Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

МАОРИФ

ОҒӮШИ ГАРМИ “ДУРАХШОН”

Чун ҳамасола дар давраи тобистон, ки таътили тобистонаи мактаббачагон фаро мерасад, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар  лагеру истироҳатгоҳҳои мактабӣ дарҳои худро ба рӯйи наврасон мекушоянд. Баҳри иҷрои  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28. 04. 2018 бо  рақами 295, фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.05.2018 бо рақами 1810 ва Қарори раиси ноҳия аз 22.05.2018 бо таҳти рақами 343 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ,шуъбаи маориф ва дигар идораву ташкилотҳои масъули ноҳия корҳои зиёдеро ба сомон расониданд. Дар ноҳия майдончаҳои  солимгардонӣ дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои 1,2,7,18,21,35,40,59  бо фарогирии   260 нафар хонанда фаъолият доранд.   Ҳамзамон   1600 нафар толибилмони   дар лагерҳои фароғатию истироҳатии дохили ноҳия ба  истироҳат фаро гирифта шуданд.

Подробнее...

УСТОД АЙНӢ – ҲОМИИ МИЛЛАТ

Устод Айнӣ дар ҳассостарин давраи таърихи халқи тоҷик умр ба сар бурда, бо мероси гаронбаҳои илмию адабии худ чароғи маърифатро дар дили тоҷикон фурӯзон намуд. Устод аз таровати ҳаёти нави баъди Инқилоби Октябр болида, асарҳои ҷаҳоншумул офарида ва халқи дар ҷаҳолатмондаро ба худшиносӣ даъват намуд.

С.Айнӣ бар хилофи ақидаи пантуркистон, ки мавҷудияти халқи тоҷикро инкор мекарданд, дорои таърихи бой ва фарҳанги ҷаҳонӣ будани ин қавми куҳанбунёдро собит сохт. Бо асари илмии худ – «Намунаи адабиёти тоҷик» ба пантуркистон фаҳмонд, ки тоҷикон халқи қадим ва дорои адабиёти ҳазорсолаанд. Устод дар ин китоб доир ба 200 адиби форс-тоҷик маълумот дод. Ин асар зарбае шуд ба душманони миллати тоҷик.

Воқеан, он замон, ки гуфтугузор дар бораи ташкили ҷумҳурии соҳибмухтори тоҷикон сухан мерафт, устод Айнӣ роҷеъ ба таърихи халқи тоҷик, адабиёту фарҳанги миллат, ба вижа забони вай, як силсила мақолаҳои илмию публитсистӣ навишт.

Хизматҳои С.Айнӣ ҳамчун шоир, нависанда, олим чӣ дар даврони шӯравӣ ва чӣ дар даврони Истиқлолият қадршиносӣ гардидааст. Асарҳои гаронбаҳояш бо зиёда аз 30 забони халқҳои гуногуни дунё тарҷума ва чоп шудаанд. Устод ҳамчун сардафтари адабиёти навин эътироф гардида ба унвони олитарини давлатӣ – Қаҳрамони халқи тоҷик сазовор гардид.

Бо қарори ЮНЕСКО дар миқёси байналхалқӣ 100-солагии устод ҷашн гирифта шуд. Насли имрӯза бояд бо номи ин бузургмард ифтихор намуда осори гаронбаҳои ӯро хонанд ва аз таърихи миллати худ хабардор шаванд.

Ҷамила АСОЗОДА, омӯзгор.

ИДИ ИДҲО

Ҳамасола бо ташаббуси роҳбарияти Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ва дастгирии Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори  омма  аз 15 апрел то 15 май Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» доир мегардад, ки дар он тамоми эҷодкорон, адабиётдӯстон, адабиётшиносон, омӯзгорон, китобдорон, хонандагони китобхонаҳо ширкат меварзанд.

