Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

МАОРИФ

ШОИСТАИНСОН БУД НАЗИР ҚУРБОНОВ

Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Оре, оне, ки дар зиндагӣ накуном зист, то абад аз ӯ бо некӣ ёд хоҳанд кард ва ӯ сазовори ҳама қадршиносист. Яке аз инсонҳои накуноме, ки тамоми умри худро баҳри хизмати софдилонаи мардуми диёр сарф намудааст, Назир Қурбонов мебошад. Имрӯз ба гиромидошти ин инсони поксиришт бо пешниҳоди сокинони шаҳраки Файзобод ва дастгирии раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ яке аз кӯчаҳои навбунёди маркази шаҳрак ба номи ӯ гузошта шуд. Ин қадршиносӣ моро водор намуд, ки бори дигар ёде аз хизматҳои ин шоистамарди зиндаёд намоем.

Назир Қурбонов дар деҳаи Дубеда таваллуд шуда, маълумоти ибтидоиро дар мактаби куҳнаи деҳа гирифта, баъд аз барқарор шудани сохти шӯравӣ ба интернати давлатии шаҳри Душанбе фиристода мешавад. Ӯ соли 1926 соҳиби маълумоти нопурра мегардад ва фаъолияти омӯзгориаш аз ҳамон давра оғоз мешавад. Он солҳо дар маҳви бесаводии аҳолӣ фаъолона иштирок намуда, дар деҳаҳои дурдаст ба мардум хату савод омӯзонда, бар зидди дастаҳои босмачиён муборизаи беамон мебарад. Соли 1930 дар деҳаи Дубеда барои кӯдакони бесаробону эҳтиёҷманд аввалин интернатро ташкил намуда, чанд сол онро сарварӣ намудааст. Баъдтар, соли 1937, ба Дорулмуаллимини шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дохил шуда, соли 1939 онро бомуваффақият хатм менамояд. Саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ихтиёрӣ ба ҷанг рафта, дар озодкунии шаҳрҳои Полтава ва Харкови Ҷумҳурии Украина аз фашистони истилогар иштирок намуда, пас аз захмӣ шуданаш, соли 1944 ба Ватан бармегардад. Дар солҳои душвори барқароркунии баъдиҷангӣ ба маъюбӣ нигоҳ накарда дар корҳои ободонию бунёдкорӣ, таълиму тарбияи насли ҷавон саҳми сазовор мегузорад. Ҳамчун зиёии пешқадам ва коммунисти матин-ирода яке аз аввалинҳо шуда бо аҳли оила барои обод гардидани водии Вахш ба ноҳияи Куйбишев (ҳозира Абдураҳмони Ҷомӣ) кӯч мебандад. Ин ҷо дар вазифаҳои сарвари мактаб, котиби кумитаи ҳизби коммунисти колхози «Бо роҳи сотсиализм» фаъолият кардааст. Соли 1954 аз рӯи лаёқату маҳорати кордонӣ мудири шуъбаи маорифи Файзобод таъйин мешавад, ки дар ин вазифа 7 сол суботкоронаю поквиҷдонона кор мекунад. Ӯ барои саросар фаро гирифтани ҷавонон ба таҳсил, омода намудани кадрҳои таҳсилдидаи соҳибтахассус, мустаҳкам кардани заминаи моддию техникии таълимгоҳҳо ва таъмини мактабҳо бо омӯзгорон саъю кӯшиш карда, ба мақсад мерасад. Дар давраи мудирии ӯ дар деҳаҳои Сарисафедхок, Гумбулоқ, Мискинобод, Обигарм, Дараи Дегдон, Чормағзак, Ҷавонӣ, Арча, Ҷойникӯдӣ мактаҳо сохта шуданд.

Соли 1961, баъди нафақахӯри аҳамияти ҷумҳуриявӣ шудан, то охири умр аз соҳаи маорифу фарҳанг дур набуд. 15 сол раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар ноҳия буд. Бо ташаббуси ӯ дар муассисаҳои таълимӣ, корхонаю идора ва чойхонаҳои ҷамъиятӣ мулоқоту суҳбатҳо гузаронида мешуд, ки ин вохӯриҳо дар тарбияи мардум, махсусан ҷавонон нақши калон мегузошт.

Назир Қурбонов «Пионери фахрӣ»-и мактабҳои ноҳия буд. Борҳо вакили шӯрои Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва маҳаллӣ интихоб шуд. Дар тӯли умри бобаракати худ даҳҳо фарзандони диёрро тарбия намуд, ки дар рушди маорифи ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Хизматҳои ин марди накуном бо орденҳои «Ленин», «Байрақи сурхи меҳнат», медалҳои «Ғалаба бар Германия дар солҳои ҶБВ - 1941-1945», «Барои меҳнати шоён дар солҳои 1941-1945», «20-30-солагии Ғалаба дар ҶБВ - 1941-1945» , «50-60-солагии Қувваҳои мусаллаҳи СССР», «Ветерани меҳнат», «100-солагии В.И.Ленин», чанд Грамотаи фахрии Совети Олии РСС Тоҷикистон, нишони «Аълочии маорифи халқ» ва ифтихорномаҳои зиёде қадрдонӣ шудааст.

Аз вафоти ин инсони наҷибу покниҳод солҳо гузашта бошад ҳам, онҳое, ки замоне бо ӯ ҳамсуҳбату ҳамнафасу шинос буданд, дар сифаташ мегӯянд: «Назир Қурбонов устоди муаллимони Файзобод буд». Имрӯз аз 4 нафар фарзандони Назир Қурбонов 2 нафарашон - акаи Фирдавс ва апаи Зебуннисо барҳаётанд, ки онҳо бо донишмандӣ ва беҳтарин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ гӯё нусхаи падари бузургвори хешанд. Ҳаёти шоистаи Назир Қурбонов чун фидоии касби худ барои ҳамаи мо мактаби ифтихору ибратомӯзист.