МАОРИФ
НАХУСТИН МУАССИСАИ ХУСУСИИ ТОМАКТАБӢ
- Подробности
-
13 Апр 2018
бо иқдоми Ҳоҷӣ Ғуломалӣ Ғафуров бунёд меёбад
Дар зиндагӣ миёни мо инсонҳое ҳастанд, ки тамоми фикру андешаи хешро баҳри ободӣ ва бунёдкориву созандагӣ равона месозанд. Зеро онҳо дар чунин ақидаанд, ки дар назди мардум, дар назди миллат танҳо амали нек пойдор мемонаду бас. Ва танҳо бо зикри амали хайр инсон умри дароз мебинад:
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро.
Ҳоҷӣ Ғуломалӣ Ғафуров аз ҷумлаи чунин шахсиятҳост. Арзиши андешаҳои ӯ зиёдтар аз ҳама дар он аст, ки ҳамеша пайи навҷӯию навоварӣ аст. Дар пайи ин андешаҳо ӯ тасмим гирифт, ки кори сохтмони аввалин боғчаи хусусиро дар ноҳия роҳандозӣ намояд. Бо ин мақсад ӯ бинои ба вайрона табдилёфтаи собиқ «сехи заргарӣ»-ро, ки мерос аз даврони пуршони Ҳукумати Шӯравист ва қариб ба ҳолати нобудӣ расида буд, гирифта бо таъмиру тармими он оғоз бахшид. То имрӯз аллакай корҳои асосии таъмиру сохтмонӣ ба анҷом расидааст. Кори болопӯшии бино, шифт ва насби дару тирезаҳо пурра ба анҷом расида, танҳо таъмиру тармим ва рангу бори дарунӣ идома дорад, ки он ҳам дар арафаи анҷомёбист.
Чунон ки аз суҳбат бо Ҳоҷӣ Ғуломалӣ Ғафуров дарёфтем, мувофиқи нақшаи дарназардошташуда, то оғози соли нави таҳсил, яъне то моҳи сентябр қисмати аввали ин муассисаи хусусии томактабӣ наздики 100 нафар кӯдаконро қабул намояд. Муассисаи хусусии томактабии мазкур дорои шароитҳои навин буда, ҳамаи имкониятҳо барои кӯдакон фароҳам оварда мешавад. Баъдан қисмати дуюми он низ ба истифода дода хоҳад шуд, ки дар ҷамъ то 200 нафар кӯдакон метавонанд қабул карда шаванд. Саҳни бинои боғча низ дорои боғи зебою муҷаҳҳаз бо тамоми шароитҳо барои таълимгирандаҳо хоҳад гардид. Бинои ҳаммом, ҳавзи оббозӣ ва толору машқгоҳҳо барои варзиш ва бозӣ муҳайё мешаванд. Инчунин Ҳоҷӣ Ғуломалӣ Ғафуров изҳор дошт, ки миқдори муайяни ҷой барои кӯдакони оилаҳои камбизоат ва ятимони кул ҷудо хоҳад шуд, ки онҳо ба ин муассиса ба таври ройгон қабул ва нигоҳубин карда мешаванд.
Хулоса, нақша ва ниятҳои ин марди кор, ниҳоят ҷиддӣ ва хайрхоҳонаву саховатмандона аст. Худо кунад, ки ҳамаи ин ниятҳои нек амалӣ шаванду паёмади хубе ба бор биёранд. Зеро диёри файзбори Файзобод ҷавонмардону саховатмандони зиёдеро дар оғӯши худ ба камол расонида аст. Бошад, ки чунин амалҳои нек идома ёбанд.