Роҷеъ ба қадру манзалати китоб, арҷгузории ин дурри маънӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани  Фестивал созмондиҳандагон-китобдорон тадбирҳои зиёд меандешанд. Фестивали имсола ба соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   бахшида шуда, адибон, олимону китобдорон, рассомон, ихтироъкорон беҳтарини офаридаи худро манзури дӯстдорони китоб мегардонанд.

Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон яке аз шаклҳои маъруфи тарғиби китоб мебошад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба қолаби муайян даромадааст.

Баргузории Фестивали ҷумҳуриявии Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон дар тарғиби осори навину хонданӣ ва адибони нав ба арсаи адабиёт қадамгузошта, дар ҷалби кӯдакону наврасон ба китобу китобхона, кашфи падидаҳои нави наврас нақши калон мебозад.

Дар ноҳияамон аз фестивал то фестивал дар кори китобхонаҳо дигаргуниҳои куллӣ ба миён меоянд. Таъмиру тармим гардидани китобхонаҳо дар ду соли охир, ба воситаи ҳашар  сохтани 5 китобхона дар маҳалҳо, сохтмони бинои дуошёнаи китобхона дар деҳаи Заркамар, бо китобҳои тозанашр ва техникаву технологияи нав таъмин намудани китобхонаҳо дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад ва натиҷаи дилхоҳ медиҳад.

Падидаҳои нав дар қироати шеър, навиштани шеър, дарёфти овозхонони ҷавон, ба талаботи замон ҷавобгӯ будани чанде аз китобхонаҳо, китобдорон ва хонандагони мактабҳои ноҳия натиҷаи фаъолияти пурсамари мо мебошад.

ШОИСТАИНСОН БУД НАЗИР ҚУРБОНОВ

Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Оре, оне, ки дар зиндагӣ накуном зист, то абад аз ӯ бо некӣ ёд хоҳанд кард ва ӯ сазовори ҳама қадршиносист. Яке аз инсонҳои накуноме, ки тамоми умри худро баҳри хизмати софдилонаи мардуми диёр сарф намудааст, Назир Қурбонов мебошад. Имрӯз ба гиромидошти ин инсони поксиришт бо пешниҳоди сокинони шаҳраки Файзобод ва дастгирии раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ яке аз кӯчаҳои навбунёди маркази шаҳрак ба номи ӯ гузошта шуд. Ин қадршиносӣ моро водор намуд, ки бори дигар ёде аз хизматҳои ин шоистамарди зиндаёд намоем.

Назир Қурбонов дар деҳаи Дубеда таваллуд шуда, маълумоти ибтидоиро дар мактаби куҳнаи деҳа гирифта, баъд аз барқарор шудани сохти шӯравӣ ба интернати давлатии шаҳри Душанбе фиристода мешавад. Ӯ соли 1926 соҳиби маълумоти нопурра мегардад ва фаъолияти омӯзгориаш аз ҳамон давра оғоз мешавад. Он солҳо дар маҳви бесаводии аҳолӣ фаъолона иштирок намуда, дар деҳаҳои дурдаст ба мардум хату савод омӯзонда, бар зидди дастаҳои босмачиён муборизаи беамон мебарад. Соли 1930 дар деҳаи Дубеда барои кӯдакони бесаробону эҳтиёҷманд аввалин интернатро ташкил намуда, чанд сол онро сарварӣ намудааст. Баъдтар, соли 1937, ба Дорулмуаллимини шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дохил шуда, соли 1939 онро бомуваффақият хатм менамояд. Саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ихтиёрӣ ба ҷанг рафта, дар озодкунии шаҳрҳои Полтава ва Харкови Ҷумҳурии Украина аз фашистони истилогар иштирок намуда, пас аз захмӣ шуданаш, соли 1944 ба Ватан бармегардад. Дар солҳои душвори барқароркунии баъдиҷангӣ ба маъюбӣ нигоҳ накарда дар корҳои ободонию бунёдкорӣ, таълиму тарбияи насли ҷавон саҳми сазовор мегузорад. Ҳамчун зиёии пешқадам ва коммунисти матин-ирода яке аз аввалинҳо шуда бо аҳли оила барои обод гардидани водии Вахш ба ноҳияи Куйбишев (ҳозира Абдураҳмони Ҷомӣ) кӯч мебандад. Ин ҷо дар вазифаҳои сарвари мактаб, котиби кумитаи ҳизби коммунисти колхози «Бо роҳи сотсиализм» фаъолият кардааст. Соли 1954 аз рӯи лаёқату маҳорати кордонӣ мудири шуъбаи маорифи Файзобод таъйин мешавад, ки дар ин вазифа 7 сол суботкоронаю поквиҷдонона кор мекунад. Ӯ барои саросар фаро гирифтани ҷавонон ба таҳсил, омода намудани кадрҳои таҳсилдидаи соҳибтахассус, мустаҳкам кардани заминаи моддию техникии таълимгоҳҳо ва таъмини мактабҳо бо омӯзгорон саъю кӯшиш карда, ба мақсад мерасад. Дар давраи мудирии ӯ дар деҳаҳои Сарисафедхок, Гумбулоқ, Мискинобод, Обигарм, Дараи Дегдон, Чормағзак, Ҷавонӣ, Арча, Ҷойникӯдӣ мактаҳо сохта шуданд.

Соли 1961, баъди нафақахӯри аҳамияти ҷумҳуриявӣ шудан, то охири умр аз соҳаи маорифу фарҳанг дур набуд. 15 сол раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар ноҳия буд. Бо ташаббуси ӯ дар муассисаҳои таълимӣ, корхонаю идора ва чойхонаҳои ҷамъиятӣ мулоқоту суҳбатҳо гузаронида мешуд, ки ин вохӯриҳо дар тарбияи мардум, махсусан ҷавонон нақши калон мегузошт.

Назир Қурбонов «Пионери фахрӣ»-и мактабҳои ноҳия буд. Борҳо вакили шӯрои Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва маҳаллӣ интихоб шуд. Дар тӯли умри бобаракати худ даҳҳо фарзандони диёрро тарбия намуд, ки дар рушди маорифи ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Хизматҳои ин марди накуном бо орденҳои «Ленин», «Байрақи сурхи меҳнат», медалҳои «Ғалаба бар Германия дар солҳои ҶБВ - 1941-1945», «Барои меҳнати шоён дар солҳои 1941-1945», «20-30-солагии Ғалаба дар ҶБВ - 1941-1945» , «50-60-солагии Қувваҳои мусаллаҳи СССР», «Ветерани меҳнат», «100-солагии В.И.Ленин», чанд Грамотаи фахрии Совети Олии РСС Тоҷикистон, нишони «Аълочии маорифи халқ» ва ифтихорномаҳои зиёде қадрдонӣ шудааст.

Аз вафоти ин инсони наҷибу покниҳод солҳо гузашта бошад ҳам, онҳое, ки замоне бо ӯ ҳамсуҳбату ҳамнафасу шинос буданд, дар сифаташ мегӯянд: «Назир Қурбонов устоди муаллимони Файзобод буд». Имрӯз аз 4 нафар фарзандони Назир Қурбонов 2 нафарашон - акаи Фирдавс ва апаи Зебуннисо барҳаётанд, ки онҳо бо донишмандӣ ва беҳтарин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ гӯё нусхаи падари бузургвори хешанд. Ҳаёти шоистаи Назир Қурбонов чун фидоии касби худ барои ҳамаи мо мактаби ифтихору ибратомӯзист.

НАХУСТИН МУАССИСАИ ХУСУСИИ ТОМАКТАБӢ

бо иқдоми Ҳоҷӣ Ғуломалӣ Ғафуров бунёд меёбад

 

Дар зиндагӣ миёни мо инсонҳое ҳастанд, ки  тамоми фикру андешаи хешро баҳри  ободӣ ва бунёдкориву созандагӣ равона месозанд. Зеро онҳо дар чунин ақидаанд, ки дар назди мардум, дар назди миллат танҳо амали нек пойдор мемонаду бас. Ва танҳо бо зикри амали хайр инсон умри дароз мебинад:

Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро.

Ҳоҷӣ Ғуломалӣ Ғафуров аз ҷумлаи чунин шахсиятҳост. Арзиши андешаҳои ӯ зиёдтар аз  ҳама дар он аст, ки  ҳамеша пайи навҷӯию навоварӣ аст. Дар пайи ин андешаҳо ӯ тасмим гирифт, ки кори сохтмони аввалин боғчаи хусусиро дар ноҳия роҳандозӣ   намояд. Бо ин мақсад ӯ бинои ба вайрона табдилёфтаи собиқ «сехи заргарӣ»-ро, ки мерос аз даврони пуршони Ҳукумати Шӯравист ва  қариб ба ҳолати нобудӣ расида буд, гирифта бо таъмиру тармими он оғоз бахшид. То имрӯз аллакай корҳои асосии таъмиру сохтмонӣ ба анҷом расидааст. Кори болопӯшии бино, шифт ва насби дару тирезаҳо пурра ба анҷом расида, танҳо таъмиру тармим ва рангу бори дарунӣ идома дорад, ки он ҳам дар арафаи анҷомёбист. 

Чунон ки аз суҳбат бо Ҳоҷӣ Ғуломалӣ Ғафуров дарёфтем,  мувофиқи нақшаи дарназардошташуда, то оғози соли нави таҳсил, яъне то моҳи сентябр қисмати аввали  ин муассисаи хусусии томактабӣ наздики  100 нафар кӯдаконро қабул намояд. Муассисаи хусусии томактабии мазкур дорои   шароитҳои навин буда, ҳамаи  имкониятҳо  барои кӯдакон фароҳам оварда мешавад. Баъдан  қисмати дуюми он низ ба истифода дода хоҳад шуд, ки дар ҷамъ то 200 нафар кӯдакон метавонанд қабул карда шаванд. Саҳни бинои боғча низ дорои боғи зебою муҷаҳҳаз бо тамоми шароитҳо барои таълимгирандаҳо хоҳад гардид. Бинои ҳаммом, ҳавзи оббозӣ ва толору машқгоҳҳо барои варзиш ва бозӣ муҳайё мешаванд. Инчунин Ҳоҷӣ Ғуломалӣ Ғафуров изҳор дошт, ки миқдори муайяни ҷой барои кӯдакони оилаҳои камбизоат  ва ятимони кул ҷудо хоҳад шуд, ки  онҳо ба ин муассиса ба таври ройгон қабул ва нигоҳубин карда мешаванд.

Хулоса, нақша ва ниятҳои ин марди кор,   ниҳоят ҷиддӣ ва хайрхоҳонаву саховатмандона аст. Худо кунад, ки ҳамаи ин ниятҳои нек амалӣ шаванду паёмади хубе ба бор биёранд. Зеро диёри файзбори Файзобод ҷавонмардону саховатмандони зиёдеро дар оғӯши худ ба камол расонида аст. Бошад, ки чунин амалҳои нек идома ёбанд.

ҒОЛИБИ «ВАҚТЕ ҚАЛАМ МЕГИРАМ»

Чанде пеш озмуни телевизиони бачагону наврасони Тоҷикистон «Баҳористон» бо номи «Вақте қалам мегирам» ҷамъбаст гардид. Хонандаи синфи 7-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7 Санам Боева дар озмуни мазкур иштирок намуда, ба ҳайси ғолиби он пазируфта шуд. Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ҳангоми ба Санам Боева супоридани Ифтихорномаи ТВ «Баҳористон» ва туҳфаҳои хотиравӣ боварӣ бахшид, ки дар оянда низ ӯ бо донишу маҳорати худ натиҷаҳои намоёнро соҳиб хоҳад шуд.

