Чт01302025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

МАОРИФ

РУШДИ МАОРИФ БАРЪАЛО БА ЧАШМ МЕРАСАД

Боиси қайд аст, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ мақому манзалати устоду олим хеле боло рафт. Ин ҳама аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва боварию эътимоди ӯ ба кормандони соҳа дарак медиҳад ва тавре  дар баромадҳои худ таъкид менамояд: ”Давлату Ҳукумат ба шумо эътимоди комил дорад, зеро инсоният ба омӯзгор ҳамеша ниёз дошту дорад. Маҳз омӯзгор аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст, ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд”.

Пешвои миллат соҳаи маорифро самти афзалиятнок эълон карда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номиданд. Ба ҳамин далел Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду инкишофи бемайлони соҳаи маориф ва илм, сатҳу сифати донишандӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисосу унвондор таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд.

Аз ин рӯ тайи 26 соли Истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм пешрафти назаррас ба чашм мерсад.   Шуъбаи маорифи ноҳияи мо ҳам  дар даврони Истиқлолияти давлатӣ фаъолияти худро бо мақсади таҳкими ҳадафҳои аслии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-бунёди ҷомеаи мутамаддини демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, дорои иқтисоди пешрафта, тарбияи худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандии хонандагону донишҷӯён, ташаккули шахсияти онҳо, амнияти иттилоотӣ ва рушди зеҳнии ҷавонон ба роҳ монда, баҳри ташкил ва танзими низоми таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёна, тарбияи кадрҳои илмӣ ба манбаи асосии таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони баландсавияи дар бозори меҳнат рақобатпазир табдил додани муассисаҳои таълимию илмии ноҳия ҷаҳду талош менамояд. Соли ҷорӣ ҳамаи 60 муассисаи таҳсилоти умумии ноҳия, МЭКН ва 2 кӯдакистони ноҳия аз рӯи нақша ва барномаҳои таълимӣ мунтазам фаъолият намуданд.

Ба таълиму тарбия 20 573 нафар хонандагон фаро гирифта шуданд, ки нисбати солҳои гузашта зиёд мебошад. Ва теъдоди омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ 1 300 нафарро  ташкил медиҳад.   

Маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи ноҳия сол то сол меафзояд. Дар соли 2017 ба соҳаи маориф 27 245 190 сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба соли 2016 ин нишондод 2 096 997 сомонӣ зиёд мебошад.

Бо мақсади баланд бардоштани донишҳои назариявӣ, маҳорату малакаи хонандагон, тибқи Стандартҳои фаннӣ, низоми таълими салоҳиятнокӣ дар синфҳои ибтидоӣ, фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, технология ва математика ҷорӣ карда шуд.

Бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи дарёфт ва рушди истеъдодҳо” қабул гардида, тибқи он дар ноҳия Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо таъсис дода шуд. Кор бо хонандагони қобилиятнок ривоҷ ёфта, сол то сол теъдоди иштирокдорон ба олимпиадаҳои фаннӣ афзуда истодааст.

Дараҷаи донишазхудкунии хонандагон ва сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ сол аз сол беҳтар гардида истодааст. Аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ 800 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гаштаанд. Тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 нафар, аз ҷумла 11 нафар духтарон донишҷӯи  муассисаҳои олӣ  гардиданд.

Боварӣ ба он дорем, ки маорифчиёни ноҳия дар  баланд бардоштани сифати таълиму тарбия пайваста кӯшиш намуда, баҳри  ободию гулгулшукуфии ватани азизамон, Тоҷикистони ободу соҳибистиқлол саҳми босазо мегузоранд.