб ба роҳ монданд.
Ҳамасола дар давраи бақайдгирии асосӣ, ки аз 1 март то 15 апрел идома меёбад, давоми як ҳафта нуқтаи бақайдгирии сайёр дар ноҳия фаъолият менамояд, ки ин ҳам яке аз бартариҳои низоми ИМД мебошад. Нуқтаи бақайдгирии сайёр дар давоми 5 рӯз тавонист 210 нафар довталабонро аз деҳаҳои Сарой то Дурахшони ноҳия ба қайд бигирад. Дар нуқтаҳои дигари бақайдгирӣ (дар шаҳри Ваҳдат ва шаҳри Душанбе) довталабони муассисаҳои таълимии ноҳия ҳуҷҷат супориданд. Соли равон аз ноҳия дар маҷмӯъ 1 078 нафар довталаб аз қайд гузаштанд, ки ин нисбати соли гузашта 162 нафар зиёд аст.
Сол ба сол натиҷаҳои довталабони ноҳия дар ММТ хубтар шуда истодааст. Ҳисоботҳои оморӣ нишон дод, ки соли 2014 тавассути ММТ ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ 360 нафар дохил шуда бошад, пас ин нишондод соли 2016 ба 600 нафар расид ва соли 2017 нисбати соли гузашта 20% зиёд гардид, ки ин нишондиҳанда қаноатмандкунанда аст.
Таҳти сиёсти хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати мо дар қатори мамлакатҳои инкишофёбанда қадами устувор мегузорад. Бо назардошти ин, Сарвари давлат дар сиёсати давлатӣ маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноки ҳаёти иҷтимоии ҷомеа эълон намудааст. Бинобар ин масъулияти асосӣ бар дӯши омӯзгорон буда, дар муассисаҳои таълимӣ бояд раванди таълиму тарбияро хуб ба роҳ монанд ва хатмкунандагонро мебояд дар тамоми давраи таҳсил дар муассисаи таълимӣ, дониши хубу аъло гиранду омодагии пурра бинанд, зеро танҳо дониш ва маҳорату малака метавонад барои муваффақ шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба онҳо кӯмак расонад.