Ҳамчунин Санам Боева вақти супоридани туҳфа назди ҳозирин аз шеърҳои навиштаи худ чанд порае қироат намуд.

ҲИКОЯТИ МАРДОНИ ШУҶОЪ

Файзулло Наҷмиддинов бо чор таълифоташ («Хотира», «Энсиклопедияи Файзобод», «Файзобод-ёдгори Ориё» ва «Мафтуни қалам») ба зиёиёни китобхон ошност.

Ва акнун дар даст китоби навбатии ӯро дорем, ки «Аскарбачаҳои ҷанги Афғонистон» номгузорӣ шудааст. Китоб дар бораи ватандӯстӣ, садоқатмандӣ, корнамоию ҷонфидоиҳои сарбозони Файзобод, ки ба майдони ҳарбу зарби мардонагии ҷанги Афғонистон бо мақсади барпо намудани давлати демократӣ ва сохтори конститутсионӣ, ҳимоя ва ҳифзи арзишҳои олии инсонӣ, такмили сохтори ҷомеаи шаҳрвандӣ фиристода шуда буданд, ҳикоят мекунад. Даврони шӯравӣ, ки СССР – ИҶСШ (Иттиҳоди ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ) ватани халқҳои ин кишвар ҳисобида мешуд, барои барқароркунии сохти демократӣ қариб ним миллион сарбозону афсарон ба Афғонистон сафарбар шуда буданд. Дар давоми зиёда аз 9 соли давомоти ҷанги ин мулк 15 ҳазор афсару сарбози шӯравӣ қурбон гардида, 60 ҳазори дигар ҷароҳат бардоштанд. Солҳои ҷанги Афғонистон (1979-1989) 9 ҳазор ҷавонони Тоҷикистон хизмати аскарии худро дар ин кишвар адо карданд. Аз Файзобод 130 нафар сафарбар шуда буд. Хушбахтона, ҳамаи онҳо ба ватан баргаштанд. Ва дар соҳаҳои гуногуни ноҳия ва ҷумҳурӣ баробари дигарон кор мекунанду дар тарбияи ҷавонон саҳм мегузоранд.

Ин ва дигар маълумоти фаровонро дар бораи Афғонистони солҳои ҷанг, ва, умуман таърихи давлатдории ин мулк, аз рисолаи «Аскарбачаҳои ҷанги Афғонистон» дарёфт карда метавонед.

Ба китоб доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Урватулло Тоиров сарсухан навишта онро ҳамчун осори дорои аҳамияти тарбиявӣ баҳогузорӣ кардааст.

Муаллиф барои ба даст овардани маълумот аз ҳаёти аскарбачаҳои файзободии ҷанги Афғонистон заҳмати зиёд кашидааст. Қимати китобро боби аввали он «Маълумоте чанд дар бораи Афғонистон» баландтар мекунад.

Дӯстдорони хониш агар китоби нави Файзулло Наҷмиддиновро дастрас намоянд, пас аз варақ гардондан, бешубҳа, хулоса мебароранд, ки «Аскарбачаҳои ҷанги Афғонистон» барои тарбияи ҷавонон дар роҳи ватандорию ватандӯстӣ дастури хубест. Китоб бо теъдоди 500 нусха дар матбааи ҶДММ «Ашӯриён» чоп шудааст.

МЕДАЛИ НУҚРАИ ҲУСНОРО

Боз як муждаи нав аҳли маорифчиён  ва сокинони ноҳияро хурсанд гардонд.

Ҳусноро Низомова, хонандаи соли охири муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами  11-и Элок дар даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявии даставӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик иштирок намуда бо гирифтани 79 бал сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра гардид.

Ин давр рӯзҳои 21-22 апрели соли 2018 дар мактаби байналмилалии президентӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейҳо баргузор гардид, ки  дар он аз ноҳияи мо 7 нафар хонандагон иштирок доштанд. 

Ҳусноро кайҳост, ки ҳамчун хонандаи фаъоли мактабу деҳа шинохта мешавад. Ҳамаи ин муваффақияту пешравиҳояш натиҷаи дилбастагии ӯ ба китоб ва омӯзиш аст. Зеро Ҳусноро аз вақт истифода карданро хуб медонад. Чун  бо ӯ аз хусуси дастовардҳояш суол кардем, ҷавобамон дод, ки  ҳамаи пешравию муваффақияти худро дар заҳмату меҳнати устоди худ медонад. Пирмуҳаммад Холов солҳои тӯлонист, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 аз фанни забону адабиёти тоҷик дарс медиҳад ва шогирдони зиёдеро тарбият кардаву ба камол расонидааст. Борҳо шудааст, ки шогирдони ӯ дар сабқату озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Аз ҷумла Раҷабгул Бобиева, ки имрӯз донишҷӯйи курси сеюми бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, соли 2014 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардида буд. Дар ҳақиқат ҳамаи ин нишони он аст, ки заҳмати ҳақиқӣ барҳадар намеравад ва он подоши худро дорад. Подош, ин ифтихор ва сарбаландии устод аст, ки муваффақияти шогирдро дида рӯҳу тавон мегирад.

Ҳусноро таассуроти худро аз рафти баргузории олимпиадаи мазкур баён намуда изҳор дошт, ки ҷараёни баргузории сабқати даври ниҳоӣ бисёр шаффоф ва дар сатҳи баланд буд.

Дар охир ӯ миннатдории худро ба ҳамаи устодони муассисаи азизаш баён намуда, иброз дошт, ки дар ҳама ҷо ва дар ҳама ҳолат обрӯ ва шарафи муассисаи азизаш ва деҳаву ноҳияашро баланд нигоҳ медорад.

ЛИБОСИ ЯГОНАИ МАКТАБӢ, ЧАРО ТАШКИЛИ ДӮХТИ ОН ДАР НОҲИЯ КАШОЛ МЕЁБАД?

Либосҳои шинам ва хушдӯхт нишон аз маданияти баланди ҳар инсон дарак дода, таҷассумгари зебоию зебоидӯстии ӯст. Яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳам печидае, ки тайи чанд соли охир пешорӯи маорифи кишвар қарор дорад, ин таъмини либоси ягонаи мактабӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар аст. Ҳол он ки ба чунин як иқдоми муҳим рӯ овардани соҳаи маорифи кишвар, ин аз байн бурдани тафриқаи байни хонандагон мебошад. Мувофиқи ҳамаи нишондиҳандаҳои оморӣ суръати афзоиши маҳсулоти аз нахи пахта тайёрмешудагӣ дар ҷумҳурӣ дар қиёс ба ҳамаи солҳои пешин хеле баланд аст. Вале бо ин ҳама масъалаи таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо либосҳои ягонаи мактабӣ ҳанӯз ҳам нигаронкунанда аст. Адади либосҳои истеҳсоли мактабӣ нисбат ба талаботи мавҷуда кам аст, балки сифати либосҳои мактабӣ ҳам ба беҳбудӣ ниёз дорад. Падару модарон онро аз дӯконҳои либосфурӯшӣ бо дили нохоҳам мехаранд, зеро технологияи куҳнашудаи коргоҳҳо ба паст шудани арзиши аслии онҳо имкон намедиҳад, аз ин рӯ нархҳо ба сифати маҳсулот мувофиқат намекунанд.

Имрӯз замони он расидааст, ки намешавад бо тамомӣ ба маҳсулоти воридоти умед баст. Ҳар як навоҳии кишварро зарур аст, ки умедро бештар ба истеҳсоли худӣ бубандад. Ҳалли ин масъала дар ноҳияи мо рӯ ба беҳбудӣ меорад. Корхонаи хизмати маишии ноҳия дар ин самт нақши бештаре дорад. Аллакай ин корхона бо шуъбаи маорифи ноҳия дар ҳаҷми 10000 дона либос барои мактаббачагон қарордод ба имзо расонидааст. Ҳамчунин дар назди муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»  дар  ноҳия бунёди корхонаи хурди истеҳсоли либосҳои мактабӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар арафаи оғози кор аст. Бо назардошти ҳамаи ин умед бар он аст, ки соли ҷорӣ бо либосҳои мактабӣ таъмин намудани як қисмати бештари хонандагони макотиби ноҳия аз ҳисоби истеҳсоли худӣ ба роҳ монда мешавад.

Вале боз ҳам мушкилоти ҷиддие мавҷуданд, ки ҳаллу фасли онҳо кори зиёдеро тақозо дорад. Мақсад ин аст, ки корхонаҳои истеҳсолӣ дар якҷоягӣ бо муассисаҳои таълимӣ робитаро бо падару модарон мустаҳкам намоянд. Зарур аст, ки либосҳои истеҳсолмешудагӣ сифатнок ва 70-75 фоизи он аз нахи пахта иборат бошад. Тарафи дигари масъала, ки он хело муҳим аст, дастрасии волидон ба нархи маҳсулот аст, ки бояд истеҳсолкунандагон ба ин ҷиҳати кор таваҷҷӯҳи бештаре дошта бошанд. Роҳи дигари ҳалли ин мушкилӣ дар сифати баланд ва хушдӯхту шинам будани либос аст, ки он бояд ба синну соли хонандагон мувофиқ бошад. Барои амалӣ гаштани ин пешниҳодот ва ривоҷ ёфтани истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳо масъулин ва бахусус роҳбарони ин коргоҳҳоро зарур аст, ки тарроҳони собиқадору пуртаҷрибаро ба кор ҷалб намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари ҷамъомаду суханрониҳои худ оид ба соҳаи маориф таъкид бар он мекунанд, ки мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки таъмини мактаббачагонро бо либосҳои мактабӣ бо истифода аз захираю имкониятҳои худӣ ва бо қувваи худ ба роҳ монем. Дар ин раванд имконияти ҷамоатҳои деҳотии ноҳия беш аз дигарон аст. Зеро онҳо метавонанд дар назди ҷамоатҳои деҳот коргоҳҳои хурди дӯзандагиро таъсис дода, занҳои ҳунарманд ва соҳибтаҷрибаи деҳотро ба ин кор ҷалб намоянд, ки ин амалкард боз як масъалаи муҳими дигар, яъне бо ҷойи кор таъмин намудани занҳои хонашини деҳотро низ ҳал хоҳад кард. Ҳамин равишро дар муассисаҳои таълимии ноҳия ҳам ба роҳ мондан аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Зеро муассисаҳои таълимӣ замина ва таҷрибаи ташкилу ба роҳ мондани ин корро доранд. Чаро ки дар замони ҳукмронии Давлати Шӯравӣ қариб дар аксари муассисаҳои таълимӣ синфхонаҳои бо дастгоҳҳои дӯзандагӣ таҷҳизонидашуда мавҷуд буд ва дарсҳои омӯзиши дӯзандагӣ таълим дода мешуд. Ҳоло ҳам дар як қисми муассисаҳои таълимӣ ин синфхонаҳо амал мекунанд . Имрӯз низ бо тақозои зарурат имконияти онҳоро барқарор кардану ба роҳ мондан мавҷуд аст. Ҳамаи ин ва дигар омилҳои вобаста ба ин ба он оварда мерасонад, ки масъалаи бо сару либоси мактабӣ таъмин намудани мактаббачагон ҳалли худро ёбад.

Подкатегории