МАОРИФ
МАРКАЗИ НАВИ ЗАБОНОМӮЗӢ НАВРАСОНИ МОРО ЗАБОНДОН МЕКУНАД
- Подробности
-
06 Сен 2019
Таъсиси марказҳои нави таълимӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ барои сокинони маҳал падидаи нек аст. Тобистони имсол наврасони ноҳияи мо ҳам ба таълими иловагӣ фаро гирифта шуданд. Бо кӯшишу ғайрати беандозаи муаллимаҳо Расоева Заррина Самадовна ва Убайдова Тамано Ҳикматуллоевна дар шаҳраки Файзобод маркази омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ва арифметикаи зеҳнӣ таъсис ёфт.
Сар аз 15 июли ҳамин сол шавқмандони забонҳои мазкур дар ин ҷо ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. Айни ҳол дар маркази омӯзишӣ 42 нафар дар 9 гурӯҳ, 2 гурӯҳ забони русӣ, 5 гурӯҳ забони англисӣ ва 2 гурӯҳ арифметикаи зеҳнӣ пайи омӯзишанд. Омӯзиш дар ин махзани дониш шартномавист ва он 250 сомониро дар бар мегирад. Лек муассисон ҷиҳати боз ҳам сабукӣ овардан ба волидайни хонандагон тасмим гирифтаанд, ки ба нафарони аз ду фан таҳсилкунанда ва ашхоси аз як оила ду нафар таълимгиранда дар ҳаҷми 200 сомонигӣ шартнома банданд. Ба гуфтаи масъулин рӯз аз рӯз шумораи омӯзандагон дар маркази онҳо зиёд шуда истодааст. Лекин барои пурра ба омӯзиш фаро гирифтани ҳамаи хонандагон ба онҳо имконият даст намедиҳад. Аз ин лиҳоз ният доранд, ки дар оянда бо пайдо гардидани имконияти мавҷуда теъдоди зиёди хонандагонро ба таълим фаро гиранд.
Ба ҳар сурат маркази омӯзишии мазкур дар ноҳия айни ҳол ягона аст. Ва он метавонад ба забономӯзии наврасони диёр шароити мусоид фароҳам оварад. Аз ин лиҳоз онро метавон падидаи нав арзёбӣ намуд.
Собир РОЗИҚОВ “НФ